Аз нишастҳои матбуотӣ

Теъдоди занони роҳбарикунанда афзуд

№93 (4199) 04.08.2020

АГЕН ХИЗ ДАВ (1)- Мувофиқи таҳлили оморӣ, шумораи хизматчиёни давлатӣ то 1 июли соли 2020 — ум 18562 нафар — занҳо — 4355 нафар ё 23,4 фоиз, ҷавонони то 35 — сола 8251 нафар ё 44,4 фоизро ташкил додааст. Синну соли миёнаи хизматчиёни давлатӣ ба 38,4 баробар аст. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 нафар коҳиш ёфта бошад ҳам, теъдоди занони роҳбарикунанда 22 нафар афзуд, — иттилоъ дод директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷумъа Давлатов, зимни нишасти матбуотӣ, ки 30 июли соли ҷорӣ баргузор шуд.

Қайд гардид, ки вобаста ба озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, татбиқи кафолатҳои иҷтимоӣ, амали шахсони мансабдор, таъмину барқарор кардан бо ҷои кор, ҷобаҷогузории кадрҳо ва ғайра, дар нимсолаи аввал аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо 2230 мавод ва аз ҷониби шаҳрвандон 164 муроҷиати хаттӣ ворид ва сари вақт баррасӣ гардиданд.

Назар ба қавли Ҷумъа Давлатов, дар нимсолаи якуми соли 2020 Агентии хизмати давлатӣ лоиҳаи 7 санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия намудааст, ки дутои он қабул гардидааст. Ду санад барои баррасӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 санад ба вазорату идораҳо фиристода шуд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ, аз 1386 хизматчии давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 1242 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ ва 144 кас, аз ҷумла — 10 зан, ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ гардиданд.

Зикр шуд, ки аз соли 2009 бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил шудааст. Дар натиҷаи ҳамкориӣ солҳои 2010 — 2019 онро 676 хизматчии давлатӣ хатм намудаанд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»