Аз нишастҳои матбуотӣ

Ярмаркаҳои доимоамалкунанда баландшавии нархҳоро бозмедоранд

№89 (4195) 23.07.2020

 DSC_6109Дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар, Иди байналмилалии Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон аз 18 то 24 майи соли равон ярмаркаҳои доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд. Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусейн Идиев 21 июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки баргузории ярмаркаҳои доимоамалкунанда то андозае баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзиро ­бозмедоранд.

Зикр шуд, ки ҳоло дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ се сардхона, аз ҷумла, дар шаҳри Исфара (бо ғунҷоиши 350 тонна), ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (250 тонна) ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (1500 тонна) фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, сохтмони боз як сардхона дар шаҳри Душанбе бо ғунҷоиши 1000 тонна ба нақша гирифта шудааст.

- Дар шаҳри Душанбе чор анбори нигоҳдории молу маҳсулот дар масоҳати 3120 метри мукааб бо ғунҷоиши 2000 тонна азнавсозӣ карда шуда, барои захираи маҳсулот омода мебошанд. Захиракунии маҳсулот тирамоҳ оғоз мешавад. Таҷриба нишон дод, ки сардхона барои нигоҳдории картошка чандон мусоид набудааст. Аз ин рӯ, картошка чун солҳои қаблӣ дар анборҳои ноҳияҳои Рашту Лахш ва шаҳри Истаравшан ба таври табиӣ нигоҳдорӣ хоҳанд шуд. Бо истифода аз ин усул сифати маҳсулот беҳтар ҳифз мешавад,- гуфт Ҳусейн Идиев.

Дар 6 моҳи соли равон бо сарфи 6,6 миллион сомонӣ бархе аз иншооти соҳа таъмиру азнавсозӣ шуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Балҷувон сохтмони бозори марказӣ, дар шаҳри Кӯлоб таъмири бозори марказӣ, дар ноҳияи Мастчоҳ азнавсозии тӯйхона ва чойхона ба итмом расид.

Алҳол дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Восеъ, Муъминобод, Ховалинг, Қубодиён, Носири Хусрав ва Шаҳритузу Мастчоҳ сохтмону азнавсозии бозору марказҳои савдою хизматрасонӣ идома доранд. Барои амалӣ намудани нақшаҳо харҷи 20 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»