Мукофотҳои Ғалаба

№51 (3352) 07.04.2015

ОРДЕНИ АЛЕКСАНДР НЕВСКИЙ

AlexNevskyOrder копияДар озмун барои кашидани тарҳи ордени Александр Невский меъмор И.С.Телятников ғолиб дониста шуд. Рассом лаҳзаеро аз филми ҳунарии «Александр Невский», ки чанде пеш ба экранҳои кинои Иттифоқи Советӣ баромад, истифода кард. Нақши асосиро дар филм актёри шинохтаи советӣ Николай Черкасов бозӣ карда буд. Тарҳи рӯйи қаҳрамон аз филми ҳунарӣ барои омода кардани нишон ба ордени оянда истифода гардид. Таъсиси ин ордени нав ба 29 июли соли 1942 рост омад. Тасвири сурати Александр Невский дар мобайни ситораи сурхи панҷгӯша ҷо гирифта, аз он нурҳои  нуқрагин медурахшанд. Дар гирди ситора нишону  аломатҳои ҷанговарони руси қадим- шамшер, камонғӯлак бо тир ва табарзини дастадароз омезиш ва тасвир ёфтаанд. Орден аз нуқра тайёр шудааст.

Мутобиқи  низомнома бо ин орден офитсерони Армияи Сурх (аз командири дивизия то командири взвод) барои истифодаи лаҳзаи қулай ва бо ҳуҷуми бобарор ба душман расонидани зарбаи сахти марговар ва дар баробари ин талафоти ниҳоят ками қӯшунҳои худӣ, инчунин барои бомуваффақият иҷро намудани супоришҳои ҷангӣ ва пурра ё қисман нобуд сохтани қувваҳои душман, барои роҳбарии оқилона ба истифодаи яроқҳои артиллерӣ, ҷузъу томҳои қисмҳои танкӣ ва ҳавоӣ ҳангоми задани зарбаи вазнин ба душман сазовор  гардонида мешаванд.

Бори нахуст ин орден 5 ноябри соли 1942 ба шахсони сазовор тақдим шуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 бо ордени Александр Невский зиёда аз 42 ҳазор нафар ҷанговарони советӣ ва қариб 70 генералу офитсерҳои хориҷӣ мукофотонида шудаанд. Зиёда аз 1470 қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо ҳуқуқ пайдо намуданд, ки ордени мазкурро ба байрақи ҷангии худ насб намоянд. Дар маҷмӯъ, бо ин орден 42 165 нафар сазовор шудаанд.

 ОРДЕНИ СУВОРОВ ДАРАҶАҳои I, II ВА III

051050057055048056054

Моҳи июни соли 1942 роҳбарияти Иттифоқи Советӣ ба қароре омад, ки бо номи сарлашкарони бузурги рус А.В.Суворов, М.И.Кутузов ва Александр Невский орденҳои нави ҷангӣ таъсис диҳанд. Бо ин орденҳо танҳо генералҳо ва офитсерони Армияи Сурх барои муҳорибаҳои шуҷоатнок бар зидди фашистон ва ҳангоми дар муҳорибаҳои ҷангӣ роҳбарии сатҳи олӣ зоҳир кардан қадрдонӣ мешуданд. Ҳамин тариқ, 29 июли соли 1942 ордени нав таъсис ёфт ва бори нахуст он 28 январи соли 1943 ба  шахсони лоиқу сазовор тақдим гардид.

Ордени Суворов дараҷаи I ба фармондеҳони фронтҳо, армияҳо, инчунин ба  сардорони штабҳо, управленияҳои оперативӣ, намуди қӯшунҳо ва қӯшунҳои фронтҳо ва армияҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани амалиётҳо дар миқёси армияҳо ва фронтҳо, ки дар натиҷаи он душман торумор ва  несту нобуд гашт, тақдим мешуд.

Бо ордени Суворов дараҷаи II метавонистанд командирони корпус, дивизия ва бригада, инчунин ҷонишинони онҳо ва сардорони штабҳо барои торумор кардани корпус ё дивизия, барои рахна кардани  минтақаи мудофиавии душман ва дар ниҳоят думболагирӣ кардану несту нобуд сохтани душман, инчунин барои ташкил кардани муҳориба дар муҳосира ва бе осеб ва бе талафоти ҷониву техникӣ аз иҳотаи душман  баромадан  мукофотонида мешуданд.

Ордени Суворов дараҷаи III барои мукофотонидани командирони полк, баталонҳо ва ротаҳо барои ташкил намудану иҷро кардани муҳорибаҳои ҷангӣ, ки бо ғалаба анҷом ёфта, талафоти ками ҷониву техникӣ нисбат ба қувваҳои душман  расидааст, пешбинӣ гардида буд.

Дар маҷмӯъ, бо ин ордени олии ҷангӣ 7267 нафар сарфароз  шудаанд.

Аз Тоҷикистон бо ордени Суворов дараҷаи III иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокини деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинги собиқ вилояти Кӯлоб  Саидаҳмад Каримови диловар барои озод кардани зиндони Браденбург-Герден мукофотонида шудааст.

ОРДЕНИ КУТУЗОВ ДАРАҶАҲОИ I, II ВА III

vX4zGmbZreU

 Се дараҷаи ордени Кутузов 29 июли соли 1942 таъсис ёфт ва бори аввал маросими супоридани ордени мазкур 28 январи соли 1943 ба диловарони ҷасури Ватан сурат гирифт.

Бо ордени Кутузов (лоиҳаи рассом Н.И.Москалев) дараҷаи  I фармондеҳони фронтҳо, армия, ҷонишинҳои онҳо ё сардорони штабҳо барои ташкил намудани ақибнишинии маҷбурии ҷузъу томҳои калон бо зарбаи ҷавобӣ задан ба душман, баровардани қӯшунҳо ба ҳудуди (сарҳади) ҷойи нав бо талафоти кам, барои ташкил намудани амалиётҳои калони ҷузъу томҳо ва ба ин монанд мукофотонида мешуданд. Аввалин ордени Кутузов дараҷаи II ба фармондеҳи Армияи 58- ум генерал- майор К.С.Мельник, ки минтақаҳои аз Маздок то Малгобеки Фронти Кавказро мудофиа мекард, тақдим гардид.

Бо ордени Кутузов дараҷаи I — 675 нафар, дараҷаи II — 3326 нафар ва дараҷаи III — 3328 нафар сазовор гардидаанд.

Фароҳамсоз Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

(Идома дар шумораи оянда)