4-уми ноябри соли 2024 дар маркази ноҳияи Шаҳринав ба истиқболи 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона доир шуд.
Роҳпаймоӣ бо ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав роҳандозӣ шуда, дар он роҳбарияти ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, ҷавонону варзишгарон, дар маҷмӯъ, беш аз 5000 нафар фаъолона иштирок намуда, эҳтироми хешро ба Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ ва кафили истиқлолу озодӣ, ба ҷой оварданд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парчамҳо ва шиору овезаҳо дар кӯчаҳои марказии ноҳия қадам зада, аҳамияти Конститутсияро барои миллат ва ҳар як шаҳрванд таъкид намуданд.
Роҳпаймоӣ аз се самт оғоз гардида, то майдони Парчами давлатӣ идома ёфт.
Сайидо Назаров,
«Садои мардум»