Сенздаҳуми сентябри соли 2024 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо масъулини лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат»-и Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ чорабиниҳои дар доираи лоиҳа банақшагирифташуда, аз ҷумла дастгирии котибот (мушовирон) барои таҳкими иқтидори онҳо бо мақсади дастгирии кумитаҳо дар раванди баррасии қонунҳо, дастгирии Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани малакаи аъзои кумита дар гузаронидани тадқиқот ва омӯзиши қонунҳо, рушди тавонмандии вакилон дар мавзуъҳои дастрасӣ ба адолат, ҳуқуқи инсон, дастгирии маъюбон, гендер, Ҳадафҳои рушди устувор, Протоколои факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дастгирии такмили системаи иттилоотӣ-электронии парлумон муаррифӣ карда шуд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ва менеҷери лоиҳаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» хонум Шама Фарук доир ба аҳамияти ҳамкорӣ дар доираи барномаи зикршуда андешаронӣ карда, ҳамчунин, миёни ҷонибҳо оид ба самарабахш шудани ҳамкориҳо муколама сурат гирифт.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