Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Фаъолияти мақомоти прокуратура тавсеа ёфта, низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ мукаммал мегардад

№150 (3296) 19.12.2014

DSC_1892

17 декабри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода дода мешавад.

Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кодексҳои мурофиавӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Дар мувофиқа бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод карда мешавад, ки номи қонуни конститутсионии мазкур бо ҳарфҳои калон навишта, қисмҳои моддаҳои он рақамгузорӣ карда шаванд.

Таҳрири пешниҳодшудаи сархати 1 моддаи 2 ва дигар моддаҳои дахлдори қонуни конститутсионӣ бо илова кардани ибораи «муовини якум», ҷой доштани мансаби муовини якуми прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашударо тасдиқ намуда, вазъи ҳуқуқии онҳоро мушаххас мегардонад.

Дар мувофиқа бо муқаррароти қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳрири пешниҳодшудаи моддаи 3 қонуни конститутсионӣ мушаххас мегардонад, ки асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти прокуратураро дар радифи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни конститутсионии баррасишаванда, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян менамоянд.

Мутобиқ ба моддаи 7-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат, таҳрири пешниҳодгардидаи сархати якуми қисми 1 моддаи 4-уми қонуни конститутсионӣ вазифаву салоҳиятҳои мақомоти прокуратура ва прокурорҳоро мушаххас менамояд. Зеро мутобиқи қонунгузории кишвар вазифаи мақомоти прокуратура дар баробари ҳифзи мустақилияти давлатӣ, инчунин аз ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон иборат мебошад.

Дар заминаи муқаррароти қисми 3 моддаи 5-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, илова ба сархати дуюми моддаи 6 меъёри мазкури қонуни конститутсиониро мушаххас гардонида, муайян мекунад, ки мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дигар арзишҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат муқаррар мекунанд, инчунин ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳимоя мекунад.

Тағйироти пешниҳодшуда ба қисми 1 моддаи 10 мутобиқ ба муқаррароти моддаи 93-юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳрири нави ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи мазкур моҳияти ҳуқуқии Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мушаххас мегардонад.

Тағйироти ба қисми 1 моддаи 13  пешниҳодшуда  мафҳуми «ба прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо баробаркардашуда»-ро мушаххас ва оммафаҳм мегардонад.

Иловаҳои пешниҳодшуда ба қисми 2 моддаи 16, яъне муқаррар намудани асоси пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокурор бо сабаби интихоб шудан ба мақомоти намояндагӣ ва бинобар вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба баландбардории масъулияти прокуророн ҷиҳати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои зикршуда нигаронида шудаанд.

Илова ба сархати дуюми моддаи 18 асоси ҳуқуқии ваколати прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ташкили ҳайат ва раисӣ намудан дар ҷаласаҳои мушовараи Прокуратураи генералӣ мушаххас мегардонад.

Иловаи пешниҳодшуда ба қисми 4 моддаи 19 муқаррар мекунад, ки дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон прокурори дахлдор ва дар набудани ӯ муовини якум ё яке аз муовинони ӯ раисӣ мекунанд. Муқаррароти мазкур ба фаъолияте, ки айни ҳол онро прокуророни зикргардида иҷро мекунанд, асоси ҳуқуқӣ мегузорад.

Тағйироти ба қисми 2 моддаи 23 пешниҳодшуда меъёри мазкури қонуни конститутсиониро мушаххас гардонида, муқаррар мекунад, ки дахолати прокурор ба фаъолияти хоҷагӣ ва ё аз ҷониби он иваз намудани вазифаи мақомоти тобеи идора ва мақомоти назорат манъ аст.

Сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 3 моддаи 24 дар таҳрири пешниҳодшуда муқаррар мекунанд, ки прокурор дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати шаҳрванд, давлат, корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз ҷумла ҷиҳати барқарор кардани зарари расонидашуда ба суд муроҷиат кунад, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун парвандаи ҷиноятӣ, истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғоз намояд, дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ё моддӣ кашидан истеҳсолот оғоз кунад, маводро барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор фиристонад.

Таҳрири пешниҳодшудаи ҷумлаи дуюми қисми 4 моддаи 33 муқаррар мекунад, ки танҳо прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда метавонанд дар мавридҳои пешбиникардаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, барои боздошти шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд иҷозат диҳанд.

Дар таҳрири пешниҳодшудаи моддаи 36 ҳолатҳои иштироки прокурорро дар баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ мушаххас мегардонад.

Таҳрири пешниҳодшудаи моддаи 42 асосҳои ҳуқуқии иштироки прокурорро дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати суди вилоятҳо ва Суди шаҳри Душанбе муайян мекунад. Меъёри мазкур муқаррар мекунад, ки иштироки прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.

Прокурор дар баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад ва иштироки ӯ дар мурофиаи судӣ ҳангоми баррасии даъвои прокурор ҳатмӣ мебошад.

Таҳрири пешниҳодшудаи моддаи 55 таъиноти меъёри мазкурро мушаххас гардонида, муқаррар мекунад, ки номгӯйи чораҳои ҳавасмандгардонӣ, масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратура ва тартиби татбиқи онҳоро Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти интизомии кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамояд.

Кормандони мақомоти прокуратура барои эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҳорати касбӣ ва меҳнати бисёрсолаи софдилона дар хизмати давлатӣ, кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини риояи қонуният аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Кормандони мақомоти прокуратура барои маҳорати касбӣ, дастовардҳои меҳнатӣ, хизмати бисёрсолаи софдилона ва бенуқсон аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории «Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон» сазовор гардонида, ба онҳо нишони сарисинагӣ ва Ифтихорномаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

Низомнома дар бораи тартиби ҳавасмандгардонӣ бо унвони ифтихории «Корманди фахрии прокуратураи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Тағйироти ба қисми 4 моддаи 59 пешниҳодшуда дақиқ мегардонад, ки муовини якум ва муовинони сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ба ҳайати мушовараи Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон аз рӯи вазифаи ишғолнамудаашон шомил карда мешаванд.

Таҳрири пешниҳодшудаи моддаи 67 низ таъиноти меъёри мазкурро мушаххас гардонида, муқаррар мекунад, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон, прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо, дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда ва Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи пурраи прокуратура бо забони давлатӣ мебошанд.

Мақомоти прокуратура дорои нишони фарқкунанда буда, Низомнома дар бораи нишони мақомоти прокуратура, тасвир ва таснифи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунанд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳа ба самаранокии фаъолияти мақомоти прокуратура нигаронида шудааст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории  лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯйи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насрулло Маҳмудов дода мешавад.

Насрулло МАҲМУДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Холмуҳаммадзода, С. Холов ва Н. Маҳмудов пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии амалкунанда ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии маъмурӣ ва мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Таҳрири пешниҳодшуда ба моддаҳои 2, 17, 19, 20 ва 27 ба аниқ намудани мансабҳои вазифавӣ дар мақомоти прокуратура равона шуда, дар сохтори мақомот ҷой доштани мансаби муовини якуми прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашударо дақиқ намуда, вазъи ҳуқуқии онҳоро мушаххас мегардонад ва мафҳуми  прокурорҳои ба шаҳру ноҳияҳо баробаркардашударо муайян мегардонад.

Тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 4,6,10, 18 19 ва 24 пешниҳодгардида вазифаву салоҳиятҳои мақомоти прокуратура ва прокурорҳоро ба моддаи 95 Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ мегардонад. Таҳрири пешниҳодшудаи моддаи 67 муқаррар мекунад, ки мақомоти прокуратура минбаъд дорои нишони фарқкунанда мебошад.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо ворид кардани тағйиру илова ба моддаҳои 36 ва 42 қонуни конститутсионии амалкунанда иштироки прокурорро  дар марҳилаҳои маҷлисҳои судӣ зимни баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ мушаххас намуда, ба қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ менамоянд.

Тағйиру иловаҳои воридшуда мутобиқати дохилии меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таъмин намуда, ба амалӣ намудани вазифаҳои мақомоти прокуратура ҷиҳати таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2454 аз 16 июни соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд, ки онҳо лоиҳаро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷиҳати такмил додани он аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 65 пешниҳод манзур гардид.

Кумитаи масъул 12 декабри соли 2014 бо иштироки масъулини дахлдор ҷаласаи васеъ гузаронида, пешниҳодҳоро мавриди муҳокима қарор дода, аз онҳо 59 пешниҳод пурра ва қисман қабул  гардида, 6 –тои онҳо, бинобар дуруст будани матни лоиҳаи қонуни конститутсионӣ, қобили қабул дониста нашуданