Хабарҳо

Ҳисор. Корҳои ободонӣ зери назорат

№ 30.10.2024

Ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳои маркази шаҳри Ҳисор ва деҳаву маҳаллаҳои шаҳраку деҳоти он бо супориши раиси шаҳр Ҷаббор Носирзода аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Муассисаи давлатии «Ободонӣ ва кабудизоркунӣ» гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе баъди гузаронидани шанбегӣ вазъи тозагии корҳои ободониро назорат менамоянд. Санҷиши гурӯҳҳои корӣ дар моҳи октябри соли равон муайян намуд, ки дар шаҳр ҳолати тозагӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Вале, мутаассифона, то ҳол дар як қатор деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, ба монанди деҳоти Сомон, Деҳқонобод, Ҳисор камбудиҳо ҷой доранд. Дар ин минтақаҳо сари вақт нагирифтани  партовҳо, тоза накардани шафати роҳҳои мошингарду пиёдагарди байни кӯчаҳои маркази шаҳр ва деҳот, ҷӯйборҳои обгузар бармало ба чашм мерасанд. Гурӯҳҳои корӣ ба масъулони деҳоти мазкур ва раисони маҳаллаҳои онҳо дастуру супориш дода, тасмим гирифтаанд, ки минбаъд корҳои тозагию ободониро дар ҳудуди шаҳраку деҳот ва маркази шаҳри Ҳисор боз ҳам ҷиддӣ зери назорат қарор диҳанд.

 Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»