Мулоқот бо муовини Сарвазири Туркманистон Аннагелдӣ Язмуродов

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

DSC_0540-ТурманистонДар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазири Туркманистон Аннагелдӣ Язмуродов, ки 9 июни соли 2015 баргузор шуд, масоили вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии судбахши ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, нақлиёт, боркашонӣ, обу энергетика, маориф ва фарҳанг зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки барои татбиқи босамари санадҳои миёни ду кишвар имзошуда ва қарорҳои комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд саъю кӯшиши бештар ба харҷ дода шавад.

Изҳори бовар карда шуд, ки бо фаъол гардидани роҳи оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркма-нистон робитаҳои ду кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид мегарданд.

Ҳар ду ҷониб ба густариши минбаъдаи муносиботи гуногунпаҳлуи судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.

www.president.tj