Дар шаҳри Хоруғ ба муносибати 30-солагии ҳизби ормонҳои миллӣ – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо номи «Тоҷикистон, бо Пешвои миллат ба пеш!» ҳамоиш ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид, ки дар он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, роҳбарияти шаҳр ва зиёда аз 4 ҳазор нафар сокинони вилоят иштирок дошт.
Иштирокдорон аз назди Варзишгоҳи марказӣ то майдони Исмоили Сомонӣ бо шиору овезаҳои ватандӯстона, аксҳои Пешвои миллат ва Парчами давлатӣ роҳ паймуда, сипас дар назди муҷассамаи асосгузори аввалин давлати муттамаркази тоҷикон - Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар суханронӣ раиси ВМКБ иброз дошт, ки тавассути баргузории чунин чорабиниҳо мехоҳем шукргузории бепоёни хешро аз фазои орому осудаи Ватан, сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ ва созандагиҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намоем.
- Хурду бузурги вилояти мо бори дигар шоҳиди ҳол гардиданд, ки Роҳбари давлат то чи андоза нисбати халқу давлати хеш муҳаббату самимияти беандоза доранд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки неру, дониш, таҷриба ва фаъолияти самарбори худро ба ҳам оварда, дар роҳи амалӣ сохтани дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аҳлона меҳнат намоем ва Ватани маҳбубамонро боз ҳам пешрафта гардонем, — таъкид намуд раиси ВМКБ.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»