Мушкилоти алоқаи мобилӣ бартараф мешавад

№18 (4913) 06.02.2025

3Дар ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ алъон 8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки 5 миллиони он муштариёни фаъол мебошанд. Шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ то имрӯз 4,5 миллион нафар аст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ Исфандиёри Саъдулло иттилоъ дод.

Номбурда тасдиқ намуд, ки мушкилоти то андозае суст будани суръати интернет дар атрофи пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вуҷуд дорад ва сокинон низ аз ин вазъ хеле зиёд шикоят кардаанд.

 Дар идома афзуданд, ки барои беҳтар кардани сифати алоқа ширкатҳо муваззаф шудаанд, ки чораҳои таъхирнопазир андешанд. Инчунин, дар манораҳои мобилӣ аккумуляторҳое насб мешаванд, ки дар вақти хомӯш шудани барқ низ алоқа таъмин мегардад.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА, 

«Садои мардум»