Таъиноти кадрӣ

№№11 (4907) 24.01.2025

23-юми январи соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи бандҳои 8 ва 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани ризоият барои аз вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини прокурори генералӣ — сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон озод намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаш­тан, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, барои ба вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ба вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло ирсол гардид.

Мутобиқи моддаҳои 18 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Чиллазода Қарахон ва ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ирсол шуд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал бароварда шуд. Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим аз вазифаи муовини якуми вазири мудофиа — сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда шуд. Саидзода Бобоҷон Абдуқодир, ки то ин вақт муовини вазири мудофиа доир ба ақибгоҳ буд, аз ин вазифа озод ва муовини якуми вазири мудофиа — сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Шералӣ Мирзо аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва  сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Исфандиёри Саъдулло сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафарзода Хуршед Сафар сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

www.prezident.tj