«Соли маърифати ҳуқуқӣ»

№127 (4867) 25.10.2024

soli-marifati-huhuki-1529x1536Ҳадаф — бунёди ҷомеаи қонунмеҳвар

Пешравии ҷомеаҳои мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатманишу инсонмеҳвар дониста мешавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тав­сеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор меравад. Дар ин замина давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конс­титутсионӣ ба ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст. Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор меравад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро асос гузоштанд.

Гузашта аз ин, асоси ташкиливу ҳуқуқии маҷмӯи чорабиниҳои хусусияти омӯзишиву таблиғотидошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлӯҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд. Нуқтаи асоситарини татбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату миллат аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудааст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдомоти пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам омадааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Мақсад аз эълон намудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардош­тани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои ҳуқуқӣ васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».

С. ҲОТАМЗОДА,

судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе