Аз нишастҳои матбуотӣ

Таваҷҷуҳ ба таҷрибаомӯзӣ зиёд аст

№95 (4357) 22.07.2021

DSC_568815 июни соли 2021 дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд. Ректори он, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Тоҳир Хоҷазода ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои муфассал дод.

Маълум гардид, ки дар соли нави таҳсил донишгоҳ узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё шуда, айни ҳол бо 171 донишгоҳҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Зикр шуд, ки соли равон 14 шартномаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Латвия ба имзо расид.

Роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки ҳар сол донишгоҳро 1200 — 1300 донишҷӯ хатм мекунанд ва 70 фоизи онҳо бо ҷои кор таъмин мешаванд.

Раёсати донишгоҳ ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ин марҳила дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21, 1, 53, литсейи №2-и шаҳри Душанбе ва МТМУ-и назди донишгоҳ гузаронида мешавад.

Донишҷӯёне, ки дар равияи журналистика таҳсил мекунанд, дар рӯзномаи «Студенческие вести», «ТВ — студия» ва «Радиолаборатория» таҷриба меомӯзанд. Донишҷӯёни самти ҳуқуқ таҷрибаомӯзиро дар клиникаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ ва Маркази илмӣ — тадқиқотии муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризми ­назди донишгоҳ сипарӣ менамоянд. Дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» соли 2020 факултети табиӣ ташкил шуд. Он аз кафедраҳои химия, биология, математика, физика, информатика ва технологияҳои информатсионӣ иборат аст. Вобаста ба ин дар бинои асосии донишгоҳ озмоишгоҳи илмӣ — биологӣ ифтитоҳ шуд.

Н. ТИЛЛО,

 «Садои мардум»