Конститутсия – сарчашмаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

№117 (4857) 01.10.2024

DSC_964028 декабри соли 2023 дар ­Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад намуда, рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар давоми солҳои охир амиқ таҳлил ва самтҳои асосии рушдро барои давраҳои минбаъда мушаххас карданд.

Аз ҷумла, дар Паём махсус қайд гардид, ки соли 2024 аз қабули Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол пур мегардад ва «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Ёдовар шудан аз сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат тасодуфӣ набуд, зеро маҳз Конститутсия — қонуни асосии Тоҷикистони соҳиб­истиқлол, санади ҳуқуқӣ ва сиёсӣ заминаи боэътимоди эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин нуктаи Паём 30 декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ба имзо расид.

Албатта, мақсад аз эълон намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пеш аз ҳама, огоҳии онҳо аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ мебошад, ки заминаи устувори онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи чорабиниҳои маърифатию тарбиявиеро дар бар мегирад, ки барои пайдо намудан ё шинос шудан бо асосҳои ҳуқуқ равона гардидаанд. Маърифати ҳуқуқиро дар бисёр маврид бо фарҳанги ҳуқуқӣ, маълумоти ё саводи ҳуқуқӣ, таҳсилоти ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва иттилоотонии ҳуқуқӣ ҳаммаъно медонанд, ки чандон дуруст нест. Маърифати ҳуқуқӣ агарчӣ бо мафҳумҳои зикргардида аз рӯи моҳияти худ наздик бошад ҳам, вале доираи татбиқи онҳо фарқ мекунад.

Бояд қайд кард, ки дар байни олимони ҳуқуқшинос низ доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ як фикри фарогир вуҷуд надорад. Доир ба ин мафҳум баҳсҳои доманадор вуҷуд доранд, ки аз шарҳи онҳо худдорӣ менамоем. Вале, дар маҷмӯъ, маърифати ҳуқуқиро ҳамчун фаъолияти мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташкил ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон бо мақсади таъмини риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷомеа фаҳмидан мумкин аст.

Дар навбати худ, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 тасодуфӣ нест. Тавре ки дар боло қайд гардид, имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сӣ сол сипарӣ мешавад. Аз ин рӯ, меарзад, ки ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсия диққати махсус зоҳир намоем. Зеро Конс­титутсия замоне таҳия ва қабул шуд, ки дар кишвар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва таъмини сулҳу субот вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт.

Дар таърихи давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикистон қабули Конс­титутсияи нави ҷумҳурӣ яке аз рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳе ба шумор меравад, ки он дар ҳаёти кишвар дигаргуниҳои ҷиддиро ворид намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шурӯъ кард. Ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».

Кӯшишҳои аввалини таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 сарчашма мегирад, ки дар эъломияи мазкур асоси таҳияи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шуда буд. Рӯзе пештар, яъне 23 августи соли 1990 Комиссияи тайёр намудани лоиҳаи Конс­титутсия (Қонуни асосӣ) ташкил карда шуд. Вале, воқеаҳои рӯйдода ин корро ба таъхир меандохтанд. Дар Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти таҳияи Конс­титутсияи нав боз як бор таъкид гардид. Дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шурои Олӣ (26 июли соли 1993) ба ҳайати Комиссияи конститутсионӣ тағйироти дахлдор ворид карда шуда, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси комиссияи мазкур интихоб гардид. Аз ҳамон лаҳза кор оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ранги дигар гирифт ва аъзои комиссия бо ғайрати том ба таҳияи Конститутсия шурӯъ намуданд.

Зимнан, бояд қайд намуд, ки дар таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикис­тон раиси Комиссияи конститутсионӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусу пешниҳодҳои ҷолиби худ хизмати бузурге кардаанд, ки он таҳқиқи алоҳидаро талаб мекунад.

Дар асоси дастури роҳбарияти нави Шурои Олӣ, бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ­сентябри соли 1993 гурӯҳи корӣ оид ба таҳия намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар таъсис дода шуд.

Зарурат ва аҳамияти омода ва қабули Конститутсияи нави мамлакат дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 1993) дар суханронӣ ва изҳороти сиёсии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид гардид: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, … бояд Шурои Олӣ лоиҳаи Қонуни асосии навро баррасӣ карда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд. Баъд аз хатми муҳокима таҳрири ниҳоии лоиҳаи Сарқонун ва гузаронидани раъйпурсии умумии он қабул шавад». Сарвари давлат дар ин изҳороти худ ҳам зарурат ва ҳам тартиби қабули Конститутсия, яъне ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул кардани онро пешниҳод намуданд, ки дар он вақт хеле муҳим ва саривақтӣ буд.

Гурӯҳи корӣ конститутсияҳои чандин давлати ҷаҳонро омӯхта, зимни таҳияи лоиҳа онҳоро ба инобат гирифт. Яке аз масъалаҳои мубрам интихоби сохти идоракунии давлат ба шумор мерафт. Интихоби сохти идоракунӣ дар гурӯҳи корӣ боиси баҳсҳои доманадор мегашт. Ахиран, моҳи апрели соли 1994 ба Комиссияи конститутсионӣ ду лоиҳа: яке лоиҳаи Конститутсия бо сохти идоракунии парламентӣ ва дигаре бо сохти идоракунии президентӣ пешниҳод гардид. Комиссияи конститутсионӣ баъди муҳокимаи лоиҳаҳо лоиҳаи Конститутсия бо сохти идоракунии президентиро ҷонибдорӣ намуда, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ ба Раёсати Шурои Олӣ пешниҳод намуд.

Бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 лоиҳа дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ чоп гардид.

Баъди муҳокимаҳо Комиссияи конститутсионӣ бо назардошти таклифу эродҳои мардум лоиҳаро такмил дода, онро то 1 июли соли 1994 ба Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Бояд қайд кард, ки муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия амалан ошкоро ва объективона гузаронида мешуд. Зиёда аз ҳашт ҳазор таклифу пешниҳодҳое, ки ба комиссия ворид гашта буданд, ақидаи миллионҳо сокини мамлакатро дар бар мегирифтанд.

Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конс­титутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 1994 бо пешниҳоди Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъйпурсӣ барои қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 25 сентябри соли 1994 таъин гардид. Баъдан, бо мақсади ҷалби бештари шаҳрвандон дар муҳокима ва қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯзи раъйпурсӣ 6 ­ноябри соли 1994 муайян карда шуд.

6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он дар рушди давлатдории тоҷикон саҳифаи навро кушод.

Ҳарчанд ин конститутсия дар шароити мушкили сиёсӣ, дар ҳоле ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт, қабул гардида бошад ҳам, коршиносони байналмилалӣ онро дар қатори беҳтарин конститутсияҳо номбар кардаанд.

Илова бар ин, қабули Конститутсия фарҳанги баланди мардуми тамаддунсози тоҷикро таҷассум менамояд, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ягонагӣ ва муттаҳидии худро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ нишон доданд.

Дар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба ғайр аз нуктаҳои дар боло зикр­гардида чаро маҳз ба омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад?

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқии дорои эътибори баланд аст, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби интихоб ва фаъолияти парламент — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, мақомоти судӣ ва прократура бо пуррагӣ муайян карда шудаанд.

Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз дебоча, 10 боб, 100 модда иборат буд. Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия 22 июни соли 2003 ворид карда шуданд, ба Конститутсия муқаррароти интиқолӣ илова карда шуд.

Дар дебоча нишон дода шудааст, ки «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди насл­ҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯс­тии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конс­титутсияро қабул ва эълон менамоем».

Дар ин дебоча тамоми масъалаҳое, ки моҳияти асосии Конститутсияро ташкил медиҳанд, ба таври фишурда инъикос ёфтаанд.

Дар моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ, ягона эълон ва шакли идораи он президентӣ муайян карда шудааст.

Дар давлати ҳуқуқбунёд, ки Тоҷикистон дар Конститутсияи худ онро эълон кардааст, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, риояи қонун аз тарафи ҳама шарти асосӣ ба шумор меравад.

Дарвоқеъ, Конститутсия — қонуни асосии мамлакат ягона санадест, ки сохтори идоракунии давлатро муайян менамояд. Ин сохтор бо роҳи муайян намудани механизм ва салоҳиятҳои мақомоти ҳокимият, муносибати мақомоти идоракунии марказӣ ва маҳаллӣ, принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва системаи интихоботӣ, муносибати давлат ба шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон – ҳуқуқу вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандонро муайян менамояд.

Аз рӯи муҳимият ва аҳамияти худ Конститутсия якчанд вазифаҳоро иҷро менамояд:

1. Вазифаи сиёсӣ ва таъсисӣ. Конститутсия низоми сиёсии кишвар ва сохтори ҳокимияти давлатӣ, тартиби ташкил, баргузории интихобот, раъйпурсӣ ва салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро муайян мекунад;

2. Вазифаи ҳуқуқӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи низоми ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, низоми ҳуқуқии кишварро муайян мекунад. Дар мавридҳои алоҳида, дар сурати мавҷуд набудани санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо, Конс­титутсия бевосита ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад;

3. Вазифаи инсондӯстӣ. Конститутсия моҳияти инсондӯстии давлат — давлати иҷтимоӣ будани он, вазъи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муқаррар мекунад;

4. Вазифаи маърифатӣ. Вазифаи маърифатии Конститутсия аз моддаҳои 10 ва 42 Конститутсия сарчашма мегирад, ки мувофиқи онҳо давлат ва мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо, хуллас, ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя ва иҷро кунад, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Махсус қайд гардидани меъёр дар хусуси он ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад, номбурдагонро вазифадор менамояд, ки қонунҳоро донанд.

Албатта, риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, пеш аз ҳама, аз огоҳии шахс аз муҳтавои Конститутсия ва қонунҳо вобаста аст. Бинобар ин, Конститутсия ин уҳдадориро ба зиммаи шаҳрвандон гузошта, онҳоро вазифадор мекунад, ки Конститутсия ва қонунҳоро омӯзанд. Огоҳонидани муҳтавои Конститутсия ва қонунҳо ба мардум, дар навбати худ, мақсади ниҳоии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба шумор меравад. Аз ин нигоҳ, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 аз моҳияти худи Конститутсия бармеояд.

Дар ташаккули давлати муосир таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти бузурги назариявӣ ва амалию сиёсиро доро гардида, он ҳамчун шиносномаи миллат, ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлатдории муосири тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, субот, ваҳдат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, нақши барҷастаи таърихиро гузошт.

dsc.tj-1-79m74421s3y6k3i26uf1s6lqwwylz892wy7gjs14ktoМаҳз дар Конститутсия ниҳодҳои бунёдии давлати муосири Тоҷикис­тон, принсипҳои нави давлатсозӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ нақши меҳварӣ ва инъикоси меъёрии худро касб намудаанд. Зеро Конститутсия ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафти давлату ҷомеаро муайян мекунад.

Мусаллам аст, ки ҳаёти ҷамъиятии ҳар як давлат дар асоси низоми ҳуқуқӣ пеш рафта, волоияти қонун аз муҳимтарин принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд дониста мешавад. Зеро, агар дар ҷомеа ҳуқуқ ва қонуният риоя нагардад, пас, дар чунин ҷомеа адолати иҷтимоӣ таъмин карда намешавад.

Воқеияти зиндагӣ, рушди минбаъдаи кишвар ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқ­бунёд, имконияти васеъ барои ташаккули гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ, такмили салоҳияти мақомоти давлатӣ ва фаъолнокии сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон фароҳам овард ва дар ин замина таъсиси мақоми қонунгузор бо фарогирии плюрализми ҳизбӣ амалӣ карда шуд.

Аз тарафи дигар, Конститутсия қонуни асосии кишвар буда, сарчашмаи қонунгузории мамлакат ба шумор меравад. Яъне, агарчӣ Конститутсия худ санади меъёрии ҳуқуқӣ бошад ҳам, тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат аз он сарчашма мегирад.

Конститутсия ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ, дорои якчанд нишона мебошад, ки аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фарқ мекунанд:

1. Волоият ва эътибори олии ҳуқуқӣ. Дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Конститутсия ҳамчун санаде, ки аз тарафи халқ тавассути раъй­пурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, нисбати дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эътибори олӣ дорад ва ягон санади мақомоти ҳокимияти давлатӣ наметавонад ба меъёрҳои он мухолифат намояд. Инчунин, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия аз моддаи 6 сарчашма мегирад, ки дар он халқ баёнгари соҳиб­ихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст. Ҳамзамон, ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот дониста мешавад.

Мувофиқи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Конститутсия дар сархати он ҷой гирифтааст.

Дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ вакилони Маҷлиси намояндагон волоияти меъёрҳои Конститутсияро хуб дарк мекунанд ва истифода мебаранд, зеро яке аз талаботҳое, ки барои қабули қонуну қарорҳо пешниҳод мегардад, мувофиқати онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Амали бевосита. Дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қайд гардидааст, ки меъёрҳои Конститутсия мустақиман амал мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки зимни баррасии масъалаҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла судҳо ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, метавонанд бевосита бо такя ба меъёрҳои Конститутсия қарор қабул намоянд. Шаҳрвандон низ метавонанд зимни муроҷиат ба мақомот аз меъёрҳои Конститутсия истифода баранд. Мехоҳам махсус қайд намоям, ки набудани меъёри тасдиқкунандаи меъёри Конститутсия барои татбиқ накардани меъёри Конститутсия асос намешавад.

3. Хусусияти таъсисӣ. Моҳияти асосии ин нишона аз он иборат аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои асосии ташкили ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷумла, сохтори ҳудудӣ, шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ, истиқлолият, таҷзияи ҳокимият ва ғайра дар Конститутсия муайян карда мешаванд.

4. Нишонаи устуворӣ. Моҳияти ин нишона дар тартиби махсуси қабул, ворид намудани тағйирот ва беэътибор донистани меъёрҳои Конститутсия ифода меёбад. Тавре ки дар боло қайд гардид, Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. Мувофиқи талаботи моддаи 98 Конститутсия барои ворид намудани тағйи­рот ба Конститутсия риояи расмиёте, ки ҷиҳати қабули он истифода гардидааст, ҳатмӣ мебошад. Яъне, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия фақат бо роҳи гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ дохил намудан мумкин аст. Бо дигар роҳ тағйир додани меъёрҳои Конститутсия манъ аст ва чунин амалҳо эътибор надоранд.

Ба ғайр аз ин, мутобиқи талаботи моддаи 99 Конститутсия доираи маҳдуди шахсоне муайян карда шудааст, ки метавонанд тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия пешниҳод намоянд. Инҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон мебошанд. Дигар шахсон ё мақомот наметавонанд оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсия масъа­лагузорӣ кунанд.

Раъйпурсиро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конс­титутсия Президент ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.

Дар тӯли таърихи начандон дури Тоҷикистон мо шоҳиди он будем, ки Конститутсияи қаблии кишвар ва тағйиру иловаҳо ба он аз тарафи мардум не, балки дар мақоми қонунгузор — Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардид ва дар шароити буҳронии сиёсӣ дар як рӯз ба Конститутсия якчанд маротиба тағйирот ворид карда мешуд. Қариб дар бештари иҷлосияҳои Шурои Олӣ яке аз масъалаҳо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конс­титутсия буд. Ин ҳолат аз ноустувории Конститутсия шаҳодат медод ва қувваҳои сиёсӣ аз ин бо мақсадҳои худ истифода бурда, оқибати фоҷиабори он давраро ба миён оварданд.

5. Тарзи махсуси муҳофизат. Мувофиқи талаботи моддаи 64 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомӣ (кафил)-и Конститутсия мебошад. Инчунин, бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Суди конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис дода шудааст.

Новобаста ба он ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони қабули худ ба тамоми меъёру талаботи вақт ҷавобгӯ буд, бо гузашти вақт ва рушди устувору босуботи ҷомеа зарурияти ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо ба миён омаданд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Бо назардошти ин ҳолат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки он 26 сентябри соли 1999 дар раъйпурсии умумихалқӣ ҷонибдории пурраи мардуми Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо ғасби ҳокимият вазнинтарин ҷиноят эътироф гардида, бори нахуст дар мамлакат парламенти дупалатагӣ таъсис дода шуд. Яъне, таъсиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҳамин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия сарчашма мегиранд. Ҳамзамон, масъалаҳои ташкилии Маҷлиси Олӣ, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон зимни гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя, салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ муайян карда шуданд.

Таъсиси Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти кори мақомоти судӣ дар кишвар низ бо ҳамин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардид.

22 июни соли 2003 бо пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намоян­дагон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуюм тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Бо ин тағйиру иловаҳо ба Конс­титутсия муқаррарот оид ба арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф нагардидани мафкураи ягон ҳизб, иттиҳодияи ­ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ё гурӯҳе, бевосита амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешбинӣ гардида, салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Президент ва судҳо мушаххас карда шуданд. Илова бар ин, ба Конститутсия муқаррароти интиқолӣ илова карда шуд, ки дар он тартиби амалӣ намудани тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшударо пешбинӣ менамуд.

Бори сеюм бо пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Бо ин тағйиру иловаҳо аз номи Конститутсия калимаи (Сарқонун) хориҷ карда шуда, шакли идоракунии президентӣ мушаххас гардид, фаъолияти ҳизбҳои сиёсии давлатҳои дигар, инчунин ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта ва маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлату созмон ва шахсони хориҷӣ расман манъ карда шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати танзими масъалаҳои шаҳрвандӣ ба моддаи 15 Конститутсия тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 34 Конститутсия ворид гардиданд, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандонро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар муқаррар намуданд.

Маҳз бо ҳамин тағйиру иловаҳо муҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сол муқаррар карда шуда, дар Конститутсия мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муайян карда шуд.

Инчунин, ба моддаҳои дахлдори Конс­титутсия тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат ва судя шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

Дар ин маврид талаботи синнусолӣ низ нисбат ба Президент, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон тағйир дода шуда, ба ин мансаб шахсоне, ки синнашон ба 30 расидааст, интихоб шуда метавонанд.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулгардида Конститутсияи амалкунандаро мукаммал гардонида, онро бо рушди ҷомеа мувофиқ намуда, барои пешравии давлат шароити мусоид фароҳам оварданд.

30 соли амали Конститутсия нишон дод, ки ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ дар худ фарҳанги миллати қадимаю тамаддунсози тоҷикро таҷассум намуда, имрӯз ва оянда барои мардуми шарифи кишвар хизмати сазовор карда метавонад.

Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло,

муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон