Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Ҳуҷҷатулло Фағонӣ

№149 (3295) 15.12.2014

DSC_17351

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров 12 декабри соли 2014 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағониро ба ҳузур пазируфт.

Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағониро ба муносибати ба ин вазифа таъин шуданаш табрик гуфта, дар фаъолияти дипломатии ӯ барору комёбӣ таманно намуд.  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт, ки мардуми тоҷику эронӣ мардуми ҳамдину ҳамзабон буда, дорои муштаракоти таърихиву фарҳангӣ мебошанд. Аммо танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳамкориҳои тамоми бахшҳои иқтисодиву фарҳангӣ миёни ду кишвар фароҳам омад. Тоҷикону эрониён ҳар яке кишварҳои ҳамдигарро ватану хонаи дувуми худ ва саромадони олами адаб — Рӯдакиву Мавлавии Балхӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Хоҷа Камоли Хуҷандиро ҳамчун бузургони адабиёти худ медонанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Ҷумҳурии Исломии Эронро дар барқарории сулҳу суботи комил дар Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёти он муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон аз доштани чунин шарики боэътимоди стратегиву иқтисодӣ, мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон, танҳо бурд хоҳад кард ва мо ҳадаф дорем, ки бо ин кишвари дӯст чунин муносиботро боз ҳам ҳам густариш диҳем. Мардуми Тоҷикистон ёриву дастгирии эрониёнро дар бахшҳои гуногуни фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистон фаромӯш нахоҳанд кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1992 ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун миёнарав дар бунёд ва истиқрори сулҳу ваҳдат миёни тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хеле арзишманд аст.

Алҳол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариши равобити иқтисодӣ ва дигар бахшҳо ҳама гуна шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд доранд. Айни замон байни кишварҳоямон тақрибан 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, корхонаҳои зиёди муштарак дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», нақби «Истиқлол» ва даҳҳо иншооти хурду бузург дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, ки бо сармоя ва ширкати мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон сохта шудаанд, натиҷа ва самари ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамзабон мебошанд. Интиқоли хатти лӯлаи об аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хатти интиқоли барқ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳар ду кишвар хеле зарур ва саривақтӣ хоҳад буд.

Солҳои охир ҳаҷми умумии савдои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле афзоиш ёфтааст. Марказҳои фанниву фарҳангӣ, хайриявӣ ва кумакҳои Кумитаи Имдоди Имом Хумайниро ба эҳтиёҷмандон дар Тоҷикистон ҳама медонанд.

-Бояд гуфт, ки муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солҳои охир хеле густариш ёфтааст. Дар давоми фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагон миёни ҳайатҳо ва шахсиятҳои воломақоми парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон чандин мулоқоту сафарҳо баргузор гардид. Аз ҷумла сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон ва сафари ҳайати парлумонии Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият ёфтани равобити байнипарламентии миёни ду кишвар нақши муҳим бозид. Дар парламентҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ташкил ёфтаанд. Итминон дорем, ки дар оянда ҳамкориҳо миёни ду кишвар боз ҳам густариш меёбанд, -изҳор намуд Шукурҷон Зуҳуров.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори сипос намуда, дар бораи пайвандҳои таърихӣ ва муштаракоти фарҳангӣ, динӣ ва забонии мардуми Тоҷикистону Эрон, густариши равобити ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла равобити иқтисодиву фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва дигар бахшҳо изҳори назар кард.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон