ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод.703, мод. 704; с. 2006, № 3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, № 10, мод. 818; с. 2011, № 3, мод. 160, № 6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, № 7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, № 2, мод. 68, № 7-8, мод. 528; с. 2019, № 4-5, мод. 228, № 6, мод. 323; с. 2020, № 1, мод. 24, № 12, мод. 920; с.2021, № 1-2, мод.18; с. 2022, № 1-3, мод. 19, № 7, мод. 448, № 12, қ. 2, мод. 772; с. 2023, № 11, мод. 473, с. 2024, № 7-11, мод. 540; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.04.2025, №2162), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 5 моддаи 9 калимаи «мушаххаси» ба калимаҳои «иштирокдорони мушаххаси» иваз карда шавад.
2. Дар қисми 1 моддаи 10:
- дар банди 40) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- бандҳои 41) ва 42) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«41) маълумоти пешакӣ – маълумот дар бораи моле, ки интиқоли он аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, воситаҳои нақлиётие, ки ҳамлу нақли байналмилалии чунин молро амалӣ менамоянд, интиқолдиҳанда, вақт ва маҳалли расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи мусофирони ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;
42) мушоияти гумрукӣ - ҳамроҳӣ кардани воситаҳои нақлиёте, ки молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд.».
3. Моддаи 111 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 111. Пешниҳоди маълумоти пешакӣ ба мақомоти гумрук
1. Мақсади пешниҳоди маълумоти пешакӣ ин аз ҷониби мақомоти гумрук гирифтани маълумот дар бораи моле, ки интиқоли он аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, барои арзёбии таваккал ва қабули қарор оид ба интихоби объектҳо, шаклҳои назорати гумрукӣ ва чораҳои таъминкунандаи гузаронидани назорати гумрукӣ то расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, барои суръатбахшии анҷом додани амалиётҳои гумрукӣ ва муносибгардонии гузаронидани назорати гумрукӣ ба ҳисоб меравад.
2. Маълумоти пешакӣ дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук пешниҳод карда мешавад. Дар шакли хаттӣ пешниҳод намудани маълумоти пешакӣ дар ҳолатҳои корношоямии низоми иттилоотии мақомоти гумрук дар натиҷаи камбудиҳои техникӣ, халалдоршавӣ дар кори алоқа (шабакаҳои алоқаи барқӣ ва интернет) ва (ё) дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки ба пешниҳоди маълумоти пешакӣ дар шакли электронӣ имкон намедиҳанд, иҷозат дода мешавад.
3. Маълумоти пешакии дар шакли ҳуҷҷати электронӣ пешниҳодгардида ҳангоми анҷом додани амалиётҳои гумрукии марбут ба огоҳ намудани мақомоти гумрук дар бораи расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ, ҷойгир кардани мол таҳти нигаҳдории муваққатӣ ва декларатсиякунонии мол истифода бурда мешавад.
4. Маълумоти пешакӣ ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ маълумоти пешакиро декларант пешниҳод менамояд. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти дарёӣ, ҳавоӣ ё роҳи оҳан маълумоти пешакӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод карда мешавад.
5. Маълумоти пешакии ба мақоми гумрук пешниҳодгардида тибқи тартиб ва мӯҳлати муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешавад ё бақайдгирии он рад карда мешавад.
6. Маълумоти пешакӣ дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи бақайдгирии он нигоҳ дошта мешавад ва баъди гузаштани ин муҳлат чунин маълумот аз ҷониби мақомоти гумрук ба сифати маълумоти пешакӣ истифода бурда намешавад.
7. Маълумоти пешакӣ метавонад нисбат ба молҳои зерин пешниҳод карда нашавад:
1) молҳое, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ интиқол дода мешаванд;
2) молҳое, ки дар муросилоти байналмилалии почта ирсол карда мешаванд;
3) молҳое, ки дар қисми 1 моддаи 320 ҳамин Кодекс зикр шудаанд;
4) молҳое, ки барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо ва фалокатҳо интиқол дода мешаванд;
5) молҳои таъиноти ҳарбӣ.
8. Маълумоти пешакӣ нисбат ба молҳое, ки тавассути қубур ё хатти барқ интиқол дода мешаванд, пешниҳод карда намешавад.
9. Шакл ва таркиби маълумоти пешакӣ, тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди маълумоти пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд.».
4. Дар банди 1) қисми 2 моддаи 36 калимаҳои «низоми гумрукии байналмилалии транзит» ба калимаҳои «расмиёти гумрукии транзити байналмилалии гумрукӣ» иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 1 моддаи 41 пас аз калимаи «пешакӣ» калимаҳои «тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» илова карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 42 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар банди 1) қисми 4 моддаи 44 калимаи «Ташкилоти» ба калимаи «Созмони» иваз карда шавад.
8. Қисми 2 моддаи 61 хориҷ карда шуда, қисми 3 қисми 2 ҳисобида шавад.
9. Моддаи 63 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 63. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ заруранд
1. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ шахсоне, ки ҳамин Кодекс муайян намудааст, уҳдадоранд ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро ба мақомоти гумрук пешниҳод намоянд.
2. Ҳангоми анҷом додани барасмиятдарории гумрукӣ мақомоти гумрук пешниҳоди танҳо он ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро талаб менамоянд, ки барои таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд ва пешниҳоди онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.
3. Мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро барои расмиёти гумрукӣ ва низомҳои гумрукии алоҳида, бо дар назар доштани шакли декларатсиякунонии мол (электронӣ ё хаттӣ), категорияҳои шахсоне, ки молҳо ва воситаҳои нақлиётро интиқол медиҳанд, намудҳои нақлиёте, ки ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ истифода мешаванд, навъҳои молҳо, мақсадҳои истифодаи мол ва талаботи ин расмиётҳои гумрукӣ ва низомҳои гумрукӣ муайян менамояд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи молҳои алоҳидаро бо нишон додани рамзи мол тибқи Номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи мамнуият ва маҳдудиятҳо, ки пешниҳоди онҳо ҳангоми воридот, содирот ва транзити мол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» зарур аст, муайян менамояд.
5. Номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ бояд расман интишор карда шаванд, аз ҷумла дар сомонаи расмии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҷой дода шаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро муқаррар менамоянд, тибқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибори қонунӣ пайдо менамоянд.
6. Шакл, таркиби маълумот ва тартиби пур кардани ҳуҷҷатҳои гумрукиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд, агар дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
7. Бо мақсади содагардонӣ ва суръатбахшӣ ба раванди барасмиятдарории гумрукӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ истифодашаванда созишномаҳо мебандад.
8. Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд, ки қабули ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро бинобар дар онҳо мавҷуд будани носаҳеҳӣ, ки ба муайян намудани андозаи пардохтҳои гумрукии пардохтшаванда ё ба қабули қарори мақомоти гумрук оид ба татбиқи мамнуият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир намерасонанд, рад намоянд. Агар мақоми гумрук қабули ҳуҷҷатҳои зикршударо рад намояд, ин мақоми гумрук бояд дар бораи сабабҳои рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо шахси пешниҳоднамудаи ин ҳуҷҷатҳоро огоҳ намояд. Бо дархости ин шахс мақоми гумрук огоҳиномаи мазкурро дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод менамояд.
9. Ҳангоми анҷом додани барасмиятдарории гумрукӣ дар шакли электронӣ тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук шахсони муайяннамудаи ҳамин Кодекс ба мақоми гумрук нусхаи электронии ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро пешниҳод менамоянд. Шахсони мазкур уҳдадоранд пешниҳоди нусхаҳои электронии ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзои электронӣ тасдиқ намоянд.
10. Ҳангоми анҷом додани барасмиятдарории гумрукӣ дар шакли хаттӣ ба мақоми гумрук нусхаҳои коғазии ҳуҷҷатҳои зикршуда, ки аз ҷониби шахси чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳоднамуда, декларант ё мақомоти ваколатдори чунин ҳуҷҷатҳоро содирнамуда ё аз ҷониби мақомоти нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд, пешниҳод карда мешаванд. Намудҳои ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳои тасдиқи ҳатмии нотариалии нусхаҳои онҳоро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
11. Ҳолатҳои анҷом додани барасмиятдарории гумрукиро дар шакли электронӣ ва хаттӣ ҳамин Кодекс муқаррар менамояд.
12. Пас аз қабули нусхаҳои ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси низоми идораи таваккал, мақоми гумрук пешниҳоди нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои зеринро талаб менамояд:
1) ҳуҷҷатҳое, ки арзиши гумрукии арзнамудаи декларант ва усули интихобкардаи ӯро барои муайян намудани арзиши гумрукӣ асоснок мекунанд;
2) сертификати истеҳсоли мол, агар мутобиқи ҳамин Кодекс пешниҳоди сертификати истеҳсоли мол шарти татбиқи имтиёзи тарифии арзнамудаи декларант ба ҳисоб равад;
3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи шартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи имтиёзҳои арзнамудаи декларант оид ба пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳо.
13. Дар ҳолати аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо, мақоми гумрук барои декларант дар нусхаи ҳуҷҷатҳо сабт мегузорад. Сабти мазкур бо муҳри шахсии рақамдори шахси мансабдори мақоми гумрук тасдиқ карда мешавад.
14. Дар ҳолати аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани нусхаҳои аслии шартнома, ҳисобнома-фактура (инвойс) ва ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ, пас аз иҷозати мол нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо бояд ба декларант баргардонида шаванд ва дар давоми панҷ сол аз рӯзи бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ нигоҳ дошта шаванд.
15. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ ба мақоми гумрук пешниҳод карда намешаванд, агар мақомоти гумрук тавонад маълумот дар бораи чунин ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти онҳо ва (ё) дигар маълумоти ба мақомоти гумрук барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро аз низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин аз низомҳои иттилоотии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ дар доираи созишномаҳои дахлдори басташуда дастрас намоянд. Дар чунин ҳолат шахсони муайяннамудаи ҳамин Кодекс маълумотро дар бораи ин ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумот дар декларатсияи гумрукӣ нишон медиҳанд ё бо тарзи дигар ба мақомоти гумрук мутобиқи ҳамин Кодекс пешниҳод менамоянд.».
10. Дар банди 1) моддаи 682 калимаҳои «мутобиқи моддаи 384 Кодекси мазкур» ба калимаҳои «ба андозаи 4000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шаванд.
11. Қисми 2 моддаи 77 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Аз лаҳзаи пешниҳоди мол ба мақоми гумрук дар маҳалли расидани он, моли мазкур мақоми таҳти нигаҳдории муваққатӣ қарордоштаро мегирад. Агар мол дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари корӣ таҳти низом ё расмиёти гумрукии муайян ҷойгир карда нашавад, декларант ё намояндаи ваколатдори ӯ уҳдадор аст, ки ҷиҳати ҷойгир намудани мол дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ё дигар ҷой дар ҳудуди ҳамин мақоми гумрук, ки минтақаи назорати гумрукӣ ба ҳисоб меравад, ба мақоми гумрук декларатсияи мухтасар пешниҳод намояд. Бо анҷом ёфтани мӯҳлати ниҳоии нигаҳдории муваққатӣ (моддаи 103 ҳамин Кодекс) мақомоти гумрук моли мазкурро тибқи боби 57 ҳамин Кодекс ихтиёрдорӣ менамоянд.».
12. Боби 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Боби 10. ТРАНЗИТИ ГУМРУКӢ
Моддаи 79. Расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ
1. Расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ расмиёти гумрукие мебошад, ки мутобиқи он моли хориҷӣ тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва татбиқи мамнуияту маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
2. Расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ метавонад байналмилалӣ ё дохилӣ бошад.
3. Транзити гумрукӣ байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, агар моли хориҷӣ тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ байни ҷойи расидани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи баровардани он аз ин ҳудуд (агар ин як қисми роҳе бошад, ки берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва хотима меёбад) интиқол дода шавад.
4. Транзити гумрукӣ дохилӣ ба ҳисоб меравад, агар моли хориҷӣ тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалли расидани он то маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумруки таъинот, аз маҳалли ҷойгиршавии моли хориҷӣ ҳангоми декларатсиякунонии он то маҳалли баровардани он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ва (ё) байни анборҳои гумрукӣ интиқол дода шавад.
5. Молҳои хориҷии зерин барои интиқол тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ ҷойгир карда намешаванд:
1) моли дар ҳавопаймоҳо ҷойгиршуда, ки он ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ ба таври муваққатӣ ё маҷбурӣ (техникӣ) дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе фаровардани чунин мол фуруд омадааст;
2) моле, ки баъди расидан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли расидани молро ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарк накардааст ва аз ин ҳудуди гумрукӣ берун бароварда мешавад;
3) молҳои дигар дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс.
6. Моле, ки тавассути қубур ва хатти барқ интиқол дода мешавад, таҳти расмиёти транзити гумрукии дохилӣ ҷойгир карда намешавад.
7. Транзити гумрукии муросилоти байналмилалии почта тибқи моддаи 319 ҳамин Кодекс амалӣ карда мешавад.
8. Тартиби барасмиятдарории гумрукии транзити гумрукиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
Моддаи 80. Иҷозат барои расмиёти транзити гумрукӣ
1. Расмиёти транзити гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумруке, ки дар минтақаи фаъолияти он ҳамлу нақли мол мутобиқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ (мақоми гумруки ирсолкунанда) оғоз мегардад, дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук ё дар шакли хаттӣ иҷозат дода мешавад.
2. Расмиёти транзити гумрукӣ ба шахсони зерин иҷозат дода мешавад:
1) интиқолдиҳанда;
2) экспедитор, агар ӯ шахси ватанӣ бошад;
3) шахсони дар қисми 7 ҳамин модда зикршуда.
