Аз нишастҳои матбуотӣ

Завқӣ Завқизода: «Рушди ММД 3,5 фоиз-ро ташкил дод»

№94 (4200) 06.08.2020

50169988911_b664ed76a4_oВазири  рушди иқтисод ва савдои мамлакат Завқӣ Завқизода дар нишасти матбуотие, ки 3 августи соли равон доир гардид, ба хабарнигорон  маълумоти муфассал ироа намуд. Бино ба гуфти ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2020 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 32,4 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил додааст. Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз, аз ҷумла, дар меҳмонхонаҳо — 45,3, тарабхонаҳо — 17,3, мусофиркашонӣ — 8,7, гардиши савдо — 5,2 , маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ  4,6 фоиз коҳиш ёфт.

Зикр шуд, ки нархи ҷаҳонии пахта нисбат ба аввали сол 197 доллари ИМА ва алюминий 104 доллари ИМА паст шуд, ки ин ба ҳаҷми содирот таъсири манфӣ расонид.

Ҳаҷми воридот аз давлатҳои ҳамшарики асосии тиҷоратӣ, ба монанди Ҷумҳурии Халқии Хитой 18,3 фоиз, Туркия — 22,2 , Япония  — 43, Украина — 52,3 ва Эрон 11,7 фоиз кам гардид.

Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби маблағ ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани таъсири иқтисодию иҷтимоии пандемияи коронавирус бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд гуфтушунидҳо гузаронида, натиҷаи қаноатбахш  ҳосил шуд.

Барои мисол, аз Хазинаи байналмилалии асъор 189,5 млн. доллар қарзи бефоиз, Бонки осиёи рушд 50 млн. доллар, Бонки ҷаҳонӣ 11,3 млн. доллар, Бонки исломии рушд 9,4 млн. доллар  ва Ҳукумати Олмон 1 млн. евро грант ҷалб  гардид .

Айни замон гуфтушунид ҷиҳати ҷалби гранту қарз аз Бонки осиёи рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди авруосиёгии рушд, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки осиёии сармоя­гузории инфрасохторӣ идома доранд.

Вазир аз он қаноатманд аст, ки ҷиҳати иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои дахлдор амалӣ гардиданд. Дар моҳҳои январ-июни соли 2020-ум 83 корхонаи нави саноатӣ бо 1135 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар нимсолаи якуми соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 13137,0 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 9,2 фоизро ташкил дод.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»