Ҳамдардии Пешвои миллат нисбат ба даргузашти Давлатманд Холов

№23 (4763) 19.02.2024

 Шаби 18-уми феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 74-солагӣ вафот кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бисёр арзиш­манди Давлатманд Холовро дар рушди ­санъати сарояндагӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри фалак, таъкид карда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён карданд.

www.prezident.tj