3. Расмиёти транзити гумрукӣ ҳангоми риояи шартҳои зерин иҷозат дода мешавад, агар:
1) воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) транзити он тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашуда бошад;
2) нисбат ба моли воридшаванда дар маҳалли расидани он назорати сарҳадӣ ва дигар намуди назорати давлатии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда бошад;
3) нисбат ба мол ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интиқоли мол тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда бошанд;
4) нисбат ба мол декларатсияи транзитӣ пешниҳод шуда бошад;
5) ҳаммонандсозии мол тибқи моддаи 83 ҳамин Кодекс таъмин шуда бошад;
6) воситаи нақлиёт тибқи моддаи 84 ҳамин Кодекс ба таври дахлдор муҷаҳҳаз бошад, дар ҳолате, ки мол таҳти тамға (пломба) ва муҳрҳои гумрукӣ интиқол дода мешавад;
7) барои таъмини расонидани мол ва воситаҳои нақлиёт тибқи моддаи 86 ҳамин Кодекс тадбирҳо андешида шуда бошанд.
4. Баъди пешниҳоди мол ба мақоми гумруки ирсолкунанда ва баъди итминон ҳосил намудани ин мақоми гумрук ба риояи шартҳои қисми 3 моддаи мазкур, расмиёти транзити гумрукӣ фавран, вале на дертар аз 24 соат аз лаҳзаи қабули декларатсияи транзитӣ иҷозат дода мешавад.
5. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар бораи ба интиқолдиҳанда ё экспедитор иҷозат надодан ба расмиёти транзити гумрукӣ қарор қабул менамояд, агар ин интиқолдиҳанда ё экспедитор якчанд маротиба уҳдадориҳо оид ба интиқоли молро таҳти расмиёти транзити гумрукӣ иҷро накарда бошад ва ин ҳолатҳо бо қарорҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи таъини ҷазои маъмурӣ аз рӯйи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муқаррар шуда бошанд ва агар ҳадди ақал яке аз қарорҳои мазкур иҷро нашуда бошанд ё ин интиқолдиҳанда ё экспедитор уҳдадорӣ оид ба супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукиро иҷро накарда бошад.
6. Қарори мазкур бояд дар давоми 5 рӯзи баъди супоридани ҷаримаи маъмурӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ мутобиқи ҳамин Кодекс бекор карда шавад ва интиқолдиҳанда ё экспедиторе, ки нисбат ба он чунин қарор қабул шудааст, дар мӯҳлати мазкур ба таври электронӣ ё хаттӣ огоҳ карда шавад.
7. Ҳангоми интиқоли мол тибқи транзити дохилии гумрукӣ ба маҳалли расонидани мол (моддаи 85 ҳамин Кодекс), ки маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумрук намебошад, иҷозати транзити дохилии гумрукӣ ба таври истисно ба шахсе дода мешавад, ки тибқи ҳамин Кодекс ба зиммааш нигаҳдории мол ва иҷрои дигар амалиёт бо мол дар маҳалли расонидани мол гузошта шудааст. Дар ин ҳолат шахси мазкур уҳдадорӣ ва масъулияти барои экспедитор муқаррарнамудаи ҳамин бобро бо дар назар доштани ҳолатҳои қисми 5 моддаи 92 ҳамин Кодекс ба зимма дорад.
8. Агар барои расмиёти транзити гумрукӣ бинобар риоя накардани шартҳои муқаррарнамудаи бандҳои 1)-3) қисми 3 ҳамин модда иҷозат дода нашавад, мақоми гумрук интиқоли молро ба ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ ё дигар ҷойҳое, ки минтақаи назорати гумрукӣ мебошанд, бо шарти мушоияти гумрукии воситаи нақлиёти интиқолдиҳандаи ин мол иҷозат медиҳад.
Моддаи 81. Декларатсияи транзитӣ
1. Барои таҳти расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ ҷойгир кардани мол ба мақоми гумруки ирсолкунанда декларатсияи транзитӣ ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби декларант ва ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти дарёӣ, ҳавоӣ ё роҳи оҳан аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод карда мешавад.
2. Декларатсияи транзитӣ дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук пешниҳод карда мешавад. Дар шакли хаттӣ пешниҳод намудани декларатсияи транзитӣ дар ҳолатҳои корношоямии низоми иттилоотии мақомоти гумрук дар натиҷаи камбудиҳои техникӣ, халалдоршавӣ дар кори алоқа (шабакаҳои алоқаи барқӣ ва интернет), набудани неруи барқ ва (ё) дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки ба пешниҳоди декларатсияи транзитӣ дар шакли электронӣ имкон намедиҳанд, иҷозат дода мешавад.
3. Шакл, таркиби маълумот ва тартиби пур кардани декларатсияи транзитиро дар шакли электронӣ ва шакли хаттӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
4. Маълумоти пешакии тибқи моддаи 111 ҳамин Кодекс пешниҳодгардида баъди қабули он аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда барои таҳти расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ ҷойгир кардани мол ҳамчун декларатсияи транзитӣ истифода бурда мешавад.
5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати декларатсияи транзитӣ мумкин аст ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (боркашонӣ), тиҷоратӣ ва (ё) дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии мазкур пешниҳод карда шаванд.
6. Агар ҳуҷҷатҳои мутобиқи қисми 5 ҳамин модда пешниҳодшуда ҳамчун декларатсияи транзитӣ қабул карда шаванд, шахси мансабдори мақоми гумрук дар чунин ҳуҷҷатҳо қайди дахлдор мегузорад.
Моддаи 82. Мӯҳлати транзити гумрукӣ
1. Мӯҳлати ниҳоии транзити гумрукӣ, агар интиқол тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан сурат гирад, наметавонад аз мӯҳлати ба ҳисоби 2000 километр дар як моҳ муайяншуда зиёд бошад ва агар интиқол тавассути нақлиёти ҳавоӣ сурат гирад, ин мӯҳлат аз рӯзи гирифтани иҷозат барои транзити гумрукӣ набояд аз 3 рӯз зиёд бошад.
2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда мӯҳлатҳои мушаххаси транзити гумрукиро вобаста ба мӯҳлати муқаррарии интиқоли мол, навъи нақлиёт ва хатсайри интиқоли мол муайян менамояд.
3. Ҳангоми додани иҷозати транзити гумрукӣ мӯҳлати транзити гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда тибқи қисми 2 ҳамин модда бо дар назар доштани имкониятҳои воситаи нақлиёт ва дигар шароити ҳамлу нақл муқаррар карда мешавад.
4. Бо дархости асосноки интиқолдиҳанда, декларант ё намояндаи ваколатдори ӯ мақоми гумрук мӯҳлати муқарраргардидаи транзити гумрукиро тибқи қисми 2 ҳамин модда тамдид менамояд. Агар ҳангоми интиқоли мол таҳти расмиёти транзити гумрукӣ интиқолдиҳанда дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир молро дар мӯҳлати аввали муқарраргардида расонида натавонад, мақоми гумрук дар асоси дархости асосноки интиқолдиҳанда, декларант ё намояндаи ваколатдори ӯ мӯҳлати транзити гумрукиро дар доираи мӯҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда тамдид менамояд.
Моддаи 83. Ҳаммонандсозии мол ва ҳуҷҷатҳои он
1. Ҳангоми иҷозат додани расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ мақоми гумруки ирсолкунанда молро бо мақсади барои мақоми гумруки таъинот имконпазир гардидани ошкорсозии ҳолати гирифтани мол аз воситаи нақлиёт, иловатан бор кардани мол ба воситаи нақлиёт ё нисбат ба мол иҷро кардани дигар амалҳо, ки ҳангоми интиқоли мол мумкин аст содир карда шаванд, ҳаммонанд месозад.
2. Бо мақсади ҳаммонандсозии мол мақоми гумруки ирсолкунанда воситаҳои зеринро истифода менамояд:
1) гузоштани тамғаҳо (пломбаҳо)-и гумрукӣ ва муҳрҳо ба нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда;
2) тамғагузории рақамӣ, ҳарфӣ ё тамғагузории дигар, гузоштани тамға (пломба) ва муҳрҳо ба ҷойҳои алоҳидаи бор;
3) гузоштани штамп;
4) гирифтани чошнӣ ва намунаҳо;
5) тавсифи мол ва воситаҳои нақлиёт;
6) истифодаи нақшаҳо, суратҳои калонҳаҷми таҳияшуда, аксҳо, видеосабтҳо, ороишҳо;
7) истифодаи нақшаҳои таҳиянамудаи шахсони мансабдори мақомоти гумрук, суратҳои калонҳаҷми таҳияшуда, аксҳо, видеосабтҳо, ороишҳо;
8) истифодаи воситаҳои ҳаммонандсозии электронӣ, аз ҷумла рамзи вокуниши фаврӣ (QR-рамз);
9) воситаҳои дигари имкондиҳандаи ҳаммонандсозии мол, инчунин тамғаҳо (пломбаҳо)-и ирсолкунандаи мол.
3. Мақомоти гумрук тамғаҳо (пломбаҳо)-и гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷиро истифода мебаранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар:
1) тамғаҳо (пломбаҳо)-и гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозӣ аз ҷониби мақоми гумруки ирсолкунанда нокифоя ё ба мизони муайяннамудаи қисми 1 моддаи 84 ҳамин Кодекс беэътимод ҳисобида шаванд;
2) мақоми гумруки ирсолкунанда муоинаи гумрукии молро анҷом диҳад.
4. Агар мақомоти гумрук тамғаҳо (пломбаҳо)-и гумрукӣ ё воситаҳои дигари ҳаммонандсозии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷиро истифода баранд, барои тағйир додан, нест ё нобуд кардан ё хароб намудани ин воситаҳои ҳаммонандсозӣ мамнуиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс нисбат ба воситаҳои ҳаммонандсозии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
5. Мақомоти гумрук ҳаммонандсозии ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ), инчунин, ҳуҷҷатҳои тиҷоратии моли дар ихтиёри интиқолдиҳанда бударо барои мақсадҳои гумрукӣ амалӣ менамоянд.
6. Барои мақсадҳои ҳаммонандсозии ҳуҷҷатҳо мақомоти гумрук воситаҳои зеринро истифода менамоянд:
1) гузоштани муҳр ва штамп дар ҳуҷҷатҳо;
2) гузоштани воситаҳои махсуси часпанда ва махсуси ҳимоятӣ;
3) ҷойгир намудани ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ зарурӣ дар қисматҳои боргузории воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо ё бордонҳои ҷудошаванда, ки ба онҳо тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ гузошта мешаванд;
4) гузоштани ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ зарурӣ дар сейф-лифофаҳо.
7. Бо мақсади ҳаммонандсозии мол ҳангоми расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои гумрукӣ, аз ҷумла дар декларатсияи транзитӣ, рамзи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рамзгузории электронии мол нишон дода мешавад.
8. Тағйир додан, гирифтан, несту нобуд сохтан ё иваз кардани воситаҳои ҳаммонандсозӣ бе иҷозати мақоми гумрук манъ аст.
9. Тартиби истифодабарӣ, тағйир додан, гирифтан, иваз кардани воситаҳои ҳаммонандсозӣ ва талабот нисбат ба онҳоро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
Моддаи 84. Талабот нисбат ба сохт ва дараҷаи муҷаҳҳазии воситаи нақлиёт, контейнер ва бордони ҷудошаванда барои гузоштани тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ҳангоми интиқоли мол
1. Воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда барои интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба)-и гумрукӣ, аз ҷумла тамға (пломба)-и электронӣ бо шарте иҷозат дода мешаванд, ки ин воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда чунон сохта ва муҷаҳҳаз шуда бошад, ки:
1) гузоштани тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ба таври одӣ, эътимодбахш ва мустақиман ба воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда имконпазир бошад;
2) гирифтан ё иловатан бор кардани мол аз/ба қисми тамғашуда (пломбашуда)-и бордони воситаи нақлиёт бидуни боқӣ гузоштани пайҳои назарраси кушодани бордони воситаи нақлиёт ё хароб кардани тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ғайриимкон бошад;
3) воситаи нақлиёт ва бордони он барои пинҳон намудани мол ҷойҳои махфӣ надошта бошад;
4) ҳамаи ҷойҳое, ки ҷойгир кардани мол дар онҳо имконпазир аст, барои азназаргузаронии гумрукӣ дастрас бошанд.
2. Талаботи муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда риоягардида ҳисобида мешаванд, агар воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ҷавобгӯйи талаботи техникии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бошад.
3. Мақоми гумруки ирсолкунанда воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошавандаро барои интиқол додани мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ дар рӯзи муроҷиати шахси манфиатдор иҷозат медиҳад, агар воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда қаблан барои интиқол додани мол бо истифодаи тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ иҷозат нашуда бошад.
4. Мувофиқати воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида метавонад пешакӣ, бо роҳи дастрас кардани гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ тасдиқ карда шавад.
5. Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ бо тартиби зайл дода мешавад:
1) инфиродӣ;
2) вобаста ба навъи сохтор (силсила)-и воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда.
6. Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ аз тарафи мақоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯз аз рӯзи гирифтани аризаи мазкур дода мешавад. Гувоҳномаи мазкур то лаҳзаи дар конструксияи воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба вуҷуд омадани тағйирот эътибор дорад.
7. Гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда ба интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи соҳибии воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда эътибори худро нигоҳ медорад. Шакли гувоҳнома дар бораи иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошаванда барои интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ ва тартиби додани он аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
8. Мақомоти гумрук пешакӣ иҷозат додани воситаи нақлиёт, контейнер ё бордони ҷудошавандаро барои интиқоли мол бо истифода аз тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои зерин, талаб наменамоянд:
1) агар интиқоли мол аз ҷониби боркашони гумрукӣ анҷом дода шавад;
2) иҷозати пешакӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
Моддаи 85. Маҳалли расонидани мол ҳангоми транзити гумрукӣ
1. Ҳангоми расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ маҳалли расонидани молро интиқолдиҳанда, декларант ё намояндаи ваколатдори ӯ дар декларатсияи транзитӣ муайян менамояд. Маҳалли расонидани мол минтақаи назорати гумрукӣ мебошад, ки дар минтақаи фаъолияти мақоми гумруки таъинот ҷойгир шудааст. Дар ин ҳолат моли интиқолшаванда аз маҳалли расиданаш (моддаи 69 ҳамин Кодекс) ба маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумрук (моддаи 464 ҳамин Кодекс) расонида мешавад.
