Таҳлили сиёсӣ дар раванди давлатдорӣ
Ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Рустами Эмомалӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсии мамлакат дар соли ҷорӣ мебошад, ки таваҷҷуҳи васеи мардум ва доираҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Аммо чун рӯзҳои нахустин ҳамеша айёми баёни маълумот, табрикот, эҳсосот ва вокунишҳои аввалия мебошад, андаке фурсат лозим омад, то фазои иттилоотӣ барои шунидани сухани оромтар ва таҳлили моҳиятӣ мусоид гардад. Ва низ, аз сабабе ки дар таърихи давлатдории муосири мо ин интихоб, пеш аз ҳама, рӯйдоди сиёсист, он бояд маҳз мавриди таҳлили сиёсӣ ва сиёсатшиносӣ қарор дода шавад.
Чаро рӯйдоди сиёсӣ ва чаро таҳлили сиёсӣ?
Шахсияти Рустами Эмомалӣ ҳанӯз аз оғози фаъолият дар саҳнаи умумӣ мавриди таваҷҷуҳи васеи мардумӣ ва сиёсӣ қарор дошт, зеро дар тамоми ҷаҳон Роҳбари давлат ва фаъолияти наздикону пайвандони ӯ ҳамеша таваҷҷуҳи васеи сиёсию иттилоотиро ҷалб менамоянд. Аз ин ҷост, ки фаъолияти амалгароёна, дидгоҳи навоварона ва раванди рушди таҷрибаи идории Рустами Эмомалӣ дар зинаҳои гуногуни хидматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи умум қарор дошт.
Дар ин раванди такомулӣ, хусусан, ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ, илова бар шахсияти муосири идорӣ, чеҳраи амалгарои сиёсии ӯро низ муаррифӣ ва дар зеҳни ҷомеа устувор намуд. Зеро дар давраи роҳбарии ӯ дар пойтахти кишвар таҳаввулоти мусбати ҳам зерсохторӣ ва ҳам имиҷиологие рух доданд, ки дар тамоми сатҳҳои ҷомеа ба таври мусбат арзёбӣ ва пазируфта шуданд.
Аммо интихоб ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун шахсияти Рустами Эмомалиро ҳам ба маънои ҳуқуқӣ ва ҳам ба маънои амалӣ дар мақоми чеҳраи сиёсӣ ва бахше аз ҳастаи олии сиёсию идории мамлакат қарор дод. Зеро ҳам аз назари мақоми конститутсионии ин вазифа, ҳамчун «мақоми дуюми сиёсии кишвар» ва ҳам аз назари нақши функсионалии ин мақом, ҳамчун «роҳбари ҳокимияти қонунгузори мамлакат», дар низоми давлатдории муосири Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллӣ ба маънои томаш шахсияти давлатӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, баррасии дурнамои ин раванд ва робитаи он ба масъалаҳои усулие чун ҳифз ва устувории низоми сиёсии давлатдорӣ аҳамияти давлатию сиёсии ин масъаларо боз ҳам болотар мебарад. Бинобар ин, интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар миқёси кишвар ва низоми идоракунии давлат мебошад ва дарку таҳлили сиёсӣ ва сиёсатшиносиро талаб мекунад.
Аз ин рӯ, на дидгоҳҳои арзишманди дар доираи категорияҳои технократӣ, ислоҳталабӣ ва анъанавию фарҳангӣ шарҳ додани мавзӯъ, на талошҳои самимии бо эҳсосоти ихлосмандона ифода намудани масъала ва бештар аз ҳама, на шарҳҳои муғризонаи дар сатҳи мафҳумҳои моддию дарборию оилавӣ тафсир кардани он наметавонанд моҳияти сиёсии ин рӯйдоди муҳими сиёсиро дар раванди давлатдорӣ дуруст шарҳ диҳанд. Зеро ин масъала барои низоми сиёсии Тоҷикистон ва рушди давлатдории миллии мо маъно ва аҳамияти басе васеътар аз мафҳуму категорияҳои зикршуда дорад.
Аҳамият ва моҳияти ин интихоб дар чист?
Аз назари давлатӣ ва сиёсӣ, нуктаи асосӣ, моҳият ва аҳамияти интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ин интихоб бояд барои дар доираи манфиатҳо ва стратегияи рушди давлатдории миллӣ ҳалли муносиби худро ёфтани се масъалаи усулии давлатдории муосири мо — устувории ояндаи низоми сиёсӣ, пайванд ва интиқоли солими наслҳои сиёсӣ ва идомаи солими мактаби сиёсӣ мусоидат намояд. Албатта, дар вазъияти имрӯзаи сиёсию идории Тоҷикистон ин се масъала ҳоло мушкили рӯз нестанд ва шояд на ҳама аҳамияти онро эҳсос намоянд, аммо дар як нигоҳи оянданигарӣ, дар шароити рушди марҳилавии давлат ва дар доираи қонунмандии раванди такмили давлатдории миллӣ маҳз онҳо омилҳои кафолатдиҳандаи солимии ин раванд хоҳанд буд.
Аҳамияти аввал, яъне, таъмини устувории ояндаи низоми сиёсӣ, ба он маъност, ки дар ҳудуди се даҳсолаи охир зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни рушду такомули худро тай кард ва имрӯз ба як низоми мукаммали сиёсию идории давлатӣ табдил шуд. Ин низоми сиёсӣ ҳам аз ҷиҳати сохторӣ ва ҳам аз назари мазмунӣ ба сатҳи як организми том, мавзун ва босалоҳият расида, аз назари манфиатҳои миллӣ ба яке аз сарватҳо ва дастовардҳои муҳимтарини давлатдории муосири мо табдил гаштааст. Бинобар ин, нигоҳдории устувории низоми сиёсӣ на танҳо зарурати идорӣ, балки рисолати давлатӣ, миллӣ ва таърихӣ мебошад.
Устувории низоми сиёсӣ дар раванди рушди давлатдорӣ сифатест, ки низоми сиёсӣ дар моҳият, фаъолият ва дурнамои худ ҳолати нигаронӣ, осебпазирӣ, шиканандагӣ ва муваққатӣ эҳсос накарда, бо камоли осоиш таваҷҷуҳ, зарфият ва неруи худро ба ҳалли масъалаҳои бунёдии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ равона месозад. Яъне, ин вазъият низоми сиёсиро ҳам аз эҳтимоли таҳдидҳои шиканандаи сохторӣ ва ҳам аз ҳолати интизории ҳамешагии тағйироти амиқи радикалӣ берун нигоҳ дошта, ба муҳити дохилии фазои сиёсӣ амнияти зеҳнӣ мебахшад. Дар чунин ҳолат, доираҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми одӣ низ бе эҳсоси нигаронӣ аз эҳтимолиятҳои гуногун, дар пайи фаъолиятҳои созандаи ҷории худ хоҳанд буд.
Дар шароити устувории низоми сиёсӣ аз сиёсатмадор то сармоягузор ва аз соҳибкор то паймонкор эҳсоси эътимод намуда, ба ин восита, барои таваҷҷуҳи хотирҷамъона ба рушди кишвар ва некуаҳволии ҷомеа, ки масъалаи асосии замон аст, фурсат ва неруи фаровон фароҳам мешавад. Гарчӣ вобаста ба моҳияти низоми сиёсӣ, хусусияти марҳилаи таърихии рушд ва навъи низоми арзишии ҳар ҷомеа пояи таъминкунандаи устувории низоми сиёсӣ метавонад гуногун бошад, аммо дар диди амалгароёна ё прагматикӣ, устувории низом барои рушду бақои ҳар давлат як арзиш ва нишондиҳандаи ҳаётӣ ба шумор меравад.
Аз ин нигоҳ, бо интихоб шудан ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, Рустами Эмомалӣ ҳамчун кафили дурнамои устувори низоми сиёсӣ ин нақшро ҳам дар сатҳи ҳуқуқӣ ва ҳам дар сатҳи сиёсӣ иҷро мекунад. Ифои ин рисолат дар сатҳи ҳуқуқӣ ба он маъност, ки дар механизми қонунии ташаккули қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши конситутсионии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як нақши кафолатдиҳандаи ҳамин устувории низом мебошад. Аз ҷумла, дар ҳолатҳои истисноӣ масъулияти кафолати маҳз дар чорчӯби қонун идома ёфтани ҳама гуна таҳаввулоти қудрати сиёсиро ба дӯш дорад. Дар таҷрибаи давлатсозӣ ин рисолати ҳокимияти қонунгузор ҳатто дар ҳолатҳои одӣ аз назар берун нест. Фалсафаи дар аксари кишварҳои демократии ҷаҳон дар фосилаи байни ҳам танзим шудани интихоботҳои президентӣ ва парламентӣ низ дар ҳамин аст. Яъне, набояд дар ҳеҷ сурат дар низоми сиёсӣ холигии қудрат ба вуҷуд ояд.
Ифои ин рисолат дар сатҳи сиёсӣ ба он маъност, ки Рустами Эмомалӣ ҳамчун шахсияти сиёсӣ бахше аз ин низоми сиёсӣ ё парварда ва маҳсули сиёсии бевоситаи низом аст ва дар ҳар сурат ҳифзи пояҳои онро ҳамчун низоми ташаккулёфтаи идорию сиёсӣ кафолат медиҳад.
Бояд таъкид намуд, ки ин ду омил на танҳо барои элитаи сиёсии Тоҷикистон, балки барои кулли ҷомеа ва шарикони байналмилалии кишвар эътимоди амалӣ мебахшад. Аз ин хотир, аз назари сиёсӣ, интихоби Рустами Эмомалӣ дар ин мақоми калидии сиёсии кишвар паёми маҳз ҳамин кафолати устувории ояндаи низоми сиёсии давлат дар Тоҷикистон ва эътимодбахшии дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳифзи ин устуворӣ мебошад.
Аҳамияти дуюми ин интихоб таъмин намудани пайванд ва интиқоли солими наслҳои сиёсӣ дар раванди таърихию сиёсии кишвар аст. Ин мафҳум басе васеътар аз масъалаи механикии «интиқоли қудрат» мебошад, ки бештари таҳлилгарони сатҳӣ ба он таваҷҷуҳ намудаанд. Зеро мафҳуми пайванду интиқоли солими наслҳои сиёсӣ танҳо ҳолати ҳуқуқӣ ва биологии вогузории масъулияти идоракунии ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ба насли табиии дигар набуда, балки, пеш аз ҳама, ба маънои таъмини фарогирӣ ва ҳузури насли ҷавони миллат дар раванди муосири сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, таъмини неру ва рӯҳияи рушдёбанда барои тақвияту шодобии низоми сиёсӣ ва дар ниҳоят, ташаккули таҷрибаи мудирият ва мавқеи устувори давлатдорона дар ин насл мебошад. Дар чунин назария насли ҷавони оянда на «пас аз насли имрӯз», ё на «ба ҷойи насли имрӯз», балки маҳз «дар канори насли имрӯз» қарор мегирад, то пайванди солими фикрию сиёсӣ таъмин гардад.
Сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳияти ҷавонмеҳварӣ дорад, имрӯз дар тамоми бахшҳои сиёсию идории мамлакат ба ҷавонон нақши муҳиму марказӣ дода мешавад. Дар кишваре, ки ҳудуди 80%-и аҳолии он то 40-сола аст, ин шеваи амалгароист, зеро дар ҳолати аз баданаи низоми сиёсӣ ҷудо мондани ин неруи бузург, он ё барҳадар меравад ё дар муқобили манфиатҳои ҷомеа мавриди истифода қарор мегирад.
Аз ин нигоҳ, интихоби Рустами Эмомалӣ ҳамчун намояндаи ин насли фаъол ба вазифаи баланди Раиси Маҷлиси миллии кишвар ин воқеияти ҷомеаро ифода мекунад ва ҳамқадам бо ӯ як насли томи фаъолони сиёсию иҷтимоӣ ва мудирони навтаҳсилу навовар вориди раванд мегарданд. Аз ин рӯ, ин интихоб ба насли ҷавони кишвар рӯҳу эътимоди қавӣ бахшида, дар интизори ояндаи дур намегузорад, балки зиндагии имрӯзи онҳоро мазмуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ мебахшад. Табиист, ки вуруди онҳо боиси вуруди ҳазорон бозу, андеша, тарҳ, ташаббус, дид ва навоварӣ дар раванди рушди кишвар мегардад.
Дар ин баҳс, аҳамияти маҳз дар садри ҳокимияти қонунгузор қарор гирифтани Рустами Эмомалӣ бояд ба таври ҷудогона таъкид шавад. Зеро, бо тавофут аз давраҳои пешин, таркиби даъвати нави палатаҳои парламенти Тоҷикистон, ки дар натиҷаи интихоботи парлумонии соли 2020 шакл гирифтааст, хеле ҷавон, фаъол, фарогир, соҳибмаърифат, касбӣ ва тахассуситар аст. Ин ҳолат ҳатто аз тарафи мунаққидони ҳамешагии фаъолияти парлумон эътироф гаштааст. Аз ин назар, интихоби роҳбари ҷавон, пеш аз ҳама, метавонад ҳамин ҳолати сифатан нави таркиби коргузорони ҳокимияти қонунгузори кишвар ва оғози марҳилаи нави таърихи ташаккули онро ифода намояд.
Аммо аз назари амалӣ омили боз ҳам муҳимтар ин аст, ки омадани роҳбар ва неруи ҷавон ба фаъолшавии ҷойгоҳи ҳокимияти қонунгузор, шаффофияти раванди қонунгузорӣ ва рӯҳу мазмуни қонунҳои қабулшаванда таъсири бисёр мусбат гузошта, умедҳоро барои ислоҳи ҳолати камрангии бардавоми парлумонӣ тақвият мебахшад. Ифои чунин нақши созанда аз тарафи Рустами Эмомалӣ ва насли нави вакилону сиёсатмадорон боз ҳам ба нафъи такмилу тақвияти низоми сиёсии давлатдорӣ хоҳад шуд.
Аз назари сиёсӣ бошад, вуруди ин насли давлатмеҳвар ба маҷрои амалии идориву сиёсии кишвар ояндаи худи раванди сиёсиро низ боварибахш сохта, эътимоди насли имрӯзро дар масъалаи соҳибони воқеии худро ёфтани сарнавишти ояндаи давлату миллат қавӣ месозад. Бинобар ин, таъмини пайванду интиқоли солими наслҳои сиёсӣ дар раванди сиёсӣ масъалаи муҳим ва сарнавиштсози ҳар давлатдорист ва ояндаи рушди сиёсии кишвар ба таъмини саломат ва фарогирии ин раванд вобастагии ҷиддӣ хоҳад дошт.
Аҳамияти сеюм ва басе муҳимтари интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини идомаи солими мактаби сиёсист. Яъне, насли ҷавоне, ки дар ин марҳила вориди раванди сиёсӣ мешавад, на танҳо ҳамчун ҳаҷми азими неру ва насли солими ояндасоз, балки маҳз ҳамчун парвардаву идомадиҳандаи мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон аҳамияти махсус дорад.
Дар ин масъала бояд аввал зикр кард, ки сухан аз кадом мактаби сиёсӣ меравад. Тавре дар навиштаҳои пешин борҳо ба таври муфассал шарҳ додаем, дар ҳудуди се даҳсолаи охир зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон мактаби махсуси сиёсӣ ва давлатдорӣ шакл гирифтааст. Ин мактаб зина ба зина такомул ва то ба имрӯз асосҳои назарӣ, уфуқҳои ормонӣ, низоми арзишӣ, чорчӯби ҳуқуқӣ, анъанаҳои меъёрӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва авлавиятҳои рушди минбаъдаи он пурра ташаккул ёфт.
Муҳимтарин арзишҳои ин мактаб пойбандӣ ба рӯҳияи истиқлолияти миллӣ, тафаккури мустақили давлатӣ, ифтихори таърихию тамаддунӣ, моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат, дунявияти низоми сиёсӣ, низоми мутамарказу устувори идориву сиёсӣ, гароиши иҷтимоии сиёсати давлатӣ, татбиқи сиёсати давлатии илммеҳвару маорифпарвар, таъмини ҳамзистии фикрӣ ва ваҳдати миллӣ, эҳё ва ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, посдорию тақвияти забони миллӣ, тарбияти рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини зиндагии шарофатмандонаи мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, мавқеи байналмилалии прогрессивӣ, пешбурди сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ ва сулҳомез ва ғайра мебошанд, ки дастёбӣ ба баъзе аз онҳо то имрӯз муяссар гаштааст, ҳаракати ҳадафманди давлат барои расидан ба баъзеи дигар идома дорад.
Аммо муҳим ин аст, ки ин маҷмӯаи васеи усулҳо, арзишҳо, бинишҳо, меъёрҳо, озмудаҳо, сабақҳо, манфиатҳо ва ҳадафҳо дар раванди пуршӯру пуртазоди давлатсозӣ соишу омезиши мавзун ёфта, дар заминаи онҳо амалия, таҷриба, анъана ва мактаби махсуси сиёсии давлатдорӣ шакл гирифтааст. Аз он ҷо, ки Пешвои миллат дар ин раванд на танҳо ҳамчун масъули идории кишвар, балки ҳамчун муҳандиси корзори давлатсозӣ ва муаллифи мактаби давлатдорӣ нақши бунёдӣ иҷро кардааст, ин мактабро бе ҳеҷ шубҳа метавон мактаби сиёсӣ ва давлатдории Эмомалӣ Раҳмон номид.
Аҳамияти ин таҷриба то ҷоест, ки агар дастовардҳои даҳсолаҳои истиқлолиятро ҷамъбаст намоем, шояд яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо маҳз ҳамин ташаккули мактаби давлатдории муосири миллӣ бошад. Аммо арзёбии амиқтар нишон медиҳад, ки мавҷудияти чунин мактаб на танҳо сармояи миллист, балки устуворӣ ва идомаи он кафили бақои давлатӣ ва ҳастии миллии мо низ мебошад. Ин аст, ки ҳифз кардану идома ва такмилбахшандаи ин мактаби давлатдорӣ рисолати муҳимтарини насли нави сиёсатмадорони давлатмеҳвари тоҷик дар симои Рустами Эмомалӣ хоҳад буд.
Бинобар ин, дар чунин раванди муҳими сиёсию таърихӣ, нақш ва шахсияти Рустами Эмомалӣ маънои басе васеътар аз фарзанду пайванди Пешвои миллат касб намуда, ҳамчун шогирду парвардаи мактаби сиёсии давлатдории ӯ, кафилу посдор ва идомадиҳандаи арзишҳо, усулҳо ва дастовардҳои ин мактаб зуҳур мекунад. Ба назари банда, муҳимтарин аҳамияти ин интихоб маҳз ҳамин аст, зеро, имрӯз ҳифзу идомаи солими ин мактаби давлатдорӣ ба маънои ҳифзу идомаи худи давлатдории миллии мо мебошад. Аз ин рӯ, дар чунин шароити ҳассоси сиёсию таърихӣ шояд мо ҳатто ҳуқуқи маънавӣ надошта бошем, ки пайгири тасаввурҳои китобию ормонӣ ва тарҳҳои хаёлӣ гашта, нисбат ба сарнавишти давлату миллати худ таваккули сиёсиро раво бинем.
