Аз нишастҳои матбуотӣ

Варзоб. Ташрифи сайёҳон коҳиш ёфт

№89 (4195) 23.07.2020

ВАРЗОБАз гузориши раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ (20 июл) маълум гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо ­дарназардошти андози иҷтимоӣ 100,4 фоиз ва қисми хароҷот 96,2 фоиз иҷро гардидааст. Вале дар соҳаи саноат ба маблағи 12 миллиону 790 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол  шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 9 миллиону 737300 сомонӣ кам мебошад. Сабаби асосии кам гардидани маҳсулоти саноатӣ ва зиёдшавии бақияпулӣ дар соҳаҳои гуногуни ноҳия ба пайдоиши бемории сироятии коронавирус COVID — 19 ва қисман фаъолият накардани корхонаҳо алоқаманд аст.

Кишоварзони ноҳия нимсолаи аввали соли 2020 — ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 26 миллиону 120700 сомонӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 416200 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 47 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар 9,21 га ошкор ва аз ин ҳисоб 33 402 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.

Ноҳияи Варзоб дорои 25 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъмории аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта мебошад, ки дар Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ноҳия 958 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 65 адад минтақаҳои истироҳатии оммавии мавсимӣ  мебошанд. Фаъолияти қисме аз иншооти муҳими сайёҳӣ, аз ҷумла, «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб — Плаза», «Гулобод», «Гули майда» ва ­Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» доимӣ буда, дар онҳо барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ шароити замонавӣ фароҳам аст. Дар шаш моҳи соли равон ба минтақаҳои сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия 8018 сайёҳи дохилӣ ва 1864 сайёҳи хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 546857 сомонӣ ворид гардидааст. Ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 — ум 497393 сомонӣ кам мебошад. Сабаби кам гардидани шумораи сайёҳон пайдоиши бемории сироятии коронавирус COVID — 19 мебошад.

Раиси ноҳия, ҳамчунин, оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои савдо, хизматрасонии пулакӣ, таъмини саривақтии музди меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш, шуғли меҳнат ва касбомӯзӣ, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии содиршавии ҷиноят ва мубориза бар зидди ифротгароӣ маълумоти муфассал дод.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»