АЗ ЗУҲУРИ РОДОН ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

№143 (4883) 22.11.2024

Tajikistan-Flagmap.svg [Оригинальный размер]Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории навин аст, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешкории фарзанди барӯманди меҳан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шудааст. Он рамзи истиқлоли сарзамин ва орзую ормони ҳазорсолаи миллат аст. Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ дарки тағйироти сифатиест, ки дар ҷомеаи асри ХХ ба вуқӯъ пайваст. Истиқлоли фикрӣ бояд ва камоли хирад, ки ба умқи дигаргуниҳо бирасем.

Ба ҳар тарзе ном мегирем: парчам, ливо, дирафш, роят ва байрақ, ки нишонаи мавҷудияти давлат ва аз муқаддасоти миллат ба шумор меравад. Дар маҷмӯъ, маҳсули ҳуши инсонҳои огоҳу фарҳехта ва ҷамъияти хоса буда, ба василаи намоду рамз аз таърих, анъанаҳои неки аҷдод, бовару тасаввур ва донишҳои пешину муосир маълумот медиҳад. Яъне, архетип аст. Ба тариқи дигар гӯем, таъриху фарҳанги миллатро мухтасар ва равшан мунъакис мекунад.

Аз қадим нишони давлатдории ниёкон ба унвони Дирафши ковиёнӣ ё Ахтари коваёнӣ асрҳо партав­афшон буд. Он аз чарми пӯсти бабр ё паланг омода шуда буд ва Кова ҳангоми кор дар миён мебаст ва дар набардҳо ҳамроҳ мегирифт ва мегӯянд, ки хирадманде аз Исфаҳон дар он сад дарсад соъати саъд (соъати нек ва муборак) нақш карда буд ва Фаридун пас аз пирӯзӣ бар Заҳҳок онро ҷавоҳирнишон карда буд ва бо худ мебурду дар размҳо бо душман фотеҳ мешуд. Минбаъд мояи фатҳу зафари шоҳони ориёӣ будааст. Ранги он ба қавли Фирдавсӣ:

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш

Ҳамехондаш ковиёнӣ дирафш.

Дар бораи Дирафши ковиёнӣ ривоятҳои дигар низ мавҷуданд. Гуфтаанд, ки дар ибтидо ҳамлаҳои араб натиҷа намебахшид. Сабабу омилҳои бемуваффақиятиро дар замони Умар ибни Хаттоб меҷустанд. Ҳамин овон буд, ки сарлашкари араб Абуубайдаи Сақфӣ кушта шуд. Салмони Форс, ки аз асрори дирафш огоҳ буд, соъати саъд фош гуфт. Пас кор ба дасти Алӣ Абутолиб расид ва саду як дарсад соъати саъд кашид дар парчами араб. Бо ҳамин гӯё нусрат ба тарафи араб гузашт. Он овон Дирафши ковиёнӣ ба Рустами Фаррухзод супурда буданд, ки сипоҳиёни Сосониро сарвар буд. Бо шикасти ӯ дирафш бо ҷавоҳироташ ба дасти муқобил афтод ва миёни араб қисмат гардид. Аз он замон ба баъд унвон ва шону шуҳрати Дирафши ковиёнӣ дар таърих чун мояи ифтихор барои мардуми мо ҳамчун рамзи давлатдории куҳан боқӣ мемонад.

Бад-ин тартиб, парчам бозгӯйи саргузашти ниёкону рангу матоъ ва рамзҳои он саҳифаҳои рангини таърихи миллат мебошанд. Ҳама даврон муҳаббати самимӣ ба Ватан дар аломату нишон ва рамзҳои қудсӣ намоён мегардад. Бе ин ҳама арҷгузорӣ ва садоқати ватандорон парчам аз як порча матои ранга бештар нахоҳад буд.

Барои қиёс гирем ифтихороти Низомиро аз парчам, ки маҳсули тафаккури як фарди ватандор аст:

Ҳаво сурху зарду кабуду бунафш,

Зи тобидани ковиёнӣ дирафш.

Навишта маҷмӯи вожаҳои зебо ва тафохури бемоя набувад. Ин ҷо ҳадаф ва манзури шахсе ниҳон аст, ки гузашта, имрӯз ва ояндаи халқашро мепарастад. Ба ҳамзабону ҳаммиллатон дарду шодии хешро қисмат мекунад. Агар ба жарфнои ҳар суханаш мерасем, чӣ хубе, аммо ҳамин пора ба дасти мардуми дигар биафтад, чӣ аҳамияте хоҳад дошт? Сиёҳие дар сафедии коғаз.

 Парчами давлатии Тоҷикистонро бо чашми дигар бояд дид. Дар он ормон, рамзи мубориза, ҷоннисории падарон, интихоби равиши дурусту солим ва ҷойгоҳи Ватанро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, ҷовидонӣ ва устувории давлату миллат бояд тахсис кард. Ҳине ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ пазируфта шуд, амали саривақтӣ ва муҳим буд. Ин гомҳои умедбахши давлатдорони соҳибирода ва мустақил ба шумор мерафт.

Аз даврони қадим халқи тоҷик бунёдгузори империяҳои бузург бо рамзу намоди худ буд. Дар ибтидои пайдоиш нахустдавлатҳоро аристократияи ҳарбӣ идора мекард. Онҳо бо далерӣ, шуҷоати шахсӣ дар ҳифзу идораи мамлакат нақши асосӣ мебозиданд.

Дар майдонҳои ҷанг бо тавонмандӣ ва корномаҳо бо рамзҳои хоса падидор меомаданд. Дар баробари эшон номвароне буданд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ омодаи пайкор шарафу шони халқу кишварро дифоъ мекарданд.

Вижагиҳои он даврон дар набудани лашкари ҳирфаӣ ва зуҳури родон ва паҳлавонон дониста мешавад. Род ба маънии ҷавонмард, доно, бахшанда аз вожаи паҳлавии рат (rat) – наҷиб, озода. Ба қавли Асадӣ:

Чу хоҳӣ, ки шодӣ кунӣ, род бош,

Ба ҳар кор бо донишу дод бош.

Дар шинохти ҳаким Фирдавсӣ:

Яке паҳлавон буд деҳқоннажод,

Далеру бузургу ҷавонмарду род.

Онҳое, ки дар корзор пирӯз мешуданд, мавриди парастиш қарор мегирифтанд. Номашон аз даҳон ба даҳон ва ба василаи таърихномаҳо аз даврон ба даврон ­мегузашт. Ҳар кадоме дар бастагӣ бо шуҷоат ва боварашон соҳиби тотеми худ буданд, ки дар парчами хосаашон тасвир мешуд.

Асари ҳамин анъана ба Аврупо низ расида, ки ритсарҳои аврупоӣ дар хулқу хислат ҳамон родон ва ҷавонмардони Шарқанд.

Дар таърихи миллати мо зуҳури онон ба давраи Пешдодиён ва Каёниён рост меояд. Чуноне дар дирафши Рустам тасвири аждаҳои зарринсар буду Афросиёбро парчам сиёҳ. Чуноне Зол ба Рустам аз Афросиёб ҳушдор медиҳад:

Дирафшаш сиёҳ асту хафтон сиёҳ,

Зи оҳан-ш соид, в-аз оҳан кулоҳ.

Ин ҳама аз эътиқоди ибтидоӣ сарчашма мегирифт, ки бо ҷонваре тавъам ё ҳомии худ ва авлод мепиндоштанд ва ҳам муаррифгари паҳлавон буд дар пайкоргоҳ. Чуноне дар дос­тони «Суҳроб» Ҳаким Фирдавсӣ ба василаи қаҳрамонаш мутаваҷҷеҳи дирафшҳои родон мегардад. Суҳроб аз Ҳаҷир дар ишора ба хаймаҳо ва дирафшҳои паҳлавонон Рустамро ҷӯё мешавад. Мепурсад, ки кист?:

Зада пеши ӯ пилпайкар дирафш,

Ба наздаш саворони зарринакафш.

