Аз нишастҳои матбуотӣ

Таҷҳизот барои тавлиди неруи барқ дар муассисаҳои таълимӣ

№№6(3643) 21.01.2017

Муҳлати татбиқи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди  маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» (марҳилаи III), ки якуми июни соли 2014 оғоз ёфт, якуми  июни соли равон ба итмом мерасад. Директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағ­гузории Тоҷикистон (БМИМТ) Шералӣ Сиддиқзода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ҳадаф аз ин барнома беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ ва миёна  дар ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Вахш, Сарбанд, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Кӯлоб, Шамсиддин Шоҳин ва Мӯъминобод мебошад.

- Дар доираи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳа  иваз кардани 14 бинои фарсудаи муассисаҳои таълимӣ ба биноҳои наву ҳозиразамон ва аз ҷиҳати харҷи энергетикӣ нисбатан каммасраф пешбинӣ шудааст, — гуфт Шералӣ Сиддиқзода. — Биноҳои таълимии нав бо мебелҳои мустаҳками босифат муҷаҳҳаз гардонида, бо неруи барқ ва шабакаи  гармидиҳии муосир, ки  аз лиҳози экологӣ тозаанд, таъмин мешаванд.

То ин дам аз ҷониби БМИМТ дар  деҳаи Чоргули ноҳияи Фархор муассисаи нави таълимӣ иборат аз ҳашт синфхона, ҳуҷраи директор, хонаи муаллимон ва ҳуҷраи либосовезӣ сохта шуд. Дар он 20 коллектор ва 16 панел (лавҳ)- и офтобӣ барои тавлиди неруи барқ насб гардидааст.

Тибқи Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасох­тори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои  минтақаи Рашт» дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод сохтмони 12 муассисаи таълимии дуошёна пешбинӣ шудааст. Бо татбиқи барномаи мазкур, ки 1 апрели соли ҷорӣ ба итмом мерасад, шароити таҳсили хонандагон беҳтар мегардад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»