Ғанигардонии орди гандум, яъне чӣ?

№10 (3804) 25.01.2018

cbcfd515ec13068503b3712962c141aaЯке аз олимони машҳури асри ХХ Алберт Эйнштейн гуфта буд: «Метарсам аз он айёме, ки нонро аз нафт тайёр кунанд». Тарси мо аз он аст, ки чунин рӯз метавонад   наздик бошад…

Чандест, ки дар матбуоти ҷумҳурӣ масъалаи ғанигардонии баъзе аз намудҳои озуқа, аз ҷумла орд, мавриди баҳс қарор гирифтааст. Соли 2016 дар ин бобат  бо дастгирии USAID ва Алянси глобалӣ оид ба беҳдошти ғизо (GAIN) пажӯҳишҳо низ гузаронида шудаанд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов гуфтааст, ки лоиҳаи нави қонун марбут ба ғалла, орд ва маҳсулоти ордӣ таҳия ва боби алоҳидаи он ба ғанигардонии ҳатмии орд бахшида шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дастгирӣ ёфтааст.

Қаблан чунин лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи вакилон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод, вале рад гардидааст.

Дар робита, сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Таваккал Маликов изҳор намудааст, ки масъала ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Вале чӣ гуна? Чӣ боис гардид, ки ба таркиби маҳсулоти гандумӣ- ғизои аввалину муҳимтарини инсон тағйирот ворид гардад? Магар дар таркиби гандум дигаргунӣ ба вуҷуд омадааст? Ё дигаргуниро худи мо — истеъмолкунандагон ба вуҷуд оварданием?

Сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шералӣ Раҳматуллоев гуфтааст:

- Витамину минералҳо асосан дар пӯст ва бархе аз қисматҳои дигари гандуманд, ки мо онро ба чорво медиҳему боқимондаашро, ки микроэлементҳои муфид кам дорад, истеъмол мекунем.

Барои мо пӯшида аст, ки ғанигардонии маҳсулоти гандумӣ дар ҷаҳон нахуст аз ҷониби кӣ  пешниҳод гардидааст ва ҳадафи аслӣ аз ин амал чист? Аммо, пас аз шинос шудан бо таркиби зироати рақами 1-и башарият ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин ҷо сирре шояд ниҳон бошад.

- Онҳое, ки таркиби ордро ғанӣ гардонидан мехоҳанд, онро ба асос гирифтаанд, ки дар таркиби ғизои аҳолии мамлакат норасоии элементҳои оҳан ва рӯҳ ба назар мерасад, — мегӯяд директори Пажӯҳишгоҳи «Гастроэнтерология», академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсуддин Мироҷов, вале таъкид менамояд, ки тарзи дурусти орд кардани гандум метавонад ин масъаларо худ аз худ аз байн бубарад.

Ба маълумоти дар дунё паҳнгардида дар бораи гандум таваҷҷуҳ мекунем:

Дар таркиби ин зироат  аз 11,6 то 12, 5% сафеда, қариб 60% ангиштобҳо,1,5 % равғанҳо, равғанҳои эфирӣ, гемиселлюлоу, ғоз, крахмал, пектин, глюкоза, фруктоза, лактоза, малтоза, рафиноза, витаминҳои Е, F, В1, В2, В6, С, РР, каротин, ниатсин, холин, биотин, фолатсин, макро ва микроэлементҳои  калий, калтсий, кремний, магний, натрий, олтингӯгирд, фосфор, хлор, алюминий, бор, ванадий, оҳан, йод, кобалт, манган, мис, молибден, никел, қалъагӣ, селен, нуқра, стронсий, титан, хром, рӯҳ, сирконий, ҳамчунин 3,4%  аминокислотаҳои ивазнашаванда (валин 520, изолейсин 470, лейсин 860, лизин 360, метионин 180, треонин 390, триптофан 150, фенилаланин 500) ва 8,4% аминокислотаҳои ивазшаванда (аланин 460, аргинин 610, кислотаи аспарагин 670, гистидин 350, глисин 470, кислотаи глютамин 3350, пролин 1290, серин 600, тирозин 370, систин 230) мавҷуданд.

Қисмати аз ҳама манфиатноки гандум  ҷанини он аст, ки аз микроэлементҳо ва равғани ҷанини барои организм басо манфиатнок  бой мебошад.

Шиносоӣ бо таркиби гандум ва хусусиятҳои элементҳои таркиби он андешаи олими барҷаста Ғ.Мироҷовро тақвият мебахшад. Пас, чӣ ҳоҷат аст, ки мо ба таркиби ин ғизои муқаддас микронутриентҳоро, ки дар ҷумҳурии мо истеҳсол намегарданд ва таркиби онҳоро зери назорат гирифтан дар шароити кунунӣ имконнопазир аст, илова намоем?

Солҳост, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  истеҳсоли доруҳои наботӣ, даст кашидан аз поливитаминҳо ва истеъмоли онҳоро дар таркиби маҳсулоти табиӣ тавсия медиҳад. Аҷаб аст, ки бархе ин тавсияҳоро нодида мегиранд. Дар ҳоле ки  тавассути иловагиҳои ғизоӣ ба таркиби нон роҳ ёфтани на танҳо витамину микроэлементҳои безарар, балки маҳсулоти трансгенӣ ё организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда низ  аз эҳтимол дур нест.

- Мо лабораторияе надорем, ки маҳсулоти GМО– дорро  муайян намоем. Имрӯз барои воридшавии  чунин маҳсулот ба мамлакат монеае вуҷуд надорад. Барои пешгирии ин ҳолат дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ ё «Тоҷикстандарт» барои муайян намудани маҳсулоти трансгенӣ лаборатория бунёд намудан зарур аст, — таъкид менамояд академик Ғиёсуддин Мироҷов.

Яке аз журналистони машҳури Россия, муаллифи даҳҳо китоби илмӣ, барандаи намоиши «Фарзияҳои моту мабҳуткунандатарин» («Самые шокируюшие гипотезы»)-и шабакаи «Рен ТВ» Игор Прокопенко дар бобати лоиҳаҳои мубориза бар зидди гуруснагӣ дар минтақаи Африка, ки ба озмоишгоҳи воқеии ҳар гуна доруву дармон ва ғизоҳои ғанигардондашудаи корпоратсияҳои Ғарб табдил ёфтааст, чунин мегӯяд: « Агар ғизоҳои ғанигардонидашуда кумак мекарданд, дар минтақаи Африка гуруснагӣ боқӣ намемонд!»

Пас, чаро мо — тоҷикон дилпур бошем, ки чунин маҳсулот ба мо кумак мекунад?!

Тавре зиндагӣ собит намудааст, аксар лоиҳа ва қонунҳое, ки бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ таҳия мегарданд, пеш аз ҳама, ба мақсаду маром ва ҳадафҳои онҳо созгоранд. Баъзан ҳадафҳоро ошкор кардан имконнопазир аст ва онҳо метавонанд даҳшатнок ҳам бошанд. Даҳшати бузургтарин кӯшиши то 50 дар сад кам кардани аҳолии Замин аз ҷониби як гурӯҳ сарватмандон аст, ки яке аз роҳҳои амалӣ намудани он истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла GMO-дор ва трансгенӣ низ буда метавонад. Беҳуда нест, ки пас аз паҳншавии ин маҳсулот аз тарафи истеҳсолкунандаи бузургтарини он-ширкати  «Мансанта» теъдоди нав­зодоне, ки мағзи сарашон нодуруст инкишоф меёбад, 70 маротиба зиёд гардида, шумораи гирифторони бемориҳои алтсгеймер ва аутизм афзудааст. Айни ҳол, беш аз 20 ҳазор нафар сокини ИМА  гирифтори бемории ғайриодӣ ва табобатнашаванда бо номи «Бемории марғелонӣ» мебошанд, ки яке аз намудҳои аллергия ба шумор рафта, дар бадани бемор риштаҳо пайдо мешаванд. Аввалин гирифторони ин беморӣ дар Федератсияи Россия низ ба қайд гирифта шудаанд. Маҳсулоти трансгениро сабаби безурётшавӣ ва бемориҳои саратонӣ низ медонанд.

Норасоии ғизо имрӯз ба ҳадде нест, ки бо иловаҳои шубҳаноки ғизоӣ ояндаи худро зери хатар гузорем.

- Мо — тоҷикон нонро зиёд истеъмол менамоем, — дар яке аз мусоҳибаҳояш таъкид намуда буд Ғ.Мироҷов. Ин танҳо аз танбалист. Дар Тоҷикистон он қадар маҳсулоте мавҷуд аст, ки агар онҳоро истеъмол намоем, ба нон қариб эҳтиёҷ намемонад. Лӯбиё, нахӯд, мош, наск нонро иваз карда метавонанд. Бар замми ин, ман борҳо таъкид намудаам, ки сабӯс аз таркиби орд ҷудо карда нашавад. Дар он ҳолат ҳеҷ гуна ғанигардонӣ лозим намешавад. Сабӯс  ҳам ғизост, ҳам дармон. Ноне, ки дар таркибаш сабӯс мавҷуд аст, ҳам болаззат мешавад, ҳам манфиатовар.

ҳамчунин, сабӯс беҳтарин восита барои муътадил нигоҳ доштани вазн ва лоғаршавӣ аст. Ғози таркиби гандум низ манфиатнок аст. Кори рӯдаҳоро муътадил сохта, ба равған табдил ёфтани шириниҳо ва ангиштобҳоро пешгирӣ менамояд. Пектинҳо бошанд, моддаҳои зарарноки рӯдаҳоро ҷабида, пӯсидашавиро  пешгирӣ мекунанд ва ба сиҳатёбии пардаи луобии рӯдаҳо мусоидат менамоянд, ба шарте ки дар таркиби  орд онҳоро нигаҳ дошта тавонем. Барои ин шояд зарур аст, ки дар таҷҳизоти ордкунии гандум баъзе тағйирот ворид карда шаванд, то таркиби орд «насӯзад» ва манфиатнок боқӣ бимонад.

Тибқи тадқиқот хамиртуруше, ки айни ҳол барои тайёр намудани нон истифода мешавад, ба солимгардонии он мусоидат намекунад. Шояд беҳтар мебуд, ки бонувони тоҷик ба хамиртуруши бибиҳояшон баргарданд, зеро бартарии чунин нон аз нони бо хамиртуруши «магазинӣ» пухташуда кайҳо собит гардидааст. Ё шояд зарур аст, ки истеҳсоли саноатии чунин хамиртуруш ба роҳ монда шавад.

Пешниҳоди дигар ба таркиби маҳсулоти ордӣ илова намудани гандуми нешзада ё сабзаи гандум аст, ки мо — тоҷикон танҳо барои пухтани ғизои беҳтарин — суманак истифода мебарем.

Исбот шудааст, ки ҳангоми нешзании гандум миқдори витаминҳо ва антибиотикҳо, элементҳои барои рушду ташаккули организм зарур ва таркибҳои дигари фаъоли биологӣ якбора чанд маротиба бештар мегардад. Масалан, витамини В2 дар сабзаи гандум 10 маротиба зиёд аст. Гандуми нешзада неруи бузурги энергетикиро дорост. Онро ба хӯроки худ илова намуда,  инсон неруи тоза мегирад. Ферментҳои гандуми сабзида сафеда, равғанҳо ва ангиштобҳои захиравии донаҳои гандумро таҷзия намуда, ҳазмкунии онҳоро барои организм осон мегардонанд ва пас аз ворид шудан ба организм низ кори худро идома медиҳанд, ки неруи дохилии организмро сарфа менамояд.

Миқдори витамин-антиоксидантҳо ва микроэлементҳо ҳангоми нешзании гандум даҳҳо ва садҳо маротиба меафзояд. Ҳазмшавии онҳо ба саломатии инсон таъсири манфӣ намерасонад.

Истеъмоли мунтазами гандуми сабзида ба табодули моддаҳо ва хунофарӣ мусоидат карда, масуниятро баланд мебардорад, норасоии витамин ва минералҳоро ҷуброн менамояд, таносуби туршиву ишқориро муътадил месозад, ба тозашавии организм аз дажғолҳо ва ҳазми таом мусоидат мекунад, равандҳои пиршавии организмро бозмедорад. Бахусус, барои пиронсолону кӯдакон, занони ҳомила ва тифлакони ширхорадошта, одамони машғули кори вазнини ҷисмонӣ ва зеҳнӣ манфиатнок аст.

Норасоии оҳан ва рӯҳро дар ғизоҳои аҳолии кишвар низ шояд бо роҳи табиӣ ҷуброн кардан мумкин бошад, зеро эҳтиёҷи организм ба ин моддаҳо он қадр зиёд нест.

Масалан, эҳтиёҷи шабонарӯзии организм ба рӯҳ  10-15 мг аст, вале ҳангоми машғулшавӣ бо варзиш ва арақкунии зиёд бештар мегардад. Аҳамияти рӯҳ дар он аст, ки он ба ташаккули организми инсон, ба камолоти ҷинсӣ расидан ва идома додани насл мусоидат менамояд. Он барои шаклгирии скелет, фаъолияти системаи масуният зарур аст, хусусиятҳои зиддивирусӣ дошта, бо бемориҳои сироятӣ ва саратонӣ мубориза мебарад. Рӯҳ барои муътадил нигоҳ доштани ҳолати мӯйҳо, нохунҳо ва пӯст зарур мебошад. Дар таркиби рӯҳ беш аз 200 ферменте мавҷуд аст, ки дар табодули моддаҳо иштирок менамоянд. Он қисми таркибии ҳормони ғадуди зери меъда -  инсулин аст, ки миқдори қандро дар таркиби хун ба низом медарорад.

Рӯҳро дар таркиби маҳсулоти зиёд пайдо метавон кард. Масалан, дар 100 гр ҷигари гов — 5 мг, ҷигари мурғ — 6,6 мг, панир — 3,5 мг, чормағзи зеризаминӣ — 3,27 мг, лӯбиё — 3,21 мг, нахӯд -3,18  мг, гӯшти гов -3мг, гандум  -2.8 мг ва марҷумак -2,77 мг рӯҳ мавҷуд мебошад. Маҳсулоти оҳандор низ дар табиат кам нест. Масалан, ҷигар аз оҳан низ бой аст. Дар таркиби ҷигар протеидҳои оҳан мавҷуданд ва дар таркиби протеиди асосӣ — ферритин 20 % оҳан вуҷуд дорад, ки барои ташкили гемоглобин ва пигментҳои дигари хун басо муҳиманд.

Роҳи дигари ҷуброн намудани норасоии баъзе аз элементҳо дар организм, ки дар байни миллатҳои гуногун аз қадим машҳур буд, пухтани самбӯсаҳои алафӣ, кулчақанд (пирог) -ҳои мевагӣ мебошад.

Хуллас, дар ғанигардонии таркиби орд набояд ба саросемагӣ ва хато роҳ диҳем, ки пушаймонӣ меорад. Шояд вакилони Маҷлиси намояндагон пеш аз қабули қонун масъалаи ҳаётан муҳимро бори дигар ҳамаҷониба таҳлил менамоянд?!

Н.Низомӣ,

«Садои  мардум»