Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

№12 (3962) 29.01.2019

25 январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, бобати доираи васеи мавзӯъҳои мубрами дорои моҳияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

www.president.tj