Мулоқот бо Шайх Холид ибни Ҳамад Оли Сонӣ

№118-119 (4858-4859) 04.10.2024

54037984475_30f7c2cf03_b2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Шайх Холид ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ, ки миёни  Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои мухталиф мавҷуд аст, бояд ба нафъи мардумони ду кишвар васеъ истифода шавад.