- Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 тасдиқ шудааст, дар нимсолаи якуми соли 2024 як силсила корҳоро иҷро намуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори агентӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
- Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 4759 кори оморӣ, аз ҷумла 967 кор марбут ба омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 1244 — кишоварзиву ҳифзи муҳити зист, 262 — молия, 380 — бақайдгирии нарху тарифҳо, 198 — таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 578 — демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ, 693 — захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 437 кор дар самтҳои нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хизматрасонии пулакӣ таҳия гардид.
Дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи ҷумҳуриҳои Беларус ва Ӯзбекистон дар самти баҳисобгирии вуруду хурӯҷи шаҳрвандон ҳисобот оид ба шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайёҳат ворид гардиданд ва шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун сайёҳ ба хориҷа сафар карданд, таҳия шуд.
Дар доираи лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» маркази коркарди маълумот (МКМ) фаъол гардид, ки он дорои 7 сервери замонавӣ, 2 файервол, 2 свичи марказӣ ва 2 низоми нигоҳдории маълумот аст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»