Шиносоӣ бо Корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ дар шаҳри Кӯлоб

№116-117 (3417-3418) 01.09.2015

ширАз маҳалли бунёди бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи кор ба Корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ ташриф овард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳи коркарди шир, ки бо хати нави технологӣ муҷаҳҳаз шудааст, бо пахши тугма ба фаъолияти он асос гузошт.

Дар ин коргоҳ 12 нафар занону духтарон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуда, дар як шабонарӯз 10 тонна шир коркард ва бештар аз даҳ номгӯйи маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла қаймоқ, творог, маска, ёгурт, чакка, дуғоба ва дигар маҳсулот истеҳсол мешавад,  ки дар бозори худи шаҳри Кӯлоб ба он талабот зиёд аст.

Маҳсулот барои коркард, тибқи шартномаи тарафайн аз ҳисоби хоҷагиҳои чорводории ноҳияҳои вилоят ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб қабул мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин коргоҳ барои беҳтар кардани сифати маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли шир, дорои озмоишгоҳ, анбори калони нигоҳдории маҳсулот мебошад ва  аз ҷониби  роҳбарияти  «Комбинати шири Душанбе» дар ҳаҷми 285 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо харҷи зиёда аз 2 миллиону 193 ҳазору 750 сомонӣ таҷҳизоти муосири соҳавӣ ворид ва васлу насб гардидааст.

Корхона аз ҳафт коргоҳи истеҳсолӣ иборат буда, фаъолияти ҳар кадоми он ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум равона шудааст.Тавре маълум гардид, бо ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти аълосифат низ афзун мешавад.

Комбинати шири шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ шуда, бо хатҳои нави технологӣ таъмин гардидааст, ки дар он истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, ширӣ ва обҳои ранга ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат бо шароити кори ин коргоҳ низ аз наздик шинос шуда, ба коргарон барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, рақобатпазир ва воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо дод.

То ин муддат дар Корхонаи шири шаҳри Кӯлоб танҳо маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешуду халос ва дар он шумораи ками сокинон фаъолият мекарданд. Бо кашонидани хатҳои нави технологӣ акнун 80 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Корҳои таъмиру азнавсозии биноро сохтмончиёни маҳаллӣ ба итмом расонидаанд ва ин як тадбири муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ дар маҳалли зист мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватандӯст барои ин кори нек изҳори сипос намуд ва дастур дод, ки барои дастрас кардани шири хушсифат бо аҳолӣ ҳамкории зичу пурсамарро ба роҳ монда, ҳар чӣ бештар маҳсулоти хушсифат ва ба талаботи бозор ҷавобгӯй истеҳсол намоянд.

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб идома дорад. Дар назар аст, ки нимаи дуюми рӯзи 31 август Сарвари давлат дар тантанаҳои идона ба хотири 700 – солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Боғи марказии фарҳангӣ, фароғатӣ иштирок ва суханронӣ менамояд.

 

www.president.tj