Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд.
Иқтибосҳо аз суханрониҳои пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни Истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму оинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд.
Як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям: ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст. Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст.
Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҷасорату далерӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ арҷ мегузорад, шуҷоату фидокорӣ ва хизматҳои шоёни фарзандони бонангу номуси Ватанро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳимояи марзҳои кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунад.
Ҷойи ифтихор аст, ки барои тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим мафҳумҳои «замин», «марз» ва «Ватан» аз ҷумлаи унсурҳои муқаддас ва ҳаётан муҳим будааст. Марздориву марзбонӣ барои тоҷикон ба ҳадде азизу пурарзиш будааст, ки ҳатто фарзандони худро бо ифтихор Марздору Марзбон ном мегузоштаанд. Масалан, насабномаи пешвои мазҳаби аҷдодии мо Имоми Аъзам нишон медиҳад, ки номи бобокалони ӯ Марзбон будааст.
Аксари фарзандони қаҳрамону ҷоннисори халқи тоҷик, мисли Муқаннаъ, Шерак, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳову садҳо нафари дигар, дар тӯли давраҳои гуногуни таърихи тоҷикон барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ муборизаву ҷоннисорӣ кардаанд. Яъне, ҳимояи Ватан ва марзу буми он аз азал дар тору пуди миллати сарбаланди мо сиришта шудааст.
Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик далерона мубориза бурданд, аз имтиҳони ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд. Яъне, зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.
Мо ифтихор дорем, ки имрӯз ҷавонони далеру ғаюри мо, яъне насли замони истиқлол, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии хешро сарбаландона иҷро мекунанд, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро ба дӯш доранд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро самимона дӯст медоранд ва барои пойдории ин арзишҳои ҷовидонӣ саъю талош мекунанд.
Вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, раванди яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо садоқат ба савганди ҳарбии худ дар оянда низ қарзи ҷавонмардии хешро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳифзи марзу буми сарзамини муқаддаси тоҷикон, ҳимояи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамояд.
Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ карданд. Бинобар ин, ба тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.