- Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баҳри иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва дар амал татбиқ намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» 30-юми марти соли 2024 озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳуқуқдон»-ро байни донишҷӯён баргузор намуд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни 27 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуданд, — гуфт ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ.
Иттилоъ гирифтем, ки дар шаш моҳи аввали соли 2024 донишгоҳ бомуваффақият аз аттестатсияи навбатӣ гузашта, барои пешбурди фаъолият соҳиби иҷозатнома шудааст.
Рӯйдоди дигари фараҳбахш таҳия ва қабули стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040 маҳсуб мешавад, ки аз 8 боб ва 10 самт таркиб ёфта, фарогири масъалаҳои такмили низоми идоракунӣ рушди инфрасохтор, рақамикунонии фаъолият, такмили сиёсати академию таҳсилотӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ, дастгирии тадқиқоти илмӣ, фаъолияти инноватсионӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти тарбиявӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳамкорӣ бо субъектҳои бозори меҳнат мебошад. Зикр шуд, ки стратегияи мазкур дар 7 марҳила амалӣ мешавад.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»