2. Дар сурати тағйир ёфтани маҳалли таъинот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт ҳангоми транзити гумрукӣ интиқолдиҳанда ҳуқуқ дорад ба мақоми гумрук бо дархости тағйир додани маҳалли расонидани мол муроҷиат намояд. Дар ин ҳолат интиқолдиҳанда метавонад ба ҳама гуна мақоми гумруке, ки дар хатсайри он мавҷуд аст, бо ариза, ки дар шакли озод таҳия шудааст, дар бораи тағйир додани маҳалли таъинот муроҷиат намояд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тағйир додани маҳалли таъинот, инчунин ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 92 ҳамин Кодексро пешниҳод кунад.
3. Қарор дар бораи тағйир додани маҳалли расонидани мол аз ҷониби мақоми гумрук дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи дигари қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ қабул карда мешавад.
Моддаи 86. Тадбирҳои расонидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба маҳалли таъинот ҳангоми транзити гумрукӣ
1. Барои расонидани мол ва воситаҳои нақлиёт ба маҳалли таъинот яке аз тадбирҳои зерин андешида мешавад:
1) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи боби 46 ҳамин Кодекс;
2) мушоияти гумрукӣ;
3) тадбирҳои дигари пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти транзити гумрукӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ муқаррароти қисми 1 ҳамин модда татбиқ намегардад.
Моддаи 87. Хатсайри интиқоли мол ҳангоми транзити гумрукӣ
1. Хатсайри интиқоли мол ҳангоми транзити гумрукӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда тибқи хатсайрҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад. Риояи хатсайри интихобнамудаи интиқолдиҳанда ҳангоми интиқоли мол барои ӯ ҳатмӣ мебошад.
2. Хатсайри интиқоли молҳое, ки нисбат ба онҳо ҳангоми интиқол тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои зуд-зуд вайрон гардидани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ё нисбат ба онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуият ва маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд, аз ҷониби мақомоти гумрук муайян карда мешавад.
3. Тағйир додани хатсайр бо иҷозати мақоми гумрук сурат мегирад.
Моддаи 88. Ҷавобгарии интиқолдиҳанда ва экспедитор ҳангоми транзити гумрукӣ
1. Ҳангоми нарасонидани моли хориҷӣ ба мақоми гумруки таъинот интиқолдиҳанда ё экспедитор, агар барои расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ экспедитор иҷозат гирифта бошад, уҳдадор аст боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳоро тибқи талаботи ҳамин Кодекс ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт кунанд.
2. Агар молро интиқолдиҳанда ба қабулкунанда ё шахси дигар бе иҷозати мақоми гумрук дода бошад, шахсе, ки ин молро ба соҳибӣ гирифтааст, барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул мебошад, агар муқаррар карда шавад, ки ҳангоми гирифтани чунин мол ин шахс дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ буд ё бояд огоҳ мебуд.
3. Интиқолдиҳанда ва экспедитор барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул намебошанд, агар мол дар натиҷаи садама, таъсири қувваи рафънопазир ё коҳиши табиӣ дар шароити муқаррарии интиқол (борбарӣ) нобуд ё бебозгашт талаф шуда бошад.
4. Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд ба интиқолдиҳанда ё экспедитор дар асоси он, ки интиқол тавассути хатсайри муайяншуда сурат нагирифтааст ё мӯҳлати муайяншудаи транзити гумрукӣ риоя нашудааст, оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз талабот пешниҳод намоянд, агар шартҳо ва талаботи дигари муайянкардаи ҳамин боб иҷро шуда бошанд.
5. Агар ҳангоми транзити гумрукӣ мол аз як воситаи нақлиёт ба дигар воситаи нақлиёт аз нав бор карда шавад, масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба зимаи интиқолдиҳанда ё экспедиторе хоҳад буд, ки интиқоли молро то маҳалли расонидани он идома медиҳад.
6. Ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти роҳи оҳан мутобиқи транзити гумрукӣ масъулият барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба зиммаи роҳи оҳан, ки молро талаф кардааст ё онро бе иҷозати мақоми гумрук додааст, гузошта мешавад. Мақомоти гумрук талабот оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро ба роҳи оҳани таъинот пешниҳод менамоянд. Муқаррароти ҳамин қисм татбиқ намегарданд, агар иҷозати транзити гумрукӣ ба экспедитор дода шуда бошад ё интиқоли мол тибқи муросилоти мустақими омехта ба интиқолдиҳандаи навъи дигари нақлиёт дода шуда бошад.
Моддаи 89. Азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиёт нисбат ба мол
1. Азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиёт бо мол, ки тибқи транзити гумрукӣ интиқол дода мешавад, бо иҷозати мақоми гумруке, ки дар минтақаи фаъолияти он амалиёти дахлдор бо мол амалӣ мегардад, анҷом дода мешавад. Агар азнавборкунии мол аз як воситаи нақлиёт ба дигар воситаи нақлиёт бе вайрон кардани тамға (пломба) ва муҳри гумрукӣ имконпазир бошад, чунин азнавборкунӣ баъди пешакӣ огоҳ намудани мақоми гумруке, ки дар минтақаи фаъолияти он нисбат ба мол ин амалиёт амалӣ мегардад, иҷозат дода мешавад. Тартиби огоҳ намуданро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
2. Мақоми гумрук амалиёти азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиёт бо молро танҳо дар ҳолате иҷозат намедиҳад, ки агар амалисозии онҳо боиси нобудшавии мол ё тағйирёбии хусусияти он гардад.
Моддаи 90. Уҳдадориҳои интиқолдиҳанда ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ
Ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ интиқолдиҳанда уҳдадор аст:
1) дар мӯҳлати муайяннамудаи мақоми гумрук мол ва ҳуҷҷатҳои онро тибқи хатсайри муайяншуда ба маҳалли молрасонӣ расонад;
2) ҳифзи мол, тамға (пломба)-и гумрукӣ, муҳр ва дигар воситаҳои ҳаммонандсозиро, агар онҳо истифода шуда бошанд, таъмин намояд;
3) бе иҷозати мақомоти гумрук азнавборкунӣ, борфарорӣ, борбардорӣ ва дигар амалиётро бо мол анҷом надиҳад, ба истиснои азнавборкунии бор ба дигар воситаи нақлиёт, ки дар қисми 1 моддаи 89 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст.
Моддаи 91. Тадбирҳои андешидашаванда ҳангоми садама ва (ё) таъсири қувваи рафънопазир, ки монеи интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт ҳангоми транзити гумрукӣ мегарданд
1. Ҳангоми садама ва (ё) таъсири қувваи рафънопазир интиқолдиҳанда уҳдадор аст:
1) барои таъмини ҳифзи мол ва воситаҳои нақлиёт тамоми тадбирҳои заруриро андешад;
2) дар бораи ҳодисаи рухдода ба мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ бетаъхир хабар диҳад ва минбаъд мақоми гумруки наздиктаринро огоҳ созад. Мақоми гумруки огоҳиёфта уҳдадор аст, бетаъхир мақоми гумруки ирсолкунанда ва таъинотро хабар диҳад, инчунин дар бораи имконияти интиқоли минбаъдаи мол бо риояи расмиёти транзити гумрукӣ қарор қабул кунад.
2. Мақомоти гумрук хароҷоти интиқолдиҳандаро вобаста ба андешидани тадбирҳои дар ҳамин модда пешбинишуда ҷуброн намекунанд.
Моддаи 92. Анҷом ва қатъи амали расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ
1. Мақоми гумруке, ки ба он мол расонида мешавад (мақоми гумруки таъинот), бо расидани воситаи нақлиёт ба маҳалли молрасонӣ ҳолати мазкурро тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук фавран тасдиқ менамояд.
2. Мол дар минтақаи назорати гумрукии дар маҳалли молрасонӣ ҷойгирбуда то анҷоми расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ, аз ҷумла бе фаровардани мол аз воситаи нақлиёт ҷойгир карда мешавад.
3. Ҷойгиркунии воситаи нақлиёт ва мол дар минтақаи назорати гумрукӣ дар ҳар вақту соат иҷозат дода мешавад.
4. Барои анҷом додани амали расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ интиқолдиҳанда уҳдадор аст, ки ба мақоми гумруки таъинот мол ва ҳуҷҷатҳои онро дар мӯҳлати зерин пешниҳод намояд:
1) ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти автомобилӣ дар давоми 1 соат аз лаҳзаи расонидани мол ба маҳалли молрасонӣ ва ҳангоми берун аз вақти кории мақоми гумруки таъинот расонидани мол, дар давоми 1 соат аз лаҳзаи оғози вақти кории ин мақоми гумрук;
2) ҳангоми интиқоли мол тавассути нақлиёти ҳавоӣ ё роҳи оҳан, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи нақша (ҷадвал)-и технологии фурудгоҳ ё истгоҳи роҳи оҳан, вале мӯҳлати мазкур наметавонад аз 12 соат аз лаҳзаи расонидани мол ба маҳалли молрасонӣ зиёд бошад.
5. Ҳангоми интиқоли мол ба маҳалли молрасонӣ, ки маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумрук (қисми 7 моддаи 80 ҳамин Кодекс) намебошад, транзити дохилии гумрукӣ метавонад бе пешниҳоди мол ба мақоми гумруки таъинот хотима ёбад. Шахси барои транзити дохилии гумрукӣ иҷозатгирифта уҳдадор аст молро барои нигаҳдорӣ қабул намуда, ба иҷрои амале, ки боиси тағйир ёфтани ҳолати мол, вайроншавии бастабандии он мегардад, инчунин ба истифода ва ихтиёрдории мол то лаҳзаи аз ҷониби мақоми гумрук тасдиқ ёфтани расонидани мол ба анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, анбори гумрукӣ ё ҷойи дигар, ки тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб чун ҷойи молрасонӣ муайян шудааст, роҳ надиҳад. Зимнан, мол бояд дар бинои алоҳида ё дар ҳудуди иҳоташуда ҷой дода шуда, бо лавҳаи дорои иттилооте, ки ҳаммонандсозии онро имконпазир мегардонад, таъмин карда шавад.
6. Мақоми гумруки таъинот дар давоми 1 соат аз лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида қабули онҳоро тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд мегирад.
7. Мақоми гумруки таъинот амали расмиёти гумрукии транзити гумрукиро дар мӯҳлати кутоҳтарини имконпазир, вале на дертар аз 3 соати вақти кории мақоми гумрук аз лаҳзаи бақайдгирии қабули ҳуҷҷатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида ба анҷом мерасонад ва агар қабули ҳуҷҷатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида дар мӯҳлати камтар аз 3 соат то ба охир расидани вақти кории мақоми гумруки таъинот ба қайд гирифта шуда бошад, ин мақоми гумрук амали расмиёти гумрукии транзити гумрукиро дар давоми 3 соат аз лаҳзаи оғози вақти корӣ ба анҷом мерасонад. Ҳамзамон ба давомнокии ин 3 соат давомнокии мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо, ки то ба охир расидани вақти кории мақоми гумруки таъинот сипарӣ гардида буд, ба инобат гирифта мешавад.
8. Агар мақоми гумруки таъинот дар бораи гузаронидани муоинаи гумрукӣ қарор қабул намояд, мӯҳлати анҷом додани расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ метавонад ба мӯҳлати барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ зарурӣ тамдид карда шавад, вале ин мӯҳлат наметовонад аз 5 рӯзи корӣ аз рӯзи бақайдгирии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикргардида бештар бошад.
9. Транзити гумрукии байналмилалӣ бо баровардани моли транзитӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом меёбад. Ҳангоми баровардани моли транзитӣ бо маҷмуи алоҳида транзити байналмилалии гумрукӣ баъди баровардани маҷмуи охирини мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта ба ҳисоб меравад. Транзити байналмилалии гумрукӣ дар сурати риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс метавонад бо ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии дигар анҷом ёбад.
10. Амали шахсони мансабдори мақомоти гумрук оид ба анҷом додани расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ бо истифодаи низоми иттилоотии мақомоти гумрук ё дар ҳолатҳои декларатсиякунонии хаттӣ, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, бо роҳи гузоштани қайди дахлдор дар декларатсияи транзитӣ ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳамчун декларатсияи транзитӣ истифода мешаванд, ба расмият дароварда мешавад.
11. Баъд аз анҷоми транзити дохилии гумрукӣ мол дар минтақаи назорати гумрукии дар маҳалли молрасонӣ ҷойгирбуда, аз ҷумла бе фаровардани мол аз воситаи нақлиёт ҷойгир карда мешавад. Мақоми гумруки таъинот баҳисобгирӣ ва назорати гумрукии молро дар маҳалли молрасонӣ таъмин менамояд.
12. Новобаста ба шакли моликият ташкилоте, ки иншоот, биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушоди маҳалли молрасонӣ таҳти моликият, пешбурди хоҷагидорӣ, идоракунии оперативӣ ё иҷораи он қарор доранд, уҳдадор аст баровардани молро аз ҳудуди ин иншоот, биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушод бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ роҳ надиҳад.
13. На дертар аз рӯзи дигари корӣ аз лаҳзаи анҷоми транзити дохилии гумрукӣ мол бо пешниҳоди декларатсияи мухтасар аз ҷониби декларант дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешавад, агар мол дар ин мӯҳлат таҳти низоми гумрукии муайян ҷойгир карда нашуда бошад.
14. Дар ҳолатҳое, ки агар моли таҳти расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ интиқолшаванда дар натиҷаи садама, ҳодисаи рафънопазир ё талафи табиӣ пурра нобуд гардад, амали расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ қатъ карда мешавад.».
13. Ба қисми 2 моддаи 93 пас аз калимаҳои «ҳамин Кодекс» аломат ва калимаҳои «, аз ҷумла бо пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ (боби 46),» илова карда шаванд.
14. Банди 2) моддаи 94 хориҷ карда шуда, бандҳои 3), 4) ва 5) мувофиқан бандҳои 2), 3) ва 4) ҳисобида шаванд.
15. Дар моддаи 95:
- банди 6) қисми 2 хориҷ карда шуда, банди 7) банди 6) ҳисобида шавад;
- банди 4) қисми 3 хориҷ карда шуда, бандҳои 5) ва 6) мувофиқан бандҳои 4) ва 5) ҳисобида шаванд.
16. Банди 2) қисми 1 моддаи 96 хориҷ карда шуда, банди 3) банди 2) ҳисобида шавад.
17. Ба моддаи 101 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Нигаҳдории муваққатии мол дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ бо пешниҳоди таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи муқаррароти боби 46 ҳамин Кодекс сурат мегирад.».
18. Дар қисми 2 моддаи 102 калимаҳои «на дертар аз рӯзи дигари корӣ баъд аз ба мақоми гумрук пешниҳод намудани мол ва воситаҳои нақлиёт» ба калимаҳои «дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 77 ва қисми 13 моддаи 92 ҳамин Кодекс» иваз карда шаванд.
19. Дар қисми 1 моддаи 103 рақам ва калимаҳои «ду моҳ» ва «4 моҳ» мувофиқан ба рақам ва калимаҳои «15 рӯз» ва «90 рӯз» иваз карда шаванд.
20. Дар қисми 3 моддаи 106 калимаҳои «ё барои нигаҳдории моли муайян, аз ҷумла муомилоташ маҳдуд ва (ё) талабкунандаи шароити махсуси нигаҳдорӣ» хориҷ карда шаванд.
21. Дар қисми 1 моддаи 109:
- банди 2) хориҷ карда шавад;
- банди 3) банди 2) ҳисобида шуда, пас аз калимаҳои «фаро расад» калимаҳои «ба истиснои анбори нигаҳдории муваққатии пӯшида» илова карда шаванд.
22. Дар моддаи 110:
- аз банди 3) қисми 2) аломат ва калимаҳои «(барои анбори пӯшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани интихоби чунин анбор)» хориҷ карда шаванд;
- банди 5) қисми 2 хориҷ карда шавад;
- банди 6) қисми 2 банди 5) ҳисобида шуда, пас аз калимаҳои «аризадиҳанда» калимаҳои «барои анбори нигаҳдории муваққатии кушода» илова карда шаванд;
- банди 4) қисми 3 хориҷ карда шуда, бандҳои 5) ва 6) мувофиқан бандҳои 4) ва 5) ҳисобида шаванд;
- дар банди 6) қисми 3 пас аз калимаи «суғурта» калимаҳои «барои анбори нигаҳдории муваққатии кушода» илова карда шаванд.
23. Банди 3) қисми 2 моддаи 111 хориҷ карда шуда, бандҳои 4) ва 5) мувофиқан бандҳои 3) ва 4) ҳисобида шаванд.
24. Ба банди 2) қисми 1 моддаи 112 пас аз калимаҳои «баҳисобгирии» ва «қарордоштаро» мувофиқан калимаҳои «электронии» ва «тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук» илова карда шаванд.
25. Қисми 2 моддаи 117 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Ҳангоми иҷозат додан барои нигаҳдории муваққатии мол дар анбори қабулкунандаи мол тибқи банди 2) қисми 1 ҳамин модда пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс талаб карда мешавад.».
26. Дар қисми 1 моддаи 121 пас аз калимаҳои «декларатсияи гумрукӣ» калимаҳои «ё огоҳсозии мақоми гумрук тибқи қисми 8 моддаи 136 ҳамин Кодекс» илова карда шуда, калимаҳои «низоми гумрукии» ба калимаҳои «расмиёти гумрукии» иваз карда шаванд.
27. Боби 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Боби 14. ДЕКЛАРАТСИЯ КАРДАНИ МОЛ
Моддаи 123. Моле, ки бояд декларатсия карда шавад
Мол ҳангоми интиқол аз сарҳади гумрукӣ, тағйири низоми гумрукӣ, инчунин дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи моддаҳои 183, 184, 247 ва 435 ҳамин Кодекс бояд декларатсия карда, ба мақоми гумрук пешниҳод шавад.
Моддаи 124. Декларатсия кардани мол
1. Декларатсия кардани мол дар шакли электронӣ тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук амалӣ карда мешавад.
2. Мол аз ҷониби декларант ё бо интихоби ӯ аз ҷониби брокери гумрукӣ (намоянда) декларатсия карда мешавад.
3. Декларатсия кардани мол дар шакли хаттӣ дар ҳолатҳои корношоямии низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук дар натиҷаи камбудиҳои техникӣ, халалдоршавӣ дар кори алоқа (шабакаҳои алоқаи барқӣ ва шабакаи интернет), набудани неруи барқ ва (ё) дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки ба декларатсиякунонии электронӣ имкон намедиҳанд, иҷозат дода мешавад.
4. Тартиби дар шакли хаттӣ декларатсия кардани молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мекунад.
5. Декларатсия кардани мол дар шакли шифоҳӣ ва конклюдентӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
6. Вобаста ба шаклҳои электронӣ ва хаттии декларатсия кардани мол декларатсияи гумрукӣ дар шакли ҳуҷҷати электронӣ ё декларатсияи гумрукӣ дар шакли ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ ҳамчун декларатсияи гумрукӣ истифода мешаванд.
7. Шакл, таркиби маълумот ва тартиби ворид намудани маълумот ба декларатсияи электронии молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
8. Пешниҳоди декларатсияи электронии гумрукӣ ба мақомоти гумрук бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ тасдиқ карда мешавад.
9. Декларатсияи гумрукӣ дар ҳомили коғазӣ аз ҷониби шахсе, ки онро тартиб додааст, тасдиқ гардида, аз ҷониби корманди ин шахси ҳуқуқӣ имзо карда мешавад. Тасдиқи декларатсияи гумрукӣ дар ҳомили коғазӣ бо гузоштани муҳр сурат мегирад, агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси тартибдодаи декларатсияи гумрукӣ муҳр доштанаш ҳатмӣ бошад.
10. Шакл, таркиби маълумот ва тартиби пур кардани декларатсияи мол дар ҳомили коғазиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
11. Дар декларатсияи гумрукӣ бояд танҳо маълумоте зикр гардад, ки барои ҳисоб ва ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ташаккули омори гумрукӣ ва татбиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд.
12. Ҳангоми истифодаи декларатсияи гумрукӣ ба сифати ҳуҷҷати баҳисобгирӣ барои назорати асъор, ки мақомоти гумрук анҷом медиҳанд, дар декларатсияи гумрукӣ бояд маълумоте низ зикр шаванд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор барои чунин мақсадҳо заруранд.
13. Дар ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс шакл ва тартиби декларатсия кардани молро танзим накардааст, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ онро муайян менамояд.
Моддаи 125. Маҳалли декларатсия кардани мол
1. Декларатсияи гумрукӣ мумкин аст ба ҳар мақоми гумрук, ки ҳуқуқи қабули декларатсияро дорад, пешниҳод гардад.
2. Бо мақсади таъмини самаранокии назорати риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад мақомоти гумруки дахлдорро барои декларатсия кардани намудҳои алоҳидаи мол танҳо дар ин ҳолатҳо муайян кунад:
1) ҳангоми зарурати истифодаи таҷҳизоти махсусгардонидашуда ва (ё) донишҳои махсус барои барасмиятдарории гумрукии чунин мол, ба монанди арзишҳои фарҳангӣ, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ, маводди радиоактивӣ ва таҷзияшаванда;
2) вобаста ба навъи нақлиёти дар интиқоли байналмилалии мол истифодашаванда (автомобилӣ, дарёӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан, қубурӣ ва хатти интиқоли барқ);
3) ҳангоми интиқоли намудҳои алоҳидаи мол аз сарҳади гумрукӣ, ки нисбат ба онҳо ҳолатҳои зуд-зуд вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ё мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуият ва маҳдудият муқаррар гардидааст;
4) ҳангоми зарурати гузаронидани назорати махсуси моли алоҳидаи дорои объекти моликияти зеҳнӣ тибқи номгӯйи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар нашрияҳои расмӣ ва сомонаи расмии интернетии худ интишори маълумотро дар бораи мақомоти гумруке, ки барои декларатсия кардани намудҳои алоҳидаи мол мутобиқи қисми 2 ҳамин модда муайян шудаанд, таъмин менамояд.
Моддаи 126. Декларант
1. Ба сифати декларант шахсони дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикргардида, инчунин дигар шахсоне, ки тибқи қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ихтиёрдории молро дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, бо риояи муқаррароти қисми 2 ҳамин модда метавонанд баромад намоянд.
2. Танҳо шахси ватанӣ декларант буда метавонад, ба истиснои ҳолатҳои интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ:
1) аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ, оилавӣ, хонаводагӣ ва дигар эҳтиёҷоте, ки ба амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ марбут намебошад;
2) аз ҷониби шахсони хориҷие, ки аз имтиёзҳои гумрукӣ тибқи боби 39 ҳамин Кодекс истифода мебаранд;
3) аз ҷониби ташкилотҳои хориҷие, ки намояндагиашон дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, ҳангоми арз намудани расмиёти транзити гумрукӣ ва низомҳои гумрукии воридоти муваққатӣ, реэкспорт, инчунин низоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод нисбат ба моле, ки барои эҳтиёҷоти худи ҳамин намояндагиҳо ворид карда мешавад;
4) аз ҷониби интиқолдиҳандагони хориҷӣ ҳангоми арз намудани расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ;
5) ҳолатҳои дигаре, ки шахси хориҷӣ барои ихтиёрдории мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз доираи аҳди иқтисодии хориҷӣ, ки яке аз тарафҳои он шахси ватанӣ мебошад, ҳуқуқ дорад.
Моддаи 127. Ҳуқуқу уҳдадориҳои декларант
1. Ҳангоми декларатсия кардани мол ва иҷрои дигар амалҳои гумрукӣ, ки барои иҷозати мол зуруранд, декларант ҳуқуқ дорад:
1) моли аз ҷониби ӯ декларатсияшавандаро, аз ҷумла то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ аз назар гузаронад ва андозагирӣ кунад;
2) бо иҷозати мақоми гумрук чошнӣ ва намунаи моли аз ҷониби ӯ декларатсияшаванда ва ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро гирад. Декларатсияи гумрукии алоҳида барои гирифтани чошнӣ ва намунаи мол ба шарте пешниҳод карда намешавад, агар чунин чошнӣ ва намуна дар декларатсияи гумрукии мол нишон дода шаванд;
3) ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ ва муоинаи гумрукии моли аз ҷониби ӯ декларатсияшаванда (моддаҳои 412 ва 413 ҳамин Кодекс) ва ҳангоми аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук гирифтани чошнӣ ва намунаи мол иштирок кунад (моддаи 424 ҳамин Кодекс);
4) бо натиҷаи тадқиқоти чошнӣ ва намунаи моли аз ҷониби ӯ декларатсияшаванда, ки дар мақомоти гумрук мавҷуд аст, шинос шавад;
5) ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои декларатсия кардани мол заруриро дар шакли ҳуҷҷати электронӣ тибқи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд;
6) аз дигар ваколатҳо ва ҳуқуқҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс истифода барад.
2. Ҳангоми декларатсия кардани мол ва анҷом додани дигар амалиёти гумрукӣ декларант уҳдадор аст:
1) ба мақоми гумрук декларатсияи гумрукӣ, маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд;
2) бо талаби мақоми гумрук моли декларатсияшавандаро пешниҳод намояд;
3) тибқи фасли III ҳамин Кодекс пардохтҳои гумрукиро пардохт кунад ё пардохтани онҳоро таъмин намояд.
3. Декларант барои риоя накардани уҳдадориҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, дарҷ намудани маълумоти носаҳеҳ дар декларатсияи гумрукӣ, инчунин барои ба брокери гумрукӣ (намоянда) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои беэътибор, аз ҷумла қалбакӣ ва (ё) дорои маълумоти баръало бардурӯғ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 128. Хусусиятҳои декларатсия кардани моли мухталифи марбут ба маҷмуи ягона
1. Бо хоҳиши декларант моли мухталифи маҷмуи ягона метавонад бо нишон додани як рамзи таснифотии Номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларатсия карда шавад, ба шарте ки ба ин рамзи таснифот инҳо мувофиқат кунанд:
1) меъёри нисбатан баланди боҷҳои гумрукӣ;
2) меъёри нисбатан баланди андози аксизӣ, ки аз ҷониби мақомоти гумрук ситонида мешавад;
3) меъёри нисбатан баланди андоз аз арзиши иловашуда;
4) рамзи ин мол ба сатҳи 4 рамзи аввал мувофиқат кунад.
2. Маълумот дар бораи номгуй ва теъдоди ҳамаи моли маҷмуи ягона аз ҷониби декларант бо роҳи пешниҳоди рӯйхати мол арз карда мешавад. Ба сифати чунин рӯйхат шарҳи номнавис (спетсификатсия)-и бор, варақаи бастабандӣ, рӯйхат ва дигар ҳуҷҷатҳои шабеҳ истифода мешавад. Барои мақсадҳои гумрукӣ рӯйхати мол ба сифати қисми таркибии декларатсияи гумрукӣ баррасӣ карда мешавад.
3. Агар нисбат ба яке аз моли маҷмуи ягона тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият татбиқ гардад, декларатсия кардани чунин мол бо зикри як рамзи таснифотии номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон декларантро аз риояи чунин маҳдудият озод намекунад.
4. Бо мақсади санҷиши риояи муқаррароти қисми 3 ҳамин модда мақоми гумрук аз декларант пешниҳоди маълумоти дақиқкунанда дар бораи моли алоҳидаи декларатсияшавандаро талаб менамояд.
Моддаи 129. Мӯҳлати пешниҳоди декларатсияи мол
1. Декларатсияи моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 136, 138, 150, 308 ва 315 ҳамин Кодекс, то анҷоми мӯҳлати нигаҳдории муваққатии мол пешниҳод карда мешавад.
2. Агар анҷоми мӯҳлати нигаҳдории муваққатии мол ба рӯзи ғайрикории мақоми гумрук рост ояд, рӯзи анҷоми мӯҳлати пешниҳоди декларатсияи мол рӯзи минбаъдаи кории мақоми гумрук ҳисобида мешавад.
3. Декларатсияи моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс то баровардани ин мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 130. Декларатсиякунонии пешакии мол
1. Декларатсияи пешакии моли хориҷӣ метавонад то лаҳзаи расидани ин мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё то анҷоми транзити дохилии гумрукӣ пешниҳод карда шавад.
2. Агар барои мақсадҳои гумрукӣ истифодаи ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ) ё тиҷоратии мушоияткунандаи мол зарур бошад, мақоми гумрук ҳангоми декларатсиякунонии пешакии мол нусхаи ин ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи декларантро мегирад ва ҳангоми зарурат баъди расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти дар нусхаи ҳуҷҷатҳои мазкур мавҷударо бо маълумоти нусхаҳои аслӣ муқоиса менамояд.
3. Баъди анҷоми санҷиши декларатсияи пешакӣ ва пардохти маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз то расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин декларатсияи гумрукӣ метавонад ба сифати ҳуҷҷати ягона ҷиҳати татбиқи расмиёти гумрукӣ нисбат ба ин мол истифода гардад.
4. Агар мол дар давоми 15 рӯз ба мақоми гумрук пешниҳод нагардад, чунин декларатсияи мол бояд тибқи қисми 9 моддаи 134 ҳамин Кодекс боз хонда шавад.
5. Тартиби декларатсиякунонии пешакии молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
Моддаи 131. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳангоми декларатсия кардани мол
Декларант ҳамзамон бо пешниҳоди декларатсияи мол ба мақоми гумрук ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти дар декларатсияи мол арзшуда ва барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро мутобиқи моддаи 63 ҳамин Кодекс пешниҳод менамояд.
Моддаи 132. Қабули декларатсияи гумрукӣ
1. Далели пешниҳоди декларатсияи гумрукии электронӣ ва ҳуҷҷатҳо тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук дар лаҳзаи сабти онҳо дар низоми иттилоотӣ ба қайд гирифта мешавад.
2. Декларатсияи гумрукии электроние, ки дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук ба қайд гирифта шудааст, дар рӯзи бақайдгирии он қабулшуда ҳисобида мешавад.
3. Тасдиқи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳо дар шакли хаттӣ дар рӯзи аз ҷониби мақоми гумрук қабул кардани онҳо қайд карда мешавад. Бо талаби шахсе, ки декларатсияи гумрукиро дар шакли хаттӣ пешниҳод кардааст, мақоми гумрук бетаъхир тасдиқи қабули декларатсияи гумрукӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро медиҳад.
4. Декларатсияи гумрукии дар шакли хаттӣ пешниҳодшуда аз ҷониби мақоми гумрук дар рӯзи пешниҳоди он қабул карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое ки:
1) декларатсияи гумрукӣ ба мақоми гумруке пешниҳод шуда бошад, ки салоҳияти қабули декларатсияи гумрукиро надорад;
2) декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби шахсе пешниҳод шуда бошад, ки ба ин кор ваколатдор набошад ва (ё) ба таври дахлдор имзо ё тасдиқ нашуда бошад;
3) шакли декларатсиякунонии гумрукӣ риоя нашуда бошад;
4) дар декларатсияи гумрукӣ маълумоти зарурие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудаанд, нишон дода нашуда бошанд;
5) ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ пешниҳод нашуда бошанд (моддаи 63 ҳамин Кодекс);
6) нисбат ба моли декларатсияшаванда амалҳое анҷом дода нашуда бошанд, ки мутобиқи ҳамин Кодекс бояд то пешниҳод ё ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ амалӣ гарданд.
5. Ҳангоми рад кардани қабули декларатсияи гумрукӣ дар шакли хаттӣ, мақоми гумрук на дертар аз рӯзи дигари пешниҳоди декларатсия шахсеро, ки декларатсияро дар шакли хаттӣ пешниҳод кардааст, дар бораи ҳамаи сабабҳое, ки мутобиқи қисми 4 ҳамин модда асос барои рад кардани қабули декларатсияи гумрукӣ мебошанд, огоҳ менамояд.
6. Дар сурати рад намудани қабули декларатсияи гумрукӣ дар ҳомили коғазӣ, чунин декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда ба шахси пешниҳоднамудаи декларатсияи гумрукӣ баргардонида шуда, ҳамзамон як нусхаи декларатсияи гумрукӣ дар мақоми гумрук боқӣ мемонад.
7. Аз лаҳзаи қабул декларатсияи гумрукӣ ҳуҷҷати дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ мегардад.
Моддаи 133. Ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда
1. Бо дархости асосноки декларант, ки дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод шудааст, бо иҷозати мақоми гумрук маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда метавонанд то иҷозати мол тағйир дода шаванд ва (ё) илова карда шаванд, агар то лаҳзаи гирифтани дархости декларант, мақоми гумрук тибқи моддаи 404 ҳамин Кодекс ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумотро талаб накарда бошад, ӯро дар бораи макон ва вақти гузаронидани муоинаи гумрукӣ огоҳ накарда бошад, дар бораи гузаронидани азназаргузаронии гумрукӣ қарор қабул накарда бошад, экспертизаи гумрукиро таъин накарда бошад ва (ё) тағйироту иловаҳои воридшаванда ба қабули қарор дар бораи иҷозати мол таъсир намерасонанд ва боиси зарурати тағйир додани маълумоти марбут ба муайян намудани маблағи пардохтҳои гумрукӣ ва татбиқи мамнуиятҳо ва маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида намегарданд.
2. Сарфи назар аз муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, бо дархости асосноки декларант, ки дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод шудааст, бо иҷозати мақоми гумрук то иҷозати мол, ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда метавонанд тағйирот ва (ё) иловаҳо ворид карда шаванд, агар чунин тағйирот ва (ё) иловаҳо ба тағйир додани маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии моли декларатсияшаванда ё бо ислоҳи хатоҳои хаттӣ ё хатоҳои имлоие, ки ба иҷозати мол таъсир намерасонанд, марбут бошанд.
3. Дар муроҷиати декларант бояд нишон дода шавад, ки маҳз ба кадом маълумоти декларатсияи гумрукӣ ворид намудани тағйирот ва (ё) илова зарур мебошад. Муроҷиати декларант дар шакли электронӣ аз ҷониби декларант бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Дар декларатсияи гумрукии қабулшуда маълумоти танҳо моли дар ҳамин декларатсия арзшуда метавонад тағйир ва (ё) илова карда шавад ва арз намудани маълумот дар бораи моли дигар манъ аст.
5. Тартиби ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда то иҷозати мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.
6. Агар ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор шавад, ки мувофиқи сархатҳои якум ва дуюми банди 7) қисми 1 моддаи 153 ҳамин Кодекс бартараф намудани онҳо барои рад кардани иҷозати мол асос намебошанд ва аз ҷониби мақоми гумрук барои бартараф намудани чунин камбудиҳо зарурати тағйир додан ва (ё) илова намудани маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда муқаррар шуда бошад, чунин маълумот бояд бо талаби мақоми гумрук аз ҷониби декларант дар мӯҳлати иҷозати мол тибқи моддаи 152 ҳамин Кодекс тағйир дода шаванд ва (ё) илова карда шаванд.
7. Шакли дархост дар бораи ворид намудани тағйирот (иловаҳо) ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда то иҷозати мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.
8. Пас аз иҷозати мол тағйирот ва (ё) иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва (ё) муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, бо қарор ё бо иҷозати мақоми гумрук анҷом дода мешавад.
9. Тартиби ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда баъди иҷозати мол аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 134. Бозхонди декларатсияи гумрукӣ
1. Бо дархости асосноки декларант, ки дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод шудааст, декларатсияи гумрукии қабулшудаи моли хориҷӣ метавонад аз ҷониби ӯ то иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук боз хонда шавад.
2. Ҳангоми бозхонди декларатсияи гумрукӣ декларатсияи гумрукии нав бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 129 ҳамин Кодекс пешниҳод карда шавад.
3. Бо дархости электронӣ ё хаттии декларант декларатсияи гумрукии қабулшуда барои молҳои ватанӣ, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, метавонад то лаҳзаи воқеан баровардани мол аз ҳудуди гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баъди иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук бо дар назар доштани қисми 5 ҳамин модда бозхонд карда шавад.
4. Барои пешниҳоди декларатсияи нави гумрукӣ барои молҳои ватанӣ, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, мӯҳлат муқаррар карда намешавад.
5. Бо дархости электронӣ ё хаттии декларант декларатсияи гумрукии моли ватании таҳти низоми гумрукии содирот ҷойгиршуда метавонад бо мақсади анҷоми амали низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ё низоми гумрукии анбори озод бозхонд карда шавад:
1) агар чунин мол дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ё дар ҳудуди анбори озод ҷойгир бошад, аз ҷумла баъди иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук;
2) агар чунин мол берун аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ё берун аз ҳудуди анбори озод ҷойгир бошад ва воқеан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон набаромада бошад, бо шарти дар як вақт пешниҳод намудани декларатсияи гумрукӣ барои ҷойгиркунии чунин молҳо дар дигар низоми гумрукӣ тибқи моддаҳои 272 ва 277 ҳамин Кодекс.
6. Декларатсияи гумрукӣ бо иҷозати мақоми гумрук бозхонд карда мешавад.
7. Ба бозхонди декларатсияи гумрукӣ иҷозат дода мешавад, агар то гирифтани дархости декларант мақоми гумрук декларантро дар бораи макон ва вақти гузаронидани муоинаи гумрукии моли дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда огоҳ накарда бошад, дар бораи азназаргузаронии гумрукии моли дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда қарор қабул накарда бошад, гузаронидани экспертизаи гумрукиро таъин накарда бошад ва (ё) вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Точикистонро, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ мегардад, муқаррар накарда бошад.
8. Баъди гузаронидани азназаргузаронии гумрукии мол, муоинаи гумрукии мол, гирифтани натиҷаи экспертизаи гумрукӣ декларатсияи гумрукӣ метавонад бозхонд карда шавад, агар тибқи натиҷаҳои гузаронидани онҳо вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ мегардад, муқаррар нашуда бошад.
9. Муқаррароти қисмҳои 1 - 8 ҳамин модда ҳангоми бозхонди ариза дар бораи татбиқи декларатсиякунонии даврӣ ва декларатсияи мол дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 14 моддаи 136 ва қисми 4 моддаи 138 ҳамин Кодекс татбиқ намегарданд.
10. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 14 моддаи 136 ва қисми 4 моддаи 138 ҳамин Кодекс, ариза дар бораи татбиқи декларатсиякунонии даврӣ ва (ё) декларатсияи гумрукии мол бо дархости декларант, ки дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод шудааст, бозхонд карда мешавад.
11. Муроҷиати электронии декларант дар бораи бозхонди декларатсияи гумрукии электронии қабулшуда, инчунин иҷозат ва (ё) рад кардани иҷозати мақоми гумрук дар шакли электронӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 135. Декларатсияи гумрукии нопурра
1. Агар декларант бо сабабҳои ба ӯ новобаста барои пур кардани декларатсияи гумрукӣ ҳамаи маълумоти заруриро надошта бошад, ӯ метавонад бо иҷозати мақоми гумрук бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ декларатсияи гумрукии нопурра пешниҳод намояд, ба шарте, агар дар он маълумоти зарурӣ барои иҷозати мол, ҳисоб ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, тасдиқи риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои ҳаммонандсозии мол тибқи маҷмуи хусусиятҳои миқдорӣ ва сифатӣ дарҷ шуда бошанд.
2. Ҳангоми пешниҳоди декларатсияи гумрукии нопурра декларант дар шакли электронӣ ё хаттӣ уҳдадорӣ ба зимма мегирад, ки маълумоти нокифояро дар мӯҳлати на дертар аз 45 рӯз аз рӯзи қабули декларатсияи нопурра аз ҷониби мақоми гумрук пешниҳод намояд.
3. Агар мақоми гумрук декларатсияи гумрукии нопурраро қабул кунад, дар ин сурат ҳамон талабот ва шартҳои қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тартиби ҳисоб ва супоридани пардохтҳои гумрукие татбиқ мегарданд, ки дар ҳолатҳои пешниҳоди ибтидоии декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда татбиқ мегарданд.
Моддаи 136. Декларатсиякунонии даврии мол
1. Ҳангоми интиқоли мунтазами ҳамон як мол тавассути сарҳади гумрукӣ аз ҷониби ҳамон як шахс, ин шахс метавонад ба мақоми гумрук оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврии ҳамаи моли аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муайян интиқолшаванда ба таври электронӣ ё хаттӣ ариза пешниҳод намояд.
2. Мақоми гумруки аризаро қабулнамуда уҳдадор мебошад, ки дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба таври электронӣ ва ё хаттӣ муроҷиаткунандаро дар бораи натиҷаи баррасии ариза хабардор намояд.
3. Мол метавонад ҳамчун ҳамон як мол баррасӣ гардад, агар он мувофиқи Номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ рамзи таснифотии якхела дошта бошад.
4. Мол ҳамчун мунтазам аз ҷониби ҳамон як шахс аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда ҳисобида мешавад, агар ҳамон як шахс дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ таҳвили ҳамон як молро се маротиба ё бештар анҷом диҳад.
5. Барои мақсадҳои гумрукӣ чун маҷмуи ягона ҳамон як моле баррасӣ мегардад, ки аз ҳамон як нуқтаи гузаргоҳ интиқол меёбад ва барасмиятдарории гумрукии он дар ҳамон як мақоми гумрук дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ тибқи як шартнома (қарордод)-и тиҷорати хориҷӣ, сарфи назар аз теъдоди таҳвилҳои алоҳида, анҷом дода мешавад.
6. Декларатсиякунонии даврии мол бо роҳи ба мақоми гумруке, ки барасмиятдарории гумрукии ин молҳоро анҷом медиҳад, пешниҳод намудани ариза дар бораи татбиқи декларатсиякунонии даврии мол то оғози давраи таҳвили мол ва иҷозати татбиқи декларатсиякунонии даврӣ аз ҷониби ин мақоми гумрук анҷом дода мешавад. Иҷозати татбиқи декларатсиякунонии даврӣ нисбати давраи таҳвил, ки наметавонад аз 30 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад, дода мешавад.
7. Шакл ва таркиби маълумоте, ки бояд дар ариза оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврӣ дарҷ карда шаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд.
8. Декларант пеш аз таҳвил (воридот ё содирот)-и мол бояд мақоми гумрукеро, ки татбиқи декларатсиякунонии даврии молро иҷозат додааст, тибқи шакл ва тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ огоҳ созад.
9. Декларатсияи мол дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ баъди анҷоми давраи таҳвил, ки дар давоми он таҳвили мол бо татбиқи декларатсиякунонии даврӣ сурат гирифтааст, бо дар назар доштани миқдори воқеии моли воридшуда ё содиршуда, пешниҳод карда мешавад.
10. Пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ то қабули декларатсияи мол ё ҳамзамон бо қабули он аз ҷониби мақомоти гумрук, супорида мешаванд.
11. Агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ё содироти мол супоридани пардохтҳои гумрукӣ муқаррар шуда бошад, татбиқи декларатсиякунонии даврии мол бо пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
12. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол бо татбиқи декларатсиякунонии даврӣ мамнуият ва маҳдудиятҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи воридот ё содироти мол амал мекунанд, татбиқ карда мешаванд.
13. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол бо татбиқи декларатсиякунонии даврӣ бо мақсади ҳисоб кардани пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ меъёрҳое татбиқ мегарданд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи қабули декларатсияи гумрукӣ муқаррар намудаанд.
14. Агар ҳангоми декларатсиякунонии даврӣ моли дар ариза оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврӣ зикршуда дар давоми мӯҳлати арзшуда ба мақоми гумруке, ки татбиқи декларатсиякунонии давриро иҷозат додааст, пешниҳод нагардад, чунин ариза бояд мутобиқи қисми 9 моддаи 134 ҳамин Кодекс бозхонд карда шавад.
15. Агар декларант дар мӯҳлати муқарраргардида оид ба бозхонди ариза тибқи қисми 15 ҳамин модда чора наандешад, мақоми гумрук иҷозати татбиқи декларатсиякунонии давриро бекор мекунад.
16. Тартиби барасмиятдарории гумрукии молро бо татбиқи декларатсиякунонии даврӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
Моддаи 137. Хусусиятҳои декларатсиякунонии моли ватанӣ ҳангоми баровардани онҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳангоми баровардани моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости декларант тартиби содагардонидашудаи декларатсиякунонӣ тибқи моддаҳои 135 ва 136 ҳамин Кодекс истифода бурда мешавад.
2. Тартиби содагардонидашудаи декларатсиякунонии моли ватанӣ татбиқ карда мешавад, агар он ба гузаронидани назорати гумрукӣ мамоният накунад ва декларантро аз риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурра ва сари вақт пардохтани пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳои гумрукӣ, риояи мамнуият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин риояи низоми гумрукӣ озод накунад.
3. Ҳангоми рад намудани татбиқи тартиби содагардонидашудаи декларатсиякунонии моли ватанӣ мақоми гумрук дар ин бора декларантро тибқи қисми 5 моддаи 132 ҳамин Кодекс, бо зикри шартҳое, ки иҷрои онҳо барои татбиқи ин тартиб заруранд, огоҳ месозад.
4. Моле, ки тавассути қубур ва хатти барқ интиқол меёбад, тибқи тартиби муайяннамудаи боби 40 ҳамин Кодекс декларатсия карда мешаванд.
Моддаи 138. Декларатсиякунонии даврии моли ватанӣ
1. Ҳангоми аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани моли ватанӣ, ки нисбат ба онҳо пешниҳоди маълумоти дақиқи барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ тибқи тартиби маъмулии савдои хориҷӣ имконнопазир аст, декларатсиякунонии даврии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 136 ҳамин Кодекс ва бо дар назар доштани муқаррароти ҳамин модда иҷозат дода мешавад.
2. На дертар аз 1 моҳи пас аз рӯзи воқеии аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани тамоми маҷмуи моли дар ариза оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврӣ зикргардида декларатсияи гумрукии пурраи мол пешниҳод карда мешавад.
3. Моли ватание, ки нисбат ба он декларатсиякунонии даврӣ татбиқ карда мешавад, бояд аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 6 моҳ аз рӯзи баъдии анҷоми мӯҳлати таҳвил воқеан бароварда шавад.
4. Нисбат ба моли ватание, ки барои он боҷҳои гумрукии содиротӣ муқаррар шудаанд ё нисбат ба он мамнуият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд, ин мӯҳлат наметавонад аз 1 моҳи тақвимӣ зиёд бошад ва ариза оид ба татбиқи декларатсиякунонии даврӣ аз ҷониби мақоми гумрук дар давоми 15 рӯз пеш аз оғози ин мӯҳлат қабул карда мешавад.
5. Бо дархости асосноки декларант мӯҳлати дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби мақоми гумруке, ки молро иҷозат додааст, ба мӯҳлати на бештар аз 4 моҳ аз рӯзи анҷоми мӯҳлати он тамдид карда мешавад.
6. Агар ҳангоми декларатсиякунонии даврӣ моли ватании дар декларатсияи гумрукии пурраи мол зикргардида воқеан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 3 ҳамин модда бароварда нашавад, чунин декларатсияи гумрукии мол мутобиқи қисми 9 моддаи 134 ҳамин Кодекс бояд боз хонда шавад.
7. Агар декларант дар мӯҳлати муқарраргардида барои бозхонди декларатсия тибқи қисми 6 ҳамин модда чора наандешад, мақоми гумрук иҷозати молро мутобиқи қисми 6 моддаи 149 ҳамин Кодекс бекор мекунад.».
28. Банди 3) моддаи 140 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3) таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;».
29. Дар банди 6) қисми 2, банди 3) қисми 3 моддаи 141 ва банди 2) қисми 1 моддаи 142 рақами «384» ба рақами «140» иваз карда шавад.
30. Моддаи 149 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 149. Асосҳо барои иҷозати мол
1. Иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук бо риояи шартҳои зерин анҷом дода мешавад:
1) агар маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя шуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки риояи ин маҳдудиятҳоро баъди иҷозати мол тасдиқ кардан мумкин аст;
2) агар аз ҷониби декларант талабот ва шартҳои зарурӣ барои ҷойгиркунии молҳо таҳти низоми гумрукии интихобшуда ё татбиқи расмиёти гумрукии дахлдор мутобиқи ҳамин Кодекс риоя шуда бошанд;
3) агар нисбат ба мол пардохтҳои гумрукӣ пардохт шуда бошанд ё таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ мутобиқи боби 46 ҳамин Кодекс пешниҳод шуда бошад.
2. Иҷозати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда барои муомилоти озод бо шарти иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо тибқи моддаи 377 ҳамин Кодекс анҷом дода мешавад. Бо талаби шахсе, ки боҷҳои гумрукӣ ва андозҳоро пардохт кардааст, мақоми ваколатдор дар соҳаи молия дар бораи ба буҷет ворид шудани маблағ маълумот пешниҳод менамояд.
3. Мақоми ваколатдор дар соҳаи молия уҳдадор аст ба мақоми гумрук фавран дар бораи ба буҷет ворид шудани маблағҳо, аз ҷумла тавассути мубодилаи электронӣ маълумот пешниҳод намояд.
4. Иҷозати мол метавонад мутобиқи моддаи 441 ҳамин Кодекс боз дошта шавад.
5. Иҷозат барои ҷойгир кардани моли ватании аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда таҳти низоми гумрукӣ аз ҷониби мақоми гумрук мутобиқ ба иҷозати мол дода мешавад.
6. Ҳангоми бозхонди декларатсияи гумрукӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 134 ва қисми 3 моддаи 130 ҳамин Кодекс мақоми гумрук иҷозати молро бекор мекунад.
7. Тартиби бекор кардани иҷозати молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян мекунад.».
31. Ба моддаи 150:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «декларатсияи гумрукӣ» калимаҳои «тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «муқаррарнамудаи мақоми гумрук, ки наметавонад» ва «бештар бошад, ӯҳдадории хаттӣ» мувофиқан ба калимаҳои «на зиёда» ва «дар шакли электронӣ ё хаттӣ уҳдадорӣ» иваз карда шаванд.
32. Дар моддаи 151:
- дар банди 2) қисми 1 калимаҳои «транзити гумрукии байналмилалӣ» хориҷ карда шуда, пас аз калимаи «мегарданд» калимаҳои «ва (ё) расмиёти гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ» илова карда шаванд;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Тартиби иҷозати шартии молро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.».
33. Моддаи 153 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 153. Радди иҷозати мол
1. Мақоми гумрук иҷозати молро бо асосҳои зерин рад менамояд:
1) риоя накардани шартҳои иҷозат, ки дар моддаи 149 ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд;
2) риоя накардани талаботи мақоми гумрук оид ба тағйир додан ва (ё) илова намудани маълумоти дар декларатсияи гумрукӣ арзшуда дар ҳолати пешбининамудаи қисми 6 моддаи 133 ҳамин Кодекс;
3) ҳангоми декларатсиякунонии пешакии гумрукӣ рух додани ҳолати пешбининамудаи қисми 3 моддаи 130 ҳамин Кодекс;
4) бо талаби мақоми гумрук дар мӯҳлати иҷозати мол, ки моддаи 152 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, пешниҳод накардани мол;
5) қарорҳои бекорнашуда дар бораи боздоштани иҷозати мол дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 4411 ҳамин Кодекс;
6) риоя накардани талаботи пешбининамудаи қисми 11 моддаи 63, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 404 ҳамин Кодекс;
7) аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми назорати гумрукии мол ошкор намудани вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои зерин:
- вайронкунии ошкоршуда, ки барои оғоз намудани парвандаи маъмурӣ ё ҷиноятӣ асос намебошанд, бартараф шуда бошад;
- вайронкунии ошкоршуда бартараф шуда бошад, моли декларатсияшаванда ситонида ё мусодира карда намешавад, ба ҳабс гирифта нашудааст ё дар оянда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати далели шайъӣ талаб карда намешавад.
2. Рад кардани иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук то ба охир расидани мӯҳлати иҷозати мол бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ сурат мегирад.».
34. Дар моддаи 155:
- банди 3) хориҷ карда шавад;
- бандҳои 4), 5), 6), 7), 8), 9), 10), 11), 12), 13), 14), 15), 16), 17) ва 18) мувофиқан бандҳои 3), 4), 5), 6), 7), 8), 9), 10), 11), 12), 13), 14), 15), 16) ва 17) ҳисобида шаванд.
35. Моддаи 160 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 160. Кафолатҳои риояи низоми гумрукӣ
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҳангоми додани иҷозат барои ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукӣ, ки мазмуни он пурра ё қисман озод намудан аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ ё баргардонидани маблағи пардохташуда ва (ё) татбиқ накардани мамнуияту маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд, пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ (боби 46 ҳамин Кодекс) ва дигар кафолатҳои иҷрои дурусти уҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс талаб карда мешавад.».
36. Боби 20 хориҷ карда шавад.
37. Дар моддаи 179:
- ба қисми 2 пас аз калимаи «манфиатдор» калимаҳои «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаи «хаттии» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттии» иваз карда шавад.
38. Дар моддаи 180:
- дар сархати якуми қисми 3 рақам ва калимаҳои «30 рӯзи гирифтани» ба рақам ва калимаҳои «10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 3 калимаҳои «то ду моҳ аз рӯзи қабул» ба калимаҳои «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 6 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «дар шакли электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
39. Ба қисми 1 моддаи 181 пас аз калимаи «гумрук» калимаҳои «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» илова карда шаванд.
40. Дар моддаи 185:
- дар қисми 2 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад;
- аз қисми 4 калимаҳои «, инчунин фоизҳо аз маблағи зикршуда дар ҳаҷми муқарраркардаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзе пардохта мешаванд, ки агар нисбати ин маблағҳо аз рӯзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ мӯҳлат дароз карда шудааст» хориҷ карда шаванд.
41. Ба қисми 1 моддаи 192 пас аз калимаи «декларант» калимаҳои «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» илова карда шаванд.
42. Дар моддаи 193:
- дар сархати якуми қисми 3 рақам ва калимаҳои «30 рӯзи қабули» ба рақам ва калимаҳои «10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 3 калимаҳои «аз рӯзи қабул карда гирифтанаш то ду моҳ» ба калимаҳои «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 4 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
43. Ба қисми 2 моддаи 203 пас аз калимаи «декларант» калимаҳои «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» илова карда шаванд.
44. Дар моддаи 204:
- дар сархати якуми қисми 3 рақам ва калимаҳои «30 рӯзи қабул карда гирифтани» ба рақам ва калимаҳои «10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 3 калимаҳои «ба мӯҳлати на бештар аз ду моҳ аз рӯзи қабул» ба калимаҳои «мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми қисми 6 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
45. Дар қисми 2 моддаи 208 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
46. Дар моддаи 217:
- дар қисми 4 калимаи «хаттии» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттии» иваз карда шавад;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Мол таҳти низоми анбори гумрукӣ бо пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи муқаррароти боби 46 ҳамин Кодекс қарор дода мешавад.».
47. Дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 219 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
48. Дар қисми 1 моддаи 227:
- банди 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як метри мураббаи масоҳати муфид, ба шарте ки ба сифати анбори гумрукӣ майдончаи кушода истифода шавад ё 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои 1 метри мукааби ҳаҷми муфиди бино, ба шарте ки ба сифати анбори гумрукӣ бино истифода шавад;»;
- дар банди 3) пеш аз калимаи «шартнома» калимаҳои «барои анбори шакли кушодаи гумрукӣ» илова карда шаванд.
49. Дар моддаи 228:
- дар банди 5) қисми 2 калима ва рақами «моддаи 384» ба калима ва рақамҳои «банди 2) қисми 1 моддаи 227» иваз карда шаванд;
- ба банди 6) қисми 2 пас аз калимаи «аризадиҳанда» калимаҳои «барои анбори шакли кушодаи гумрукӣ» илова карда шаванд;
- дар банди 4) қисми 3 калима ва рақами «моддаи 384» ба калима ва рақамҳои «банди 2) қисми 1 моддаи 227» иваз карда шаванд;
- ба банди 6) қисми 3 пас аз калимаи «суғурта» калимаҳои «барои анбори шакли кушодаи гумрукӣ» илова карда шаванд.
50. Дар банди 3) қисми 2 моддаи 229 калима ва рақами «моддаи 384» ба калима ва рақамҳои «банди 2) қисми 1 моддаи 227» иваз карда шаванд.
51. Ба банди 2) қисми 1 моддаи 230 пас аз калимаҳои «баҳисобгирии» ва «нигаҳдоришавандаро» мувофиқан калимаҳои «электронии» ва «тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук» илова карда шаванд.
52. Ба қисми 11 моддаи 258 пас аз калимаҳои «мағозаҳои савдои бебоҷ» калимаҳои «ва пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс» илова карда шаванд.
53. Дар моддаи 260:
- аз қисми 1 рақам ва аломати «1.» хориҷ карда шавад;
- банди 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2) таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.»;
- банди 3) хориҷ карда шавад.
54. Дар моддаи 261:
- дар банди 4) қисми 2 калима ва рақами «моддаи 384» ба калима ва рақамҳои «банди 2) моддаи 260» ва аломати нуқтавергул ба аломати нуқта иваз карда шаванд;
- банди 5) қисми 2 хориҷ карда шавад;
- дар банди 4) қисми 3 калима ва рақами «моддаи 384» ба калима ва рақамҳои «банди 2) моддаи 260» иваз карда шаванд;
- банди 6) қисми 3 хориҷ карда шавад.
55. Дар банди 4) қисми 1 моддаи 262 пас аз калимаҳои «бақайдгирии» ва «онро» мувофиқан калимаҳои «электронии» ва «тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук» илова карда шаванд.
56. Дар банди 3) қисми 2 моддаи 263 калима ва рақами «моддаи 384» ба калима ва рақамҳои «банди 2) моддаи 260» иваз карда шаванд.
57. Ба моддаи 273 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Мол таҳти низоми гумрукии анбори озод бо шарти пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс ҷойгир карда мешавад.».
58. Ба банди 7) моддаи 279 пас аз калимаҳои «баҳисобгирии» ва «ҷойгиршударо» мувофиқан калимаҳои «электронии» ва «тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук» илова карда шаванд.
59. Дар моддаи 282:
- аз қисми 2 калимаҳои «, ба шарте ки пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро мутобиқи моддаи 384 ҳамин Кодекс таъмин карда бошад» хориҷ карда шаванд;
- банди 5) қисми 3 хориҷ карда шавад;
- бандҳои 6), 7), 8) ва 9) қисми 3 мувофиқан бандҳои 5), 6), 7) ва 8) ҳисобида шаванд.
60. Дар моддаи 283:
- банди 4) қисми 1 хориҷ карда шуда, банди 5) банди 4) ҳисобида шавад;
- банди 4) қисми 2 хориҷ карда шуда, банди 5) банди 4) ҳисобида шавад.
61. Дар қисми 5 моддаи 304 калимаи «хаттии» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттии» иваз карда шавад.
62. Дар қисми 3 моддаи 305 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
63. Дар моддаи 308:
- дар қисми 2 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои «хатии» ва «хаттӣ» мувофиқан ба калимаҳои «электронӣ ё хаттии» ва «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «шифоят» ва «хаттӣ» мувофиқан ба калимаҳои «шифоҳӣ» ва «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шаванд.
64. Дар қисми 1 моддаи 309 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
65. Дар қисми 3 моддаи 317 калимаҳои «ордери мудохилоти гумрук (қисми 1 моддаи 309)» ба калимаҳои «супоришномаи пардохт (қисми 1 моддаи 309 ҳамин Кодекс)» иваз карда шаванд.
66. Моддаи 333 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 333. Тартиби декларатсия кардани моле, ки тавассути қубур интиқол дода мешавад
Тартиби декларатсия кардани моле, ки тавассути қубур аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.».
67. Дар моддаи 336:
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Тартиби декларатсия кардани молеро, ки тавассути хатти барқ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.»;
- қисми 4 хориҷ карда шавад;
- қисми 5 қисми 4 ҳисобида шавад.
68. Дар қисми 7 моддаи 355 калимаҳои «(бо хоҳиши декларант ба шакли хаттӣ)» ба калимаҳои «бо шакли электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шаванд.
69. Дар қисми 4 моддаи 360 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
70. Дар моддаи 361:
- ба муқаддимаи қисми 1 пас аз калимаи «зеринро» калимаҳои «дар шакли электронӣ тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук» илова карда шаванд;
- дар банди 1) қисми 1 калимаи «декларатсияи» ба калимаҳои «шакли варақаи» иваз карда шавад;
- ба муқаддимаи қисми 2 пас аз калимаи «иловагиро» калимаҳои «дар шакли электронӣ» илова карда шаванд;
- дар банди 11) қисми 2 калимаи «декларатсия» ба калимаҳои «шакли варақаи» иваз карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Дар сурати аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани ҳуҷҷатҳои аслии дар ин модда номбаршуда, пас аз баровардани мол ин ҳуҷҷатҳо бояд ба декларант баргардонида шаванд ва дар давоми панҷ сол аз рӯзи бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ нигоҳ дошта шаванд.».
71. Дар моддаи 362:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Арзиши гумрукии молро декларант ҳангоми декларатсиякунонии мол бо пур кардани шакли электронии варақаи арзиши гумрукӣ, ки намуна ва тартиби пур кардани онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудааст, арз менамояд.»;
- дар қисмҳои 3 ва 4 калимаи «Декларатсияи» ба калимаҳои «Шакли варақаи» иваз карда шавад.
72. Дар сархати дуюми банди 1) қисми 1 моддаи 363 калимаи «декларатсияи» ба калимаҳои «шакли варақаи» иваз карда шавад.
73. Дар банди 3) қисми 1 моддаи 364 калимаи «хаттии» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттии» иваз карда шаванд.
74. Дар моддаи 365:
- дар банди 2) қисми 1 калимаҳои «хаттӣ» ва «Дар айни ҳол» мувофиқан ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» ва «Дар ин ҳолат» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «хаттии» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттии» иваз гардида, пас аз калимаи «зеринро» калимаҳои «дар шакли электронӣ ё хаттӣ» илова карда шаванд.
75. Дар қисми 2 моддаи 366 калимаҳои «декларатсияҳои гумрукии бор» ба калимаҳои «декларатсияҳои мол» иваз карда шаванд.
76. Дар қисмҳои 4, 6 ва 7 моддаи 368, қисми 7 моддаи 378 ва қисми 2 моддаи 380 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
77. Дар моддаи 382:
- банди 4) қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4) фаъолият ба сифати танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, брокери гумрукӣ (намоянда), соҳиби анбори гумрукӣ ва соҳиби мағозаи савдои бебоҷ.»;
- ба қисми 6 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Тартиби пешниҳод, қабул ва истифодабарии таъминоти генералиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.».
78. Моддаи 384 хориҷ карда шавад.
79. Дар моддаи 388:
- дар қисми 4 калимаҳои «бо ариза» ба калимаҳои «тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук бо ариза дар шакли электронӣ» иваз карда шаванд;
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бояд дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд.»;
- дар қисми 6 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
80. Дар моддаи 399:
- ном ва қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 399. Принсипҳои гузаронидани назорати гумрукӣ
1. Мақомоти гумрук ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ принсипи интихобии объектҳои назорати гумрукиро ба асос гирифта, танҳо бо ҳамон шаклҳои назорати гумрукӣ маҳдуд мешаванд, ки барои таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кифоя мебошанд. Интихоби шакли назорати гумрукиро шахси мансабдори мақоми гумрук муайян мекунад.
2. Ҳангоми интихоби объектҳои назорати гумрукӣ, шаклҳои назорати гумрукӣ ва (ё) чораҳои таъмини назорати гумрукӣ низоми идораи таваккал истифода мешавад.
3. Аз тарафи мақомоти гумрук татбиқи шаклҳои назорати гумрукӣ ва (ё) чораҳои таъмини назорати гумрукӣ ҳангоми анҷом додани амалиёти гумрукӣ то иҷозати мол танҳо дар асоси низоми худкори идораи таваккал сурат мегирад.
4. Назорати гумрукиро аз номи мақомоти гумрук шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ваколатҳои мансабӣ ба гузаронидани назорати гумрукӣ ваколатдор шудаанд, амалӣ менамоянд.»;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Назорати гумрукӣ дар шакли тафтиши ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумот, инчунин дар шаклҳои дигар ё бо истифода аз чораҳои таъмини назорати гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумрук метавонад тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук бидуни иштироки кормандони мақомоти гумрук гузаронида шавад.»;
- қисмҳои 5, 6, 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
81. Моддаи 3991 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 3991. Объектҳои назорати гумрукӣ
Ба объектҳои назорати гумрукӣ дохил мешаванд:
1) моли тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда;
2) моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта тибқи талаботи ҳамин Кодекс;
3) моли таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод, минтақаи озоди гумрукӣ, савдои бебоҷ, коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ, коркарди мол барои муомилоти озод, воридоти муваққатӣ, реэкспорт, транзити гумрукӣ, нобудкунӣ, инчунин таҳти низомҳои махсус, ки нисбат ба моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда истифода мегарданд, қарордошта;
4) моли дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта – агар мақомоти гумрук маълумот дошта бошанд, ки чунин мол бо вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст ва (ё) дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
5) ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳоди онҳо ба мақомоти гумрук мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешниҳод карда мешаванд, инчунин маълумоти дар чунин ҳуҷҷатҳо мавҷудбуда;
6) фаъолияти шахсон, аз ҷумла танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ, ки ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ё дар доираи низомҳои муайяни гумрукӣ анҷом дода мешавад, вобаста мебошад;
7) бино ва ҳудуди анбори нигаҳдории муваққатӣ, анбори гумрукӣ, анбори озод ва мағозаи савдои бебоҷ;
8) бино, майдончаҳои кушода ва ҳудуди дигари танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, ки аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ барои нигаҳдории муваққатии мол истифода мешаванд.».
82. Моддаи 4021 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 4021. Мушоияти гумрукӣ
1. Мақомоти гумрук мушоияти гумрукиро бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта татбиқ менамоянд.
2. Мақомоти гумрук мушоияти гумрукии воситаҳои нақлиётро дар ҳолатҳои зерин татбиқ менамоянд:
1) ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ:
- пешниҳод накардани таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ тибқи боби 46 ҳамин Кодекс ё пешниҳод кардани таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи камтар аз андозаи мутобиқи моддаи 383 ҳамин Кодекс муайяншаванда;
- ҳангоми интиқоли мол тибқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда иҷро накардани уҳдадориҳо, ки бо қарорҳои эътибори қонунӣ пайдонамуда дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан муқаррар шудаанд ва ҳадди ақал яке аз қарорҳои мазкур иҷро нашуда бошад;
- аз ҷониби интиқолдиҳанда дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба супоридани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо мутобиқи ҳамин Кодекс;
- интиқоли молҳои зераксизӣ;
- ҳангоми ошкор намудани аломатҳои риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми идораи таваккали мақомоти гумрук;
2) ҳангоми интиқоли моли хориҷии таҳти назорати гумрукӣ қарордошта, дар ҳолатҳое, ки ҳамин Кодекс интиқоли онро тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни татбиқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ пешбинӣ менамояд.
3. Мақоми гумрук интиқолдиҳандаро дар бораи қабули қарор оид ба татбиқи мушоияти гумрукӣ огоҳ менамояд ва мушоияти гумрукиро дар мӯҳлати на дертар аз 24 соат аз лаҳзаи қабули чунин қарор ташкил менамояд.
4. Барои мушоияти гумрукӣ ба андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи гумрукӣ ситонида мешавад.».
83. Дар қисми 3 моддаи 408 калимаи «хаттӣ» ба калимаҳои «электронӣ ё хаттӣ» иваз карда шавад.
84. Дар моддаи 417:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Санҷиши гумрукӣ шакли назорати гумрукӣ мебошад, ки мақомоти гумрук баъд аз иҷозати мол бо мақсади санҷиши риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи дигар шаклҳои назорати гумрукии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва тадбирҳое, ки гузаронидани назорати гумрукии пешбининамудаи ҳамин Кодексро таъмин менамоянд, анҷом медиҳанд.»;
- қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Санҷишҳои гумрукӣ метавонанд нақшавӣ ва ғайринақшавӣ бошанд. Санҷиши гумрукии нақшавӣ санҷишест, ки ба нақшаи даврии фаъолияти назоратии мақоми гумрук ворид карда шудааст. Санҷишҳои дигари гумрукӣ санҷишҳои ғайринақшавӣ мебошанд.»;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Санҷишҳои гумрукӣ вобаста ба мақсаднокӣ метавонанд маҷмуӣ ва мавзуӣ бошанд ва вобаста ба ҷойи гузаронидан метавонанд камералӣ ва сайёр бошанд.»;
- қисмҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17 ва 18 мувофиқан қисмҳои 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18 ва 19 ҳисобида шаванд.
85. Моддаҳои 4171 ва 4172 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 4171. Санҷиши гумрукии камералӣ
1. Санҷиши гумрукии камералӣ бо роҳи омӯхтан ва таҳлили маълумоти дар декларатсияҳои гумрукӣ ё ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ (марбут ба ҳамлу нақл) ва дигар ҳуҷҷатҳои аз ҷониби шахси санҷидашаванда ҳангоми анҷом додани амалиётҳои гумрукӣ ё бо дархости мақомоти гумрук пешниҳодшаванда, ҳуҷҷат ва маълумоти аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин дигар ҳуҷҷат ва маълумоти дар мақомоти гумрук мавҷудбуда ва ба шахси санҷидашаванда тааллуқдошта, аз ҷумла дар асоси натиҷаи татбиқи низоми идораи таваккал, гузаронида мешавад.
2. Санҷиши гумрукии камералӣ аз ҷониби мақоми гумрук дар маҳалли ҷойгиршавии мақоми гумрук бидуни ҳозир шудан ба назди шахси санҷидашаванда дар асоси дастури мақоми гумрук дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ анҷом дода мешавад.
3. Мақоми гумрук шахси санҷидашавандаро дар бораи оғози санҷиши гумрукии камералӣ тибқи тартиб ва шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ огоҳ менамояд.
4. Санаи оғози гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ санаи супоридани нусхаи дастур дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ ба шахси санҷидашаванда ҳисобида мешавад.
5. Мӯҳлати гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ набояд аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғози санҷиши гумрукӣ зиёд бошад. Мӯҳлати мазкур метавонад аз ҷониби сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ то 30 рӯзи дигар тамдид гардад.
6. Асосҳои гузаронидани санҷишҳои гумрукии камералӣ инҳо мебошанд:
1) маълумоте, ки дар натиҷаи таҳлили иттилооти дар захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ба даст омадаанд ва дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад;
2) натиҷаҳои татбиқи низоми идораи таваккал;
3) маълумоте, ки дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад;
4) муроҷиат (дархост)-и мақомоти салоҳиятдори давлате, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи дахлдорро ба имзо расонидааст, дар бораи гузаронидани санҷиши шахсе, ки бо шахси хориҷӣ шартномаҳо вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст, инчунин маълумоте, ки дар натиҷаи мубодилаи иттилоотӣ бо мақомоти андоз, гумрук ва ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ба даст оварда шудааст;
5) муроҷиати ташаббускоронаи шахс дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ;
6) натиҷаҳои гузаронидани назорати андозӣ ё гумрукӣ дар шаклҳои дигар ё татбиқи тадбирҳое, ки гузаронидани назорати гумрукиро таъмин менамоянд, ки аз вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷро накардани огоҳинома дар бораи рафъи қонуншиканиҳо шаҳодат медиҳанд;
7) санҷиши маълумоте, ки дар натиҷаи мубодилаи иттилоотӣ бо мақомоти андоз ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст;
8) барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳии шахси санҷидашаванда ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муфлисшавӣ аз ҷониби шахси санҷидашаванда.
7. Санҷишҳои гумрукии камералӣ бидуни маҳдудияти даврияти гузаронидани онҳо гузаронида мешаванд.
8. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши гумрукии камералӣ санади санҷиши гумрукии камералӣ аз рӯйи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тартиб дода мешавад.
9. Хусусиятҳои дигари гузаронидани санҷишҳои гумрукии камералӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 4172. Санҷиши гумрукии сайёр
1. Санҷиши гумрукии сайёр аз ҷониби мақомоти гумрук дар маҳалли ҷойгиршавии декларантҳо ва дигар шахсони анҷомдиҳандаи фаъолиятеро, ки назорати он ба мақомоти гумрук вогузор шудааст, ё маҳалли амалисозии воқеии фаъолият аз ҷониби чунин шахсон, гузаронида мешавад.
2. Санҷиши гумрукии сайёр бо риояи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 417 ҳамин Кодекс дар асоси дастури мақоми гумрук, ки аз ҷониби сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори он имзо шудааст, гузаронида мешавад.
3. Санаи оғози гузаронидани санҷиши гумрукии сайёр санаи супоридани нусхаи дастур дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии сайёр ба шахси санҷидашаванда ҳисобида мешавад.
4. Мӯҳлати гузаронидани санҷиши гумрукии сайёр набояд аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғози санҷиши гумрукӣ зиёд бошад. Мӯҳлати мазкур метавонад аз ҷониби сардори мақоми гумрук ё муовини ваколатдори ӯ то 30 рӯзи дигар тамдид гардад.
5. Асосҳои гузаронидани санҷишҳои гумрукии сайёр инҳо мебошанд:
1) маълумоте, ки дар натиҷаи таҳлили иттилооти дар захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ба даст омадаанд ва дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад;
2) натиҷаҳои татбиқи низоми идораи таваккал;
3) маълумоте, ки дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад;
4) аризаи шахс дар бораи дохил намудан ба феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;
5) пешниҳоди маълумот аз ҷониби танзимгари ваколатдори иқтисодӣ ба мақоми гумрук дар бораи тағйир додани маълумоте, ки ҳангоми ба феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ дохил намудани онҳо дар бораи моликият, пешбурди хоҷагидорӣ, идораи оперативӣ ё иҷораи иншоот, биноҳо (қисмҳои биноҳо) ва (ё) майдончаҳои кушода (қисмҳои майдончаҳои кушода), ки барои нигоҳдории муваққатии молҳо пешбинӣ шудаанд, пешниҳод шуда буд;
6) санҷиши маълумоте, ки дар натиҷаи мубодилаи иттилоотӣ бо мақомоти андоз ва ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст;
7) муроҷиат (дархост)-и мақомоти салоҳиятдори давлате, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи дахлдорро ба имзо расонидааст, дар бораи гузаронидани санҷиши шахсе, ки бо шахси хориҷӣ шартномаҳо вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидааст;
8) санҷиши маълумоте, ки дар натиҷаи мубодилаи иттилоотӣ бо мақомоти андоз, гумрук ва ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ ба даст оварда шудааст;
9) ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатие, ки дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад;
11) муроҷиати ташаббускоронаи шахс дар бораи гузаронидани санҷиши гумрукии сайёр;
12) зарурати гузаронидани санҷиш оид ба масъалаҳое, ки дар шикоят аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда, дарҷ шудаанд;
13) натиҷаҳои гузаронидани санҷиши гумрукии камералӣ, ки аз вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, аз ҷумла ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумот бо талаби мақомоти гумрук;
14) натиҷаҳои гузаронидани назорати гумрукӣ дар шаклҳои дигар ё татбиқи тадбирҳое, ки гузаронидани назорати гумрукиро таъмин намуда, аз вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд;
15) барҳамдиҳӣ, азнавташкилдиҳии шахси санҷидашаванда ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муфлисшавӣ аз ҷониби шахси санҷидашаванда.
6. Санҷишҳои гумрукии сайёр бидуни маҳдудияти даврияти гузаронидани онҳо гузаронида мешаванд.
7. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши гумрукии сайёр санади санҷиши гумрукии сайёр аз рӯйи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тартиб дода мешавад.
8. Хусусиятҳои дигари гузаронидани санҷишҳои гумрукии сайёр аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд.».
86. Боби 52 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Боби 52. НИЗОМИ ИДОРАИ ТАВАККАЛ
Моддаи 427. Истифодаи низоми идораи таваккал
1. Низоми идораи таваккал маҷмуи тадбирҳое мебошад, ки мақомоти гумрук барои ноил шудан ба мақсадҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб анҷом медиҳанд.
2. Низоми идораи таваккал бо истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук барои пешгирии вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад, ки:
- хусусияти устувор дорад;
- бо саркашӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо алоқаманд аст;
- рақобатпазирии молистеҳсолкунандагони ватаниро халалдор мекунад;
- ба дигар манфиатҳои барои давлат муҳим, ки таъмини риояи он ба зиммаи мақомоти гумрук гузошта шудааст, таъсир мерасонад.
Моддаи 428. Мафҳумҳои асосие, ки дар низоми идораи таваккал истифода мешаванд
Дар низоми идораи таваккал мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) таваккал – эҳтимоли риоя накардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) таваккали муайяншуда – далеле, ки нишон медиҳад, ки вайронкунии қонунгузории гумрук аллакай рух додааст ва дар ин бора мақомоти гумрук маълумот доранд;
3) таваккали эҳтимолӣ – таваккали муайяннашуда, вале шароити ба амал омадани он мавҷуд аст;
4) дараҷаи таваккал – андозаи таносуби басомади рух додани ҳодиса вобаста ба риоя накардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳо (зарар)-и эҳтимолии пайдоиши ин ҳодисаро тавсифкунанда;
5) намуди таваккал – маҷмуи маълумот дар бораи минтақаи таваккал, нишондиҳандаҳои таваккал, инчунин дар бораи тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал;
6) меъёрҳои дараҷаи таваккал – маҷмуи хусусиятҳое, ки аз рӯйи онҳо ба шахсони анҷомдиҳандаи амалиёти гумрукӣ бо мақсади татбиқи шаклҳои назорати гумрукӣ ва (ё) тадбирҳои таъмини назорати гумрукӣ баҳо дода мешавад;
7) тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал – маҷмуи чорабиниҳое, ки аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти гумрук бо мақсади ошкор ва пешгирии вайронкунии қонунгузории гумрукӣ анҷом дода мешаванд;
8) идораи таваккал – фаъолияти низомкардашудаи мақомоти гумрук оид ба кам кардани эҳтимолияти ҳодисаҳои вобаста ба риоя накардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳо (зарар) - и эҳтимолии пайдоиши онҳо;
9) арзёбии таваккал – амалҳо оид ба ҳаммонандсозӣ, таҳлили таваккал ва муайян кардани дараҷаи таваккал;
10) ҳаммонандсозии таваккал – амалҳое, ки ба ошкорсозӣ, шинохтан ва тавсифи таваккал нигаронида шудаанд;
11) таҳлили таваккал – истифодаи маълумоти дар ихтиёри мақомоти гумрук мавҷудбуда барои муайян намудани соҳа ва нишондиҳандаҳои таваккал;
12) нишондиҳандаи таваккал – меъёрҳои муайян бо параметрҳои пешакӣ муқарраршуда, ки дурӣ аз онҳо ё мувофиқатӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки объекти назорати гумрукӣ интихоб карда шавад;
13) соҳаи таваккал – тавсифи таваккал ва шароите, ки дар он таваккал ба вуҷуд меояд.
Моддаи 429. Объектҳои таҳлили таваккал
Ба объектҳои таҳлили таваккал дохил мешаванд:
1) намуди мол;
2) рамзи мол тибқи Номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) кишвари истеҳсолкардаи мол;
4) кишвари интиқолкардаи мол;
5) кишвари таъиноти мол;
6) воситаи нақлиёт;
7) арзиши гумрукӣ;
8) хатти сайри интиқоли мол;
9) иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
10) ҳуҷҷатҳое, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳод шудаанд.
Моддаи 4291. Истифодаи низоми идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук
1. Мақомоти гумрук низоми идораи таваккалро барои интихоби объектҳои назорати гумрукӣ ва чораҳои кам кардани таваккал, инчунин гузаронидани назорати гумрукӣ дар давраи таҳти назорати гумрукӣ қарор доштани мол ва дар давоми мӯҳлати даъвои муқаррарнамудаи моддаи 394 ҳамин Кодекс истифода мебаранд.
2. Мақсадҳои асосии истифодаи низоми идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук:
1) таъмини самаранокии назорати гумрукӣ;
2) таваҷҷуҳ ба соҳаҳои таваккал бо сатҳи баланд ва таъмини самаранокии истифодаи захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук;
3) муҳайё намудани шароит барои тезонидан ва содагардонии интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои онҳо зарурати татбиқи тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал ошкор карда нашудааст.
3. Стратегия ва тарзи татбиқи низоми идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук, тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот, гузаронидани таҳлил ва арзёбии таваккал, таҳия ва татбиқи тадбирҳои идораи таваккал аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 4292. Ташкили раванди идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук
1. Раванди идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук инҳоро дар бар мегирад:
1) ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот дар бораи объектҳои назорати гумрукӣ, амалиёти гумрукӣ ва натиҷаҳои назорати гумрукӣ, ки ҳам то иҷозати мол ва ҳам пас аз он гузаронида шудаанд;
2) арзёбии таваккал;
3) тавсифи нишондиҳандаи таваккал;
4) муайян намудани тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал ва тартиби татбиқи онҳо;
5) таҳия ва тасдиқи намудҳои таваккал;
6) интихоби объектҳои назорати гумрукӣ;
7) татбиқи тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал;
8) таҳлил ва назорати натиҷаҳои татбиқи тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал;
9) арзёбии самаранокии чорабиниҳои дар бандҳои 1) – 8) ҳамин қисм пешбинишуда.
2. Намудҳои таваккал, мӯҳлат, меъёрҳои муайян ва татбиқи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Маълумоти дар намудҳо ва нишондиҳандаҳои таваккал мавҷудбуда махфӣ мебошад, ба истиснои маълумоти зерин:
1) дар бораи далел оид ба кашида шудан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва (ё) маъмурӣ барои вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар бораи мавҷуд будани қарз оид ба пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо.
4. Ҳангоми пешбурди фаъолият оид ба идораи таваккал мақомоти гумрук, асосан низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро истифода мебаранд.».
87. Дар моддаи 456:
- дар қисми 1 калимаҳои «муайяннамудаи Ҳукумати» ба калимаҳои «муайяннамудаи қонунгузории» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи «ташкилотҳои» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шавад.
88. Дар қисми 1 моддаи 457 калимаҳои «тибқи тартиби муайяннамудаи» ба калимаҳои «аз ҷониби мақомоти ваколатдори» иваз карда шаванд.
89. Моддаи 458 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 458. Тартиби супоридани моле, ки ба моликияти давлат гузаронида шудааст
Моле, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук ё объекти бевоситаи он буда, ба моликияти давлат гузаронида шудааст, аз ҷониби мақомоти гумрук бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор супорида мешавад.».
90. Дар қисми 3 моддаи 487 калимаҳои «ташкилотҳои махсусгардонидашудаи муассисаҳои» ба калимаҳои «муассисаҳои махсусгардонидашудаи» иваз карда шаванд.
91. Дар қисми 3 моддаи 497 калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
92. Дар моддаи 504:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук маҷмуи муташаккили иттилооти ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла махзани маълумоти оморӣ ва дигар ҳуҷҷат ва иттилооте мебошад, ки дар низомҳои иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, коркард ва ҷамъ оварда шудаанд.»;
- дар қисми 4 калимаҳои «метавонад тавассути усулҳои электронии мубодилаи иттилоот ҳангоми риояи талабот оид ба ҳуҷҷатгузории иттилоот» ва «шаванд» мувофиқан ба калимаҳои «тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук дар шакли электронӣ бо риояи талабот оид ба иттилои ҳуҷҷатнокшуда» ва «мешаванд» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №2186
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2025, №72
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 25 июни соли 2025, №145