Аз нишастҳои матбуотӣ

Таҳияи филми нав дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»

№24 (4607) 13.02.2023

САФИНА (4)- Тибқи сеткаи барномаҳо дар шабака 57 барнома мунтазам дар жанрҳои гуногун таҳия ва пешниҳоди бинанда карда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаҳои нави «Дари умед», «Соядаст», «Чарх бизан», «Чеҳраи ноошно», «Хати зиндагӣ», «Дар саҳро», «Нақш», «Ганҷур», «Олиҳа» ва «Асрор» рӯи кор омаданд. Ин барномаҳо аллакай доираи бинандаҳои худро пайдо кардаанд ва мунтазам таҳияву пахш мегарданд, — иброз намуд директори муассиса Носир Саидов 8- уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда зикр кард, ки ҳамкориҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бо шабакаҳои телевизионии хориҷӣ сол то сол тақвият меёбанд. Аз ҷумла, шабака дар ҳамкорӣ бо телевизиони давлатии «KBS»- и Ҷумҳурии Корея дар бораи тарзи ҳаёти «Бабри барфӣ» филми мустанадро таҳия намуд, ки тариқи ин телевизион пахш гардид. Соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо студияи «Hong Pictures» — и Ҷумҳурии Корея наворбардории филми мустанади муштарак оид ба ҳаёти қутосҳои ваҳшӣ ва дигар ҳайвоноти нодир дар нақша аст.

Соли 2022 коргардони муассиса Усмон Юсуфов филми бадеии «Ситора»-ро бо давомнокии 1 соату 10 дақиқа наворбардорӣ кард, ки нахустнамоиши он рӯзҳои наздик ба нақша гирифта шудааст. Идораи таҳия ва дуб­ляжи филмҳо соли сипаришуда шаст филми бадеиро дар ҳаҷми зиёда аз 5911 дақиқа дар мавзӯъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардонид. Ғайр аз ин, кормандони қисми таҳияи идора барномаҳои «Қисмат» ва «Ёддошт» — ро 20 маротиба пешкаши бинандагон гардониданд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

«Садои мардум»