- Соли 2024 теъдоди довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар ҳама даврҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ номнавис шудаанд, 89 ҳазору 124 нафарро ташкил дод, ки 8904 нафар, яъне 11,1 фоиз нисбат ба соли 2023 зиёд мебошад. Инчунин, теъдоди умумии довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар чор даври бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2024 номнавис шудаанд, 21 ҳазору 944 нафарро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2023-юм 5 ҳазору 385 нафар ё 32,5 фоиз зиёд аст, — гуфт директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Ҷаъфарзода 4-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ.
Тибқи иттилои ӯ даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1 март оғоз гардида, то 30 апрел идома меёбад. Мувофиқи тартиби наве, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст, имсол баъд аз бақайдгирии довталабон дар даври асосӣ даврҳои иловагии он моҳҳои июн, сентябр ва аз 29 октябр то 7 декабр гузаронида мешаванд.
Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соли 2024 дар 59 шаҳру ноҳияи мамлакат нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ва сайёри бақайдгирӣ ташкил шуданд. Маълум гардид, ки арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2024 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»