Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъин

№23 (4919) 19.02.2025

54337398684_3e2601dd7b_o19-уми феврали соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд.

Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арманис­тон Гевондян Армен Вачикович, Босния ва Гертсеговина Нияз Чардаклия, Малайзия Илҳам Туа бин Иллиас, Подшоҳии Испания Луис Франсиско Мартинес Монтес, Давлати Исроил Гидеон Лустиг, Ҷумҳурии Словения хонум Аленка Сухадолник, Ҷумҳурии Чехия Любомир Фреборт ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия Ҷамол Боқир Абдулло эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикис­тон бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷии худ ҷиҳати рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Арманистон, Босния ва Гертсеговина, Малайзия, Подшоҳии Испания, Давлати Исроил, Ҷумҳурии Словения, Ҷумҳурии Чехия ва Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия андешаронӣ намуданд.

Ба сафирони навтаъин муроҷиат карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иброз доштанд: «Боиси хушҳолист, ки давлатҳои шумо имрӯз дар сафи дӯстон ва шарикони воқеии Тоҷикис­тон қарор доранд ва мо ба ­тавсеаи робитаҳои ҳасана бо онҳо аҳамияти рӯзафзун медиҳем».

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон, дар маҷмуъ, ба дурнамои муносибатҳои байнидавлатии худ бо кишварҳои сафиронашон навтаъингардида назари нек дошта, таҳкиму пешбурди минбаъдаи онҳоро муҳим арзёбӣ мекунад.

Тавсеаи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самаранок миёни кишварҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои умдаи муштараки давлатҳо маънидод намуданд.

Сарвари давлат иброз дош­танд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст аз тамоми имконияту зарфиятҳои мавҷуда ва василаву абзорҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба таври муассир кор бигирад.

Дар хотима Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав комёбӣ хоста, ба сарварони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол ­намуданд.

www.prezident.tj