ДУШАНБЕ. НАХУСТИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ МАЪДАН ВА МЕТАЛЛУРГИЯ

№ 01.11.2024

Рӯзҳои 29 — 30 — юми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия баргузор гардид. Форум аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони соҳаи саноати кӯҳӣ роҳандозӣ шуд.

Дар форум намояндагони беш аз 300 ширкати бонуфузи истихроҷи маъдан ва металлургии Тоҷикистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташаббускорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои таҳиякунанда ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоту технологияҳо барои корхонаҳо ва сармоягузорони байналмилалӣ коркарди маъдан ва навгониҳои соҳаро муаррифӣ намуданд.

Инчунин, аз ҷониби коршиносони соҳа масоили марбут ба табодули таҷрибаи касбӣ, дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар таҷҳизот ва технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, технологияҳои рушди устувор ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуд.

Дар доираи форум, ҳамчунин, намоишгоҳ баргузор гардид, ки дар он ширкатҳо маҳсулот ва доираи фаъолияташонро муаррифӣ намуданд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»