Ба ифтихори 100-солагии адабиётшинос Соҳиб Табаров

ҶОНБАХШИ СУХАН

№143 (4883) 22.11.2024

Сохиб_ТабаровАдабиётшиноси маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (дар соҳаи адабиёт), профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устоди забардаст Соҳиб Табаров умри бобаракати хешро сарфи пажӯҳиш ва таълиму тадриси адабиёти муосири тоҷик намудааст. Ба ӯ муяссар гардид, ки мактаби илмию омӯзгории худро тавассути меҳнати содиқона ба халқу Ватани азизаш ба вуҷуд орад. Ин мактаб бо номи пурифтихори «Мактаби илмии мунаққидии Соҳиб Табаров» на танҳо дар кишвар, балки бурун аз он машҳур аст.

Ба андешаи олими чех, академик Ян Рипка: «Соҳиб Табаров на танҳо адабиётшиноси тоҷик, балки адабиётшиноси оламиён аст».

Устод дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) 40 сол фаъолият кардааст. 28 сол роҳбарии кафедраи адабиёти советии тоҷики донишгоҳи мазкурро ба зимма дошт. Ба донишҷӯён аз мадхали адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт, таърихи адабиёт, матншиносӣ, адабиётшиносии муқоисавӣ ва нақди адабӣ дарс гуфт.

Дастпарвари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) С. Табаров солҳои 1945 — 1948 чун аспиранти Институти таърих, забон ва адабиёти тоҷики филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС ба омӯзиш ва пажӯҳиш машғул шуда, соли 1949 дар мавзуи «Романи «Ғуломон» ҳамчун романи таърихӣ» таҳти роҳбарии шарқшиноси машҳури шуравӣ, академик Э. Е. Бертелс рисолаи номзадӣ ҳимоя карда буд.

Олими ҷавон солҳои 1952-1958 ба ҳайси проректори УДТ ифои вазифа карда, илми адабиётшиносии тоҷикро бо мақолаҳои «Дақиқӣ», «Рӯдакӣ», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Абуалӣ ибни Сино», «Носири Хусрав», «Умари Хайём», «Саъдӣ Шерозӣ» ва монанди инҳо ғановат бахшидааст.

Мақолаҳои марбут ба таърихи адабиёт ду афзалият доранд: нахуст, хонандагонро бо рӯзгор ва осори бунёд­гузорони адабиёти классикии тоҷик ошно менамоянд, баъдан, диққати пажӯҳишгарони ҷавонро ба омӯзиш ва тадқиқи адабиёти ғании гузашта ҷалб месозанд.

Қаҳрамони матлаб соли 1953 чун олими сермаҳсул ва муҳаққиқи варзида ба узвияти вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) пазируфта шуда, ҳамзамон, узви шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буд.

Солҳои 1954 -1965 ҳамчун раиси сексияи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ барои рушди қисмҳои асосии илми адабиётшиносӣ — назарияи адабиёт ва танқиди адабӣ хизматҳои мондагоре кардааст. Ба андешаи мо талошҳои арзандаи устод Соҳиб Табаров дар пешрафти илми адабиётшиносии тоҷик, бахусус танқиди адабӣ, заҳмати нақбканонро мемонад.

Боиси ифтихор ва арҷгузорӣ мебошад, ки аввалин падида – «Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ» (китоби 1, Душанбе, 1980), барои факултетҳои филологии донишгоҳҳои мамлакат, маҳз ба қалами ҳамин мунаққиди дақиқназар тааллуқ дорад.

Устод соли 1983 «Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ» (китоби 2)-ро ба табъ расонид, ки он ба низому тартиби таълими назарияи танқиди адабӣ чун дастури роҳнамо асоси бунёдӣ гузошт.

Рисолаҳои «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» (1948), «Дар бораи вазъият ва вазифаҳои танқиди адабӣ» (1952), «Садриддин Айнӣ — асосгузори адабиёти тоҷик» (1954), «Назм низом металабад» (1963), «Асарҳои сазовори даврон офарем» (1966), «Барномаи эстетикӣ, платформаи адабию бадеӣ ва инкишофи минбаъдаи танқиди адабии тоҷик», «Методи таҳлили асарҳои бадеӣ», «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (маҷмӯаи мақолаҳо дар панҷ ҷилд) ба масъалаҳои мубрами назарияи танқиди адабӣ, анвои нақд, принсипу меъёрҳои баҳодиҳӣ ба асарҳои бадеӣ бахшида шуда, барои пажӯҳишгарон, хусусан муҳаққиқони ҷавон, чун дас­тури роҳнамо солҳои зиёд хизмати бедареғ менамоянд.

Ошноӣ бо мактабҳои танқиди адабии рус. В. Г. Белинский, Н. А. Добролюбов, А. И. Гертсен, Н. Г. Чернишевский ва дигарон имкон фароҳам оварданд, ки мунаққиди забардаст монографияи илмии «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ» (соли 1999)-ро айёми шукӯҳи Истиқлолияти давлатӣ таълиф намояд. Муҳаққиқ бо ин асар дар такмили паҳлуҳои камомӯхтаи илми адабиётшиносии тоҷик, махсусан назарияи танқиди адабӣ, саҳми муносиб гузошт.

Мутахассисони соҳа тавассути ин рисола Соҳиб Табаровро бунёдгузори мактаби танқиди адабӣ, «Белинскийи тоҷик» муаррифӣ намудаанд, ки воқеӣ мебошад. Минҷумла, сармуҳаррири маҷаллаи «Адаб», номзади илмҳои филологӣ Ш. Шокирзода дар мақолааш «Белинскийи тоҷик» дар ин маврид чунин нигоштааст: «Нигорандаи ин сатрҳо ба андешаи онҳое мувофиқ аст, ки Соҳиб Шуҳратиевичро «Белинскийи тоҷик» медонанд, зеро ӯ дар адабиётшиносии муосири тоҷик анқариб ҳамон кореро карда тавонист, ки мунаққиди барҷаста В. Г. Белинский дар нимаи аввали асри XIX ҳамчун классики танқиди адабӣ барои адабиёти рус ба сомон расонид».

Пешаи танқиди адабӣ пешаи пурифтихорест, вале он барои устод Соҳиб Табаров мушкилоти зиёдеро эҷод кард. Аз ҷумла, даҳсолаҳо кӯшишҳои олим барои дифои диссертатсияи докторӣ дар мавзуъҳои «Пайрав Сулаймонӣ» (соли 1962), «Симои ҷовидонии Пешво дар адабиёти тоҷик» (соли 1970) дар шуроҳои диссертатсионӣ баррасӣ шуда бошанд ҳам, бенатиҷа монданд.

Ҳамин ҷонбозӣ ва ҳақталошиҳои олими машҳурро Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар шеъри «Кимёкаҳ» хеле муассир ба қалам дода:

Аз хастагии хеш фаромӯш кардаӣ,

Байни саду ҳазор алавдастаи сухан.

Эй марди тундхӯ, ба як нимҷони хеш,

Ҷонбахш гаштаӣ ба тани хастаи сухан.

Оре, устод барои дар сатҳи баланд офаридани асарҳои илмӣ-тадқиқотии ҷавобгӯ ба талаботи айём, чун муборизи майдони сухан ба «нимҷон будан»-и хеш нигоҳ накарда, то поёни умр «лаҷоми саманди танқиди адабӣ»-ро аз даст надод.

Мунаққиди воқеъгӯ, донишманди асил, адабиётшиноси сатҳи байналмилалӣ дар мақолаю тақризҳои хеш камбудӣ ва муваффақияти адибонро возеҳу равшан баён карда, дар пешравии корҳои эҷодии адибони маъруф, чун М. Турсунзода, С. Улуғзода, Р. Ҷалил, Б. Раҳимзода, М. Миршакар, Ф. Ниёзӣ, Ф. Муҳаммадиев, Ғ. Мирзо, М. Қаноат, А. Шукӯҳӣ, М. Наҷмиддинов, М. Хоҷаев, Гулрухсор, А. Самад, Ғ. Сафарзода, Ҳақназар Ғоиб, Ҳ. Файзулло, Ш. Ёдгорӣ ва дигарон саҳм гузоштааст.

Хизмати дигари ин олими камназир он аст, ки дар рушди илми адабиётшиносии тоҷик боз як саҳифаи тоза — адабиётшиносии муқоисавиро эҳё кард. Рисолаҳои «Ҳақиқати ҳаёт ва ҷустуҷӯҳои адабӣ» (дар II ҷилд), «Роҷеъ ба умумияти адабиёт­ҳои миллӣ», «Баҳри илми бунёдгарона», «Мақоми Мирзо Турсунзода дар адабиётшиносии умумиҷаҳонии асри XX», «Масоили ифтихори миллӣ ва байналмилалӣ аз биниши Садриддин Айнӣ» ҳадафҳои ин саҳифаи тозаи адабиётшиносӣ мебошанд.

Истиқлоли давлатӣ ба устод Соҳиб Табаров шароити мусоид фароҳам овард, то саҳифаҳои норавшани зиндагии симоҳои машҳури адабиёти ҷадидияи оғози садаи XX — Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Абдурауфи Фитрат, Саъдулло Рабиӣ, Алӣ Хуш, Маҳмудхӯҷаи Беҳбудӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Назрулло Бектош ва чанде дигаронро бо мақолаю рисолаҳои илмӣ рӯшан намояд.

Банда дар айёми донишҷӯӣ хондани мақолаю тақризҳои адабиро дӯст медоштам. Яке аз хонандагони доимии мақолаҳои устод Соҳиб Табаров будам. Хушбахтам, ки андешаҳоямро дар бораи фаъолияти адабиётшиносии Соҳиб Табаров ҳанӯз солҳои 80-уми садаи ХХ бо мақолаи «Чанд мулоҳиза» дар рӯзномаи «Зафар»-и ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) чоп карда будам. Ҳамин мақола маро бо мунаққиди сахтгир ва серталаб устод Соҳиб Табаров ошно намуд.

Боре тариқи рӯзнома хабаре бо унвони «Соҳиб Табаров профессор шуд»-ро хонда, хеле мутаассир шудам. Ба худ гуфтам: «Офтобро ба доман пӯшонида намешавад».

Устод Соҳиб Табаров зиёда аз 90 сол умр дид. Ҷои шукргузорист, ки дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, соли равон дар Тоҷикистон 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров ҷашн гирифта мешавад. Кори хайре хоҳад буд, агар дар баробари ин ташаббус кӯча ва ё муассисаи таълимие ба номи мунаққиди барҷастаи адабиёти тоҷик Соҳиб Табаров гузошта шавад.

Пиралӣ Қурбонов,

муовини директори МТМУ № 40-и ноҳияи Муъминобод, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон