Худкушии Абдуллоев чӣ сабаб дошт?

№71 (4177) 16.06.2020

Тавре расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, шашуми июни соли ҷорӣ, сокини шаҳри Кӯлоб Зариф Абдуллоев дар назди бинои Раёсати молияи шаҳр бо нишони эътироз худро оташ зад. Мутаассифона, табибон ӯро наҷот дода натавонистанд, зеро навад дарсади бадани З. Абдуллоев сӯхта буд. Ӯ баъди ду рӯз фавтид. Зариф Абдуллоев кӣ буд ва чаро даст ба амали фоҷиабор зад?

Дар расонаҳои хабарӣ аз ӯ соҳибкор ном бурда, нигоштанд, ки ба таъмини муассисаҳои томактабии шаҳр бо хӯрокворӣ машғул будааст. Гӯё бо сабаби пардохт нашудани маблағи харҷкардааш аз тарафи Раёсати молияи шаҳр худро аз ҳаёт маҳрум кардааст. Дар наворе, шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карданд, дида мешавад, ки марҳум З. Абдуллоев бо сару рӯи сӯхта ва шиками дарида, дар замин хоб аст ва  мегӯяд, ки «…молия пуламро намедиҳад …».

Сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Раҳмон Одинаев роҷеъ ба ин масъала гуфт: «Марҳум бо Раёсати молияи шаҳр шартнома надошт ва набояд норозигӣ карда, худро дар назди корхона оташ мезад, зеро соҳибкори инфиродие, ки бо муҳру имзо бо муассисаҳои томактабӣ шартнома дорад, бародари ӯ — Файзулло Абдуллоев аст, на ӯ. Бародарон метавонистанд барои маҷбуран ситонидани қарзашон, тибқи бандҳои шартнома, ба суди иқтисодӣ муроҷиат менамуданд. Аз тарафи дигар, паҳншавии бемории сироятии Сovid-19 ба иқтисодиёти шаҳр низ таъсири манфӣ расонда, нақшаи андозу буҷет иҷро нагардид. Аз ин рӯ, имкон набуд, ҳатто музди меҳнати як қисми муассисаҳои буҷетиро пардохт кунем».

Масъулон мегӯянд, ки Зариф Абдуллоев расман соҳибкор набуд. Нозироти андози шаҳри Кӯлоб таҳти №218 чунин маълумотномаро пешниҳод кардааст:

«Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб ба маълумоти шумо мерасонад, ки шаҳрванд Абдуллоев Зариф, истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти «Зарбдор», ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз рӯи маълумотнома, З. Абдуллоев ба ҳайси соҳибкор дар ҷойе сабт нашуда, танҳо бародараш Файзулло Абдуллоев, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Даминзода №286, соҳибкори инфиродӣ мебошад. Ҳамчунин, чаҳор муассисаи томактабӣ, ки онҳоро бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин мекарданд, на бо Зариф Абдуллоев, балки бо Файзулло Абдуллоев шартнома ба имзо расонидаанд».

Аз шартномае, ки якуми январи соли 2020 байни Файзулло Абдуллоев ва муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и шаҳр баста шудааст, иқтибос меорем:

«…2. Муҳлат ва тартиби гирифтани мол

…2.1 «Фурӯшанда» (манзур Ф. Абдуллоев) вазифадор мегардад ба «Харидор», ки маводи хӯроквориро дар ҳолати зарурӣ то аз ҷониби «Харидор» пардохт намудани маблағ, қарз бидиҳад.

…3.Тартиби пардохт

3.1. Пардохти «Харидор» (МТТ №2) бо таъминотгар аз рӯи дархост бо мувофиқаи тарафайн сурат мегирад.

3.3. «Харидор» вазифадор мегардад, ки ҳатман маблағи хӯроквории аз «Фурӯшанда» қарзгирифтаро пардохт намояд…».

Таваҷҷуҳ кунед: Солҳои 2018-2019 ва панҷ моҳи соли 2020 аз ҷониби Файзулло Абдуллоев ба муассисаҳои томактабии шаҳр дар ҳаҷми 214 ҳазору 637 сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ расонида шудааст. Барои ин тавассути шуъбаи хазинадории Раёсати молия соли 2018-ум 57 ҳазору 148 сомонӣ, соли 2019-ум 132 ҳазору 960 сомонӣ ва соли 2020-ум 2 ҳазору 980 сомонӣ маблағ пардохт шудааст. Масъулон муҷиби дар соли 2020 кам пардохт шудани маблағи Абдуллоевро таъсири бемории коронавирус ба иқтисодиёти шаҳр арзёбӣ мекунанд. Қарзи боқимондаи Абдуллоевҳо 21 ҳазору 549 сомонӣ мебошад. Мутасаддиён мегӯянд, аллакай пулро ба суратҳисоби Ф. Абдуллоев гузаронидаанд.

Ба ҳар ҳол, ба хотири 21 ҳазору 549 сомонӣ ба ҷони худ қасд кардани марди 62-сола, ки аз дини мубини ислом воқиф ва ҳоҷӣ будааст, муаммои сарбастаро мемонад. Ниҳоди тафтишгар аввал бояд аз кӣ қарздор будани ӯро амиқ таҳқиқ кунад. «Боз бензин рехта аловам бизанед… Аз қарздорҳо безор шудаам…» — гуфтани З. Абдуллоев асроре дорад. Шояд кадом қарздоре ӯро зери фишори равонӣ қарор дода бошад? Чаро бародари ӯ Файзулло бетарафӣ карда, барои иҷборан ситондани қарзаш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накард? Алъон аксар расонаҳои хабарӣ бидуни таҳқиқ айбро бар дӯши Раёсати молияи шаҳр бор мекунанд. Масъулони Раёсати молия низ «моҳи беайб» нестанд, вале танҳо онҳоро дар ин кор муҷрим донистан аз рӯи адолат нест. Фишор аз дигар ҷониб ҳам эҳсос мешавад. Танҳо тафтиши одилона метавонад ҳақиқатро рӯи об барорад.

Ёқуби СОДИҚ«Садои мардум»