Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон

№106 (4689) 28.08.2023

53140192986_809bafdfc6_o25-уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Остона — пойтахти ин кишвар ворид шуданд.

Бо нишони эҳтироми баланд ва самимияти хос меҳмони олиқадр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии меҳмони олимақом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳи шаҳри Остона бо парчамҳои ҳарду давлат идона ороста шуда буд.