Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳуҷҷатҳои қалбакии ошкоршуда барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол шуданд

№24 (4607) 13.02.2023

Аген Наз дар сохаи МАОРИФ (1)Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар теъдоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон қариб як миллион афзоиш ёфт. Соли 1991 дар ин муассисаҳо агар 1 миллиону 325 ҳазор нафар хонанда буд, ин нишондиҳанда айни ҳол ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар баробар шудааст. Дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон 3430 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар 70 соли даврони шӯравӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Тибқи маълумоти оморӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 4866 муассисаи таълимӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 158 ҳазору 293 омӯзгор ва мураббӣ фаъолият мекунанд. Аз ин теъдод 100 ҳазору 618 нафар, ё 64 фоизашонро занҳо ташкил мекунанд.

Ин рақамҳо зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли ҷорӣ баён гардид. Директори ин ниҳод Икром Субҳонзода дар оғози нишаст ба хабарнигорон дар бораи рушди маориф ва фаъолияти кормандони агентӣ маълумот дод.

Қайд гардид, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи назорати давлатиро дар соҳаи маориф пеш бурда, ҳамзамон ҷараёни таълиму тарбия, сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисони соҳа ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимиро арзёбӣ мекунад.

Соли 2022 агентӣ ва воҳидҳои сохтории он тибқи нақшаи корӣ 943 аттестатсияи давлатӣ, 571 аккредитатсияи давлатӣ, 20 азнавбарасмиятдарории такрорӣ, 15 қатъ ва бозхонди иҷозатнома, 331 ташхиси иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ ва дигар навъи санҷишҳоро ба анҷом расонид.

Дар давраи ҳисоботӣ, зимни гузаронидани ташхиси ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ, ки барои эътироф ва муайян кардани баробарарзишӣ пешниҳод гардиданд, 11 ҳуҷҷати қалбакӣ ошкор гардида, тибқи талаботи муқарраргардида ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои чораҷӯӣ пешниҳод карда шуд.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»