Албатта, зимни анҷоми чунин рисолати таърихӣ, пайванди таборӣ бо Пешвои миллат омили тақвиятиест, ки аз як тараф, садоқати комили ин сиёсатмадори ҷавон ба мактаби сиёсии давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро таъмин кунад ва аз тарафи дигар, дастрасии мустақим ба ин хазинаи бузурги таҷриба ва хиради сиёсиро фароҳам оварда, имкони фарогирии бевоситаи сифатҳои инсонӣ ва сиёсии ӯро муҳайё месозад. Ҷойи шубҳа нест, ки мардум, давлат, сиёсат ва таърихи мо ба хислатҳои наҷиби инсонии Эмомалӣ Раҳмон — хоксорӣ, ҳалимӣ, ҷасорат, зиракӣ, мардумгароӣ, ятимпарварӣ ва сифатҳои муҳими сиёсии ӯ — ватандӯстӣ, ваҳдатсозӣ, фарҳангпарварӣ, сулҳоварӣ, созандагӣ, ифтихору ғурури миллӣ, маҳорати сарварӣ ва ғайра ҳамеша эҳтиёҷ хоҳад дошт.
Рисолати ояндаи насли нав кадом аст?
Тавре зикр шуд, дар даврони истиқлолият зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон таҷрибаи нодири давлатдорӣ ҳосил гашта, мактаби мукаммали давлатдорӣ шакл гирифта, масъалаҳои асосии давлатдории миллӣ ҳалли худро пайдо намуданд. Дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт, ягонагии ҳудудии кишвар ҳифз карда шуд, аркон ва сохтори давлатдорӣ барқарор гаштанд, модели давлатдории миллии мусоир шакл гирифт, сулҳу ваҳдати миллӣ таъмин карда шуд, раванди эҳёи миллӣ самту суръат пайдо намуд, буҳрони шадиди иқтисодӣ бартараф гашт ва мақоми устувори байналхалқии Тоҷикистон таъмин карда шуд.
Ба ибораи дигар, бо ҳалли ин масъалаҳои усулии давлатсозӣ, марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллӣ ҷамъбаст гардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди мустақили сиёсӣ ва унсури устувори низоми байналмилалӣ ба таври инкорнашаванда ва бебозгашт шакл гирифт. Тоҷикон истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории миллии худро соҳибӣ карданд ва бори дигар ҳамчун миллат дар зинаи давлатдоронаи рушд қарор гирифтанд. Ин дастовард на танҳо як комёбии сиёсӣ, балки тантанаи ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ ва пирӯзии адолати барҳаққи таърихӣ буд. Дар ин марҳила Эмомалӣ Раҳмон раванди сиёсии давлатсозии муосири тоҷиконро ба нуқтаи кулминатсионии худ расонида, самти ҳаракат ва дурнамои онро муайян ва ҳамвор сохт.
Аз ин нуктаи назар, Рустами Эмомалӣ ва ҳамнаслони ӯ дар марҳилае вориди сиёсати калон мешаванд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат ба зинаи нави таърихи такомулии худ, яъне, ба марҳилаи рушди устувор ворид мегардад, ки хусусиятҳо ва вазифаҳои комилан хоси худро дорад. Дар шароите ки дар марҳилаи ҷамъбастшуда масъалаҳои асосии давлатсозӣ ҳалли худро ёфтаанд, дар рӯзномаи сиёсатмадорони насли навин, илова бар мавзӯи ҳифзу тақвияти дастовардҳо, пеш аз ҳама, масъалаҳои марҳилаи рушди устувор, аз ҷумла, татбиқи муассири стратегияҳои миллии рушди миёнамуддат ва дарозмуддати кишвар, модернизатсияи сифатии низоми идоракунии давлатӣ, ташаккули ҳадафманди ватандории муосири шаҳрвандӣ, таҳкими ҷойгоҳ ва рушди зарфияти неруи инсонӣ, татбиқи марҳилаи навини ҳадафҳои стратегӣ, таъмини саноатисозии босуръати кишвар, гузаштан ба модели саноатию кишоварзии рушд, суръатбахшии ислоҳоти амиқи иқтисодӣ, такмилу модернизатсияи низоми миллии илм, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кафолати зиндагии шоистаи аҳолӣ, танзими шоистаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, такмили равиши татбиқи ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, тақвияти шоистасолорӣ ва шаффофияти низоми кадрӣ, либеризатсияи низоми андоз ва рушди бахши хусусӣ, фароҳамсозии фазои амну озоду устувори сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, коркарду татбиқи шеваҳои муассири мубориза бо фасод ва даҳҳо масъалаи дорои хусусияти инноватсионӣ қарор мегиранд. Масъалаҳое, ки то ба имрӯз Пешвои миллат барои вуруд ба марҳилаи нави рушд дар назди Давлату Ҳукумати кишвар давра ба давра гузоштаанд.
Яъне, дар ин марҳилаи рушд Тоҷикистон бо ҳадафу вазифаҳое рӯбарӯ мебошад, ки ҳалли муваффақонаи онҳо на танҳо вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишварро ба куллӣ тағйир медиҳад, балки сифати зиндагии шаҳрвандонро низ дигар карда, ҷойгоҳи байналмилалии кишварро аз рӯи тамоми аломатҳои иқтисодию сиёсӣ ба зинаи комилан нав боло мебарад. Табиист, ки дар маркази таваҷҷуҳи чунин рушд бояд маҳз омили инсонӣ, бо маҷмӯаи мутавозини ниёзҳои моддӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии худ қарор гирад.
Хулоса, ин насли навини сиёсатмадорон на танҳо масъулияти таъмини пайванди ду насли сиёсии замон, балки масъулияти таъмини пайванди ду фасли таърихии давлатдории моро низ ба дӯш доранд. Аз ин рӯ, на танҳо рисолати миллию таърихӣ, балки формулаи комёбии насли нави сиёсатмадорони тоҷик маҳз аз таъмини пайванд ва тавозуни аслҳои ҳаётие чун ҳифзи дастовардҳои усулии марҳилаи эҳё ва барқарории давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои бунёдии марҳилаи рушди устувори кишвар иборат мебошад. Зеро дар чунин раванди ҳассос, ки дар он сарнавишти давлату миллат рақам мехӯрад, на консерватизми муҳофизакорона ва на модернизми босуръат ба танҳоӣ коромад ва судманд нахоҳанд буд.
Ҳамин тавр, бинобар мақоми ҳуқуқӣ ва ҷойгоҳи сиёсии вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми сиёсии кишвар, интихоби Рустами Эмомалӣ ба ин вазифа як силсила масъала ва нигаронии сиёсиро ба сатҳи дуюм бурда, шахсияти ӯро ҳамчун рамзи пайванд ва кафолати заруратҳои ҳаётие чун таъмини устувории ояндаи низоми сиёсӣ, мудовимати солими наслҳои сиёсӣ, идомаи солими мактаби давлатдории миллӣ ва рушди устувори кишвар ба омили эътимодбахшу суботофари сиёсӣ табдил медиҳад. Чунин эътимодбахшии вазъият сатҳи чолишҳо ва таҳдидҳои сохтории дохилӣ ва хориҷӣ ба низоми сиёсиро коҳиш дода, барои таъмини ояндаи қобили пешбинии раванди сиёсӣ ва рушди устувори кишвар дар марҳилаи навин заминаи пойдор фароҳам месозад. Ин аст моҳияти сиёсии ин интихоб ва ин аст фаҳмиши банда аз аҳамияти давлатию сиёсии он.
Абдуллоҳи РАҲНАМО, сиёсатшинос