Ҳабдаҳуми феврали соли 2023 дар робита ба оқибатҳои фоҷиабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов низ номаи ҳамдардӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Хабари талафот ва захмӣ гардидани одамон, ҳамчунин харобиҳои зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари фаромадани тарма боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар ин лаҳзаи душвор хоҳишмандам аз номи Халқ Маслаҳатии Туркманистон ва ҳамчунин шахсан аз номи худам суханони ҳамдардӣ ва дастгирии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамзамон таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед».
www.president.tj