Раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуфзода ҳангоми нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд ёдгории таърихии «Аҷинатеппа» бозсозӣ мешавад. Барои анҷоми ин кор 400 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ ва корҳои таъмиру барқарорсозӣ оғоз шудааст.
Зикр шуд, ки дар шаш моҳи аввали сипаригардидаи соли равон ба ин мавзеи таърихӣ 363 сайёҳ ташриф оварданд, ки 64 нафарашон хориҷӣ мебошанд.
Ба ғайр аз ёдгории таърихии «Аҷинатеппа» дар ҳудуди ноҳияи Вахш 6 ёдгории таърихии дигар мавҷуд буда, марҳила ба марҳила таъмиру бозсозӣ хоҳанд шуд.
- Феълан дар ноҳияи Вахш 35 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳанг, 11 клуб, китобхонаи бачагона, китобхонаи марказӣ, 16 китобхона дар деҳот ва мактаби санъати бачагона, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар арафаи таҷлили Ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бинои нави китобхонаи марказии ноҳия ба истифода дода мешавад, — гуфт Қ. Юсуфзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»