Дар вилояти Суғд бо пешниҳоди раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода «60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор» эълон шуда, дар 20 — рӯзаи якум ноҳияи Спитамен мақоми аввалро ишғол кард. Дар давраи ҳисоботӣ деҳқонони ноҳия 5 ҳазору 855,5 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд, ки 40 фисади дурнамои солонаро ташкил медиҳад.
- Мо аз кулли ҳашарчиён — кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва мардуми оддӣ сипосмандем, ки дар ғунучини ҳосил кӯмаки беғараз мерасонанд, — гуфт сарвари кишоварзони ноҳия Бекназар Бекмуродов.
Дар ноҳия 800 хоҷагии деҳқонӣ амал мекунад, ки даҳҳо хоҷагиҳо, аз ҷумла, «Оқтеппа», «Сурхзамин», «Осиёбон», «Алибобо», «Истиқлолият» кайҳост аз иҷрои нақшаи истеҳсоли «тиллои сафед» мужда додаанд.
Ҳосили дар саҳро бударо то пағаи охирин мечинем, албатта, нақшаро иҷро мекунем. Ба ифтихори 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорем, ҳосилнокии ҳар гектарро ба 30 – сентнери расонем….
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»