Бахшида ба 90 солгии таърихнигори мумтоз ва муҳаққиқи нуктасанҷу олими маъруфи тоҷик профессор Олуболу Боқиев дар деҳаи Хуфи деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон нимпайкараи олим гузошта шуд.
Дар маросими ифтитоҳи нимпайкара роҳбарону масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, маорифчиён ва адибону журналистон иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Арамбегим Ҷаъфариева иброз намуд, ки шодравон О. Боқиев дар тӯли 66 соли умри пурбаракати хеш тавонист осори гаронбаҳоеро ба мерос гузорад. Таҳқиқоти чандинсола ва заҳматҳои олими маъруф бо забонҳои тоҷикию русӣ, бо номҳои «Муборизаи халқҳои мамлакати мо барои истиқлолият бар зидди аҷнабиёни хориҷӣ дар асрҳои Х11 – Х111», «Баъзе масъалаҳои асосии таърихи СССР ва таърихшиносӣ», «Завоевание и присоединение северного Таджикистана, Памира и Горного Бадахшана к России», «Социально – экономическое положение Таджикистана в дореволюционной русской историографии» ва ғайра ба нашр расидааст, ки паҳлуҳои гуногуни таърихи пурғановати миллату давлатамонро инъикос менамоянд. Ҳоло осору мақолаҳои устод беҳтарин дастури методию илмӣ барои наслҳои имрӯзу оянда ба шумор мераванд.
Дар баробари ифтитоҳи нимпайкара, инчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и деҳаи Хуф ба номи ин олими намоёни тоҷик гузошта шуд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»