Хабари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№145 (3130) 14.11.2013

Дар бораи натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Шашуми ноябри соли 2013 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3219 участкаи интихоботӣ, аз ҷумла дар 27 давлати ҷаҳон 61 участкаи интихоботӣ, аз ин шумора 24 участкаи интихоботӣ дар Федератсияи Россия ташкил карда шуд. Аз шумораи умумии 4201156 (чор миллиону дусаду як ҳазору яксаду панҷоҳу шаш) нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рӯйхати интихобкунандагон дохил гардиданд, 3787703 нафар дар овоздиҳӣ иштирок намуданд, ки ин 90,1 фоизи шумораи умумии интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад.

Шумораи бюллетенҳои беэътиборҳисобида дар маҷмӯъ 39403 адад ё худ 1,04 фоизро ташкил медиҳад.

Мувофиқи моддаи 66 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 2 моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда ҳисобида мешавад.

Мувофиқи протоколҳои ҷамъбастии натиҷаи интихобот, ки аз комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ворид гардиданд, байни 6 номзади ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда, ки ба бюллетени интихобот дохил гардидаанд, овозҳои интихобкунандагон ба таври зайл тақсим шуданд:

1.  Бобоев Олимҷон, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тарафдор 143231 нафар ё 3,82 фоиз;

2. Бухориев Толибек Аҳмадович, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, тарафдор 168313 нафар ё 4,49 фоиз;

3. Ғаффоров Абдуҳалим, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, тарафдор 55516 нафар ё 1,48 фоиз;

4. Исмонов Саидҷаъфар Исмонович, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон, тарафдор 39334 нафар ё 1,05 фоиз;

5. Талбаков Исмоил Иброимович, номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, тарафдор 184653 нафар ё 4,93 фоиз;

6. Эмомалӣ Раҳмон — номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, тарафдор 3157253 нафар ё 84,23 фоиз.

Ҳамин тариқ, мувофиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида мешавад.