Ҳаҷир посухаш медиҳад, ки ӯ Тӯси Нузар аст. Ва Суҳроб боз суол мекунад, ки дар дирафши бунафш пайкари шер тасвиршуда кист? Посух мешунавад, ки Гударзи Кашводагон аст. Ва ба пилтане ишора мекунад, ки пеши пардасарояш Ахтари Ковиён ҷилва мекунад:

Дирафшаш бубин аждаҳопайкар аст,

Бар он найза – бар шери зарринсар аст.

 Аз Рустам будани пилтан Ҳаҷир қоил намешавад. Аз дигаронро мегӯяд, аммо аз ифшои ному шахсияти Рустам худдорӣ мекунад. Чуноне дирафше бо сурати гург – Гев, фарзанди Гударз, паҳлавоне, ки бо дирафши сафед ва шеди тобанда фарзанди шоҳ – Фарибурз аст ва бо тасвири гуроз – паҳлавон Гуроз. Вуҷуд ва қудсиёт дар дирафшҳои фардӣ риоя мешуд. Дар сурати мағлуб гардидани паҳлавон дирафшаш нагун карда мешуд ва ин хосият ба давлатдорони қадим низ амалӣ мегардид.

 Чуноне гуфта шуд, дирафши родон хосият ва аҳамияти маҳдуд дорад дар қиёс бо ливои давлатҳо ва империяҳо. Дирафши ковиёнӣ афзалияти бартаре дорад, ки нишонаи муборизаи неруҳои некӣ бар бадӣ, равшанӣ бар зулмот будааст. Дирафши родон ҷойгоҳ ва эътибори вижа дошт. Қосидон аз наздик шудани паҳлавонон хабар медоданд. Дар масофаи чашмрас вобаста ба ҷойгоҳаш ба иззаташ мекӯшиданд:

Ки Дастон ба наздики Эрон расид,

Дирафши ҳумоюн-ш омад падид.

Пазира шудандаш сарони сипоҳ,

Саре к-ӯ кашад паҳлавонӣ кулоҳ.

Чу дастони Сом андаромад ба танг,

Пиёда шудандаш ҳама бедиранг.

Роҳи дарки моҳияти дирафш ва ба ифтихороти ватандорӣ расидан хеле тӯлонӣ буд. Намунаҳои ибтидоӣ бо сохт ва идороти давлатчаҳои нахустин рост меомад. Бе тағйироти сифатӣ дар иҷтимоъ шакл гирифтани муқаддасот номумкин буд. Бо пайдоиши империяҳои локалӣ (маҳдуд, ҳамхунон) парчамҳои нахустин ба вуҷуд омаданд, ки бо асотир дар пайвандӣ буданд, ҳатто дар Юнону Рум низ.

 Парчамҳои нахустин муайянкунандаи тавонмандии ақвоми ҳамхунро доштанд, ки аз тасаввуру боварҳо берун метаровид. Метавонист аз он намуна як қавм ё халқ ифтихор дошта бошад, ки бо асотир, дин ва анъанаҳояш дар пайвандӣ буд. Бо пайдоиши империяҳое, ки миллатҳои гуногунро дар бар мегирифт, муносибат ба нишону парчам тағйир меёфт. Он ифодагари манфиатҳои сокинони мамлакат мегардид. Чуноне дар замони Ҳахоманишиҳо ба мушоҳида мерасад.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳо дар ҷашни Баҳор (Октава) Куруш мардуми империяро даъват кард ва тантанаҳо, пазироии ӯ зери дирафши дурахшон сурат гирифт. Он рӯз ҳамоиши ҳарбӣ низ баргузор гардид. Дар асрҳои миёна нишону (гералдика) байрақҳо хоси князҳо ва ҳокимони хурд низ будаанд.

Ба фикри банда дар Хуросону Варорӯд низ сарзаминҳо ва волиёни алоҳида ҳам дирафш доштанд, аммо ислом ба анъана зарба зад ва ё намунаҳои ҳамон даврон то имрӯз нарасидааст. Чуноне, рамзи шер дар тасвирҳои Ҳулбук фаровонанд ва ҳокимонаш лақаби «Шерони Хатлон»-ро доштанд, аммо дар бораи парчами он, ки шояд буд, маълумот надорем.

Ҷ. АСРОРИЁН,

мудири кафедраи таърихи  халқи тоҷики ДМТ