Мусоҳиба бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода роҷеъ ба масъалаи кор ва бекорӣ дар соли 2020.
- Паҳншавии бемории коронавирус шумораи бекоронро дар дунё афзуд. Бозори меҳнати Тоҷикистон дар давраи пандемия чӣ вазъ дошт?
- Бо мақсади паст кардани таъсири манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешида шуданд. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 таҳти №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис додани Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва таъсири он ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳим ва саривақтӣ буданд.
Бо мақсади паст кардани таъсири бемории коронавирус ба бозори меҳнати кишвар ва муҳоҷират аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2020 Нақшаи зиддибуҳронӣ ба тасвиб расида, мавриди татбиқ қарор дорад.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол соли 2020-ум 2 миллиону 470300 нафарро ташкил медиҳанд, 57376 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ доранд, ки 2,1 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳанд.
То охири моҳи сентябри соли 2020 дар қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 72,7 корҷӯ қарор доштанд. Дар давраи мавриди назар ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 10,2 ҳазор нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019-ум 1,3 фоиз зиёд аст. Аз ин шумора 9,9 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд, ки нисбат ба як соли пеш 15,7 дарсад зиёд мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо дар ин марҳила 11,1 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод гардид. Талабот ба ҳар як ҷойи кори холии пешниҳодшуда 6,5 нафарро ташкил намуд. Гуфтан бамаврид аст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2019-ум 6,7 нафар буд.
Новобаста ба таъсири бемории сироятии коронавирус сатҳи бекорӣ 2-2,2 фоизро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда қабл аз хурӯҷи беморӣ низ дар ҳамин сатҳ қарор дошт.
- Дар кишвар чанд фоизи аҳолии қобили меҳнат ба шуғли ғайрирасмӣ машғуланд?
- Тадқиқот оид ба арзёбии сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон асосан аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мувофиқи натиҷаи ин тадқиқот шумораи аҳолие, ки ғайрирасмӣ фаъолият доранд, 249536 нафарро ташкил медиҳад.
Вазорат бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи омори қувваи корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барнома оид ба паст кардани cатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» — ро таҳия намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 ба тасвиб расида, мавриди амал қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2009 — 2016 дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳо оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар ҷумҳурӣ шуғли ғайрирасмӣ аз 53,8 фоизи соли 2009 ба 24,4 фоиз дар соли 2016 коҳиш ёфт.
- Бекорӣ миёни ҷавонони кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии давлатии иҷтимоии ҷавонон мавқеи хоса дорад. Ҷиҳати ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, аз ҷумла, ҷавонон дар «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» боби алоҳида оид ба мусоидат ба шуғли аҳолии ҷавонон пешбинӣ ва амалӣ гардида истодааст.
Соли 2020 бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ 29,3 ҳазор ҷавон соҳиби ҷойи кор шуданд.
- Барои бо ҷойи кор таъмин намудани маъюбон чӣ чораҳо андешида мешавад?
- Мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» маъюбоне, ки аз ҷониби ниҳоди дахлдори давлатӣ қобили меҳнат дониста шудаанд, ҳуқуқи дар ҳама соҳаи иқтисодиёт кору фаъолият карданро доранд.
Шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷанд, дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд ва дар бозори меҳнат ба рақобати баробар қодир нестанд, бо роҳи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки мусоидат ба шуғл, ташкил намудани ҷойҳои иловагии кор дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тараққӣ додани корхонаҳои махсусгардонидашуда, муқаррар намудани квота барои ба кор қабул намудани маъюбон бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 қабул шудааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2020 тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 6200 шаҳрванди имконияташон маҳдуд бо ҷойҳои кор таъмин гардидаанд.
- «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» дар кадом сатҳ татбиқ шуд?
- Аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои татбиқи «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» бо ҷалби коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Таҳлили рафти иҷрои стратегияи зикршуда нишон дод, ки аз 38 банд 33 банд пурра иҷро гардида (86,8 фоиз), 5 банди он хусусияти ҷорӣ доранд.
Вобаста ба натиҷаҳои татбиқи стратегия аз ҷониби вазорат маълумоти муфассали таҳлилӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Ҳамчунин, вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар заминаи стратегия ба таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати нави консептуалӣ оғоз намудааст.
- Саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ дар рушди иқтисодиёти кишвари мо назаррас аст. Маҳдудияте, ки вобаста ба коронавирус дар Федератсияи Россия ҷорӣ карда шуд, ба ин раванд чӣ таъсир расонд?
- Муҳоҷирати меҳнатӣ моҳиятан шуғли берунаи захираҳои меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, танзими ин раванд дар сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мавқеи хоса дорад.
Бо авҷ гирифтани бемории сироятии COVID-19 ва баста шудани сарҳадҳо миёни давлатҳои ҷаҳон мушкилоти зиёд дар танзими ин раванд ба миён омад, ки Тоҷикистон низ истисно нест.
Дар давраи мавриди назар аз ҷумҳурӣ 129,8 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта (411,3 ҳазор нафар) 281,5 ҳазор нафар кам мебошад.
Аз муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамагӣ 90,3 ҳазор нафар ба Ватан баргаштаанд, ки дар қиёс ба соли 2019-ум (279,6 ҳазор нафар) 189,3 ҳазор нафар кам аст. Омори зикршуда нишон медиҳад, ки таъсири манфии бемории сироятии COVID-19 ба вазъ дар бозори меҳнат ва муҳоҷират баръало мушоҳида мешавад.
Соли гузашта ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 135910 шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 103156 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 58831 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 70900 кас бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд.
Дар асоси 191 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилот 5910 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 17938 кас тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ройгон дар марказҳои таълимӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Ба 12850 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор се моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид.
Илова бар ин, бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон 800 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 15541 шаҳрванди бекор ва корҷӯ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд. Аз ҷумла, тавассути ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳо 7961 нафар соҳиби ҷойи кор гардида, ба 3269 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд. Тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ 3570 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд.
Тадбирҳои андешидашуда нокифоя буда, таҳия ва роҳандозии шаклҳои гуногуни хизматрасониҳоро ба шаҳрвандони бекор тақозо менамояд.
Роҳбарияти вазорат феълан дар самти роҳандозии модели шуғли фосилавӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронии иттилоотию коммуникатсионӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ тадбир андешиданд.
- Вазорат дар самти танзими муҳоҷират кадом тадбирҳоро роҳандозӣ намудааст?
- Соли 1998 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки санади асосӣ барои идоракунии раванди муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Илова бар ин, бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳо дар самти муҳоҷирати аҳолӣ барои муайян намудани асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии равандҳои муҳоҷират соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қабул шуд.
Соли 2001 бошад, бо мақсади дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа қабул гардид ва дар асоси он ду барномаи давлатӣ то соли 2010 ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» қабул ва амалӣ карда шуд.
Айни замон аз ҷониби вазорат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» дар таҳрири нав омода гардида, дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Афзалиятҳои асосии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» пешбинӣ шуда, дар ин раванд диверсификатсияи самти муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа, реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ва баланд бардоштани сатҳи касбии муҳоҷирони меҳнатӣ афзалият доранд.
Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ташкили хизматрасонии давлатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтар, Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар» ва филиалҳои он дар минтақаҳо ва Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия фаъолиятро тавсеа бахшиданд.
Мусоҳиб Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»