Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадан ба халқи кишвар такя кард, аз ҳикматҳои бузургони миллат баҳра гирифт, мизони роҳбариро дар пайвастагӣ бо мардуми шарафмандаш нигаҳ дошт, барои мустаҳкам кардани пояҳои давлати навин ва шукӯҳу ҷалоли Тоҷикистони маҳбубаш бо тамоми неруи зеҳнӣ ҷаҳду талош варзид. Чаро эътироф накунем, ки таъмини шароити амнияти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ маҳз бо ҳамин роҳ ба даст омадааст?! Боварии Сарвари давлат дар хусуси аз ҷониби халқи кишвар мақбул донистани сиёсати пешгирифтаи ин абармард дар суханрониҳояш ифода мегарданд.
Бисту ҳаштуми декабри соли 2023, ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханони Президенти кишвар дар бораи истиқлолият бори дигар ба таври возеҳу равшан аён гардид. Пешвои миллат дар ибтидо барору пешравиҳои кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба заҳмати халқи азизаш марбут донист.
Боварию эътимоди Сарвари давлат ба халқ нишони хиради волои ин марди азизи Тоҷикистон аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургфарзандони халқаш панд гирифта, дар сиёсатмадорӣ, роҳбарию сарварӣ таҳаммулпазирӣ зоҳир намуда, дар навбати худ ба мардумаш панд медиҳад, талқин мекунад, ки ваҳдату муттаҳидӣ, сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз кардани дастовардҳои истиқлолият омилҳои муҳими пешравӣ ва рушду нумуи Тоҷикистон мебошад. Ҳамин маънӣ дар Паёми Президенти кишвар бори дигар бо ҳиссиёти баланди ватандӯстона садо дод: «Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати биҳиштосои Тоҷикистонро ба гулистон табдил диҳем, ободию тозагию озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем».
Тоҷикистон на фақат аз нигоҳи сокинонаш, инчунин, аз назари меҳмонони хориҷӣ ҳамчун кишвари афсонавӣ шинохта мешавад. Сарвари давлат дар ин радиф таъкид менамоянд, ки ин биҳишт бояд ҳамеша, дар ҳамаи фаслҳои сол рангу таровати ҳаловатбахш дошта бошад. Ҳар як сокини ватандӯст маънии истиқлолиятро бояд дар дӯст доштани Тоҷикистон бифаҳмад.
Мо — халқи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ соҳибистиқлолӣ, озодӣ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ягон чиз иваз намекунем. Охир, мо тавассути ин неъмат кабӯтари бахту иқболи хешро пайдо кардаем. Пешвои миллат ҳушдор медиҳанд: «Ҳар куҷое бошем, ба ҳар куҷое сафар кунем, дар кадом вазъе қарор надошта бошем, ҳеҷ гоҳ нисбат ба миллати худ, нисбат ба Ватани худ, нисбат ба давлати азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол хиёнат накунем, ҳарфи хиёнат ба лаб наорем». Ҳарфҳое, ки бо оҳанги таъкид, амру дастур баён мешаванд, дар меҳвари он панду андарзи падарона ҷой гирифтаанд.
Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти як кишвари мустақил вақте дар сари минбарҳои ҷаҳонӣ сухан меронанд, дунёи сиёсатмадорӣ ва донишу хиради сиёсии ӯ равшан мегардад. Ибрози назарҳояш назди мардуми Тоҷикистон хеле самимӣ, саршори панду ҳикматанд. Бо забони ширину шевои модарӣ, ки мақоми давлатӣ гирифтааст, сода, фаҳмою ҳадафнок сухан меронанд.
Биёед, аз маорифпарварии Сарвари давлат ҳарф бизанем. Низоми маорифи кишвар ҳамасола ба нишондиҳандаҳои нав ноил мегардад. Сабаб он аст, ки давлат ба маориф афзалиятҳои зиёд медиҳад. Соли 2023 соҳаи мазкур 2,6 миллион нафар хонандаро ба таҳсил фаро гирифт. Ҳукумат ба таҳсили духтарон аҳамияти махсус зоҳир менамояд. Таъсиси Квотаи президентӣ ба ҳазорон нафар сокинони кишвар маълумоти олӣ дод. Сарвари давлат ба ҳар гӯшаи Тоҷикистон сафар кунанд, ба таҳсили духтарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, ба падару модарон, соҳибкорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат мекунанд, ки пеш аз ҳама, дар бораи инсон, дар бораи фарзандон фикр кунанд. «Мо бояд дар фикри он бошем, ки вақте миллат бесавод мемонад, ба давлат бадбахтӣ меорад», — таъкидан, вале насиҳатомез иброз медоранд.
Ҳар сокини кишвар бояд ба чунин нуктаҳо таваҷҷуҳ дошта бошад: «… вақте ки фарзанд тарбиятёфта аст, таълимгирифта аст, савод дорад, касб дорад, ҳунар дорад, ба падару модари худ нигаҳбон мешавад,.. ба онҳо ғамхорӣ мекунад».
Сарвари давлат мудом дилсӯзона таъкид менамоянд, ки волидайн ба давом додани таҳсили духтарон дар донишкадаю донишгоҳҳо, марказҳои ҳунаромӯзӣ монеъ нашаванд. «Духтареро, ки савод дорад, дониш дорад, забонҳои хориҷиро медонад ва кӯшиш мекунад, аз синфи нуҳум мебароранд, ба шавҳар медиҳанд ва фикр мекунанд, ки мушкилашон осон мешавад. Мушкил бо ин осон намешавад! Чунки фарзандро таваллуд кардӣ, то нафаси вопасин заҳматашро мекашӣ».
Ба ёд меорем, ки ҳамин маънӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» низ ифода гардидааст. Ин қонун дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун қонуни миллӣ аз сӯи халқ эътироф шуда, аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардида буд. Сарвари давлат падару модаронро водор менамоянд, ки ба ҳаққи наврасону кӯдакон ва фарзандони худ зомин нашаванд.
Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон аз давлатҳоест, ки роҳбараш дар масоили об, нигаҳдорӣ ва истифодаи он бо ташаббусҳои глобалӣ баромад мекунанд. Кишвари мо макони обҳои мусаффост, вале аз ин набояд саргарм шавем: «Мо фикр накунем, ки дар саргаҳи об ҳастем, об дорем, дигар чӣ парво дорем. Не, бародарҳо, мо обро ҳам самаранок истифода бурданамон даркор. Мо фикри ҳамсояҳои наздики худро бояд кунем».
Ҳақиқатан, ин гуфтаҳо аз забони шахси оқилу доно ироа мешавад.
Вақте Пешвои миллат аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз ёдовар шуда, онро оини зебопарастӣ меноманд, мақсадашон аён аст. Яъне, мо вақте дар нақлиёт саворем, ба ду тарафи роҳ зарфҳои пластикиро, ки аз онҳо об менӯшем ё чизҳои дигарро мепартоем ва шафати роҳро ба партовгоҳ табдил медиҳем, набояд ба маданияти миллати тоҷик, фарҳангу тамаддуни қадимиамон беҳурматӣ зоҳир намоем.
Ба ин ҳарфҳо, ки аз забони Сарвари давлат бо дилсӯзӣ ифода мешаванд, ҳамроҳ нашудан метавон?: «Давлат аз ҳамаи мост ва он аз хона шурӯъ мешавад. Аз оила шурӯъ мешавад, чунки давлат аз они халқ аст. Халқ ва давлат якест. Ватан ватани кист? Аз худи мост!»
Чаро нагӯям, ки суханони Сарвари давлат дар хусуси ҳурмату иззати занону модарон муаллифи ин сатрҳоро мутаассир мекунад: «Ҳар яки мову шуморо модар ба дунё ҳаст кардааст. Ғайри модар-зан дигар муъҷизае ҳаст, ки инсон офарад ба дунё? Гуфтам, боз мегӯям, такрор ба такрор мегӯям: то вақте ки ҷон дорем, то вақте ки нафас боқист, ғамхорӣ кунед, меҳрубон шавед». Пешвои миллат аз панди бузургон ёд мекунанд: «Касе, ки беҳурматӣ мекунад, дуои неки падару модарро намегирад, умри бобаракат намебинад».
Ба андешаи инҷониб, ҳар касе дар дил ба қадри донаи гандум ҳисси ватандӯстӣ дошта бошад, суханони пандомез, насиҳати падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун китоби хонданӣ, ҳамчун дарси омӯзгори муътабар қабул мекунад.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
Корманди шоистаи Тоҷикистон