Кормандони муассисаҳои коммуналии шаҳри Турсунзода дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори се санаи муҳим: 30-солагии қабули Конститутсия, Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатӣ давоми моҳи ноябр корҳои зиёди ободонию ташкилиро анҷом доданд. Ин матлабро Саноат Азимова, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода, иброз намуд.
Тибқи нақша чорабиниҳои шаҳр ҷиҳати таҷлили сарвари Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр мизҳои мудаввар, конференсияҳо ва озмуну чорабиниҳои варзишӣ баргузор карда шуд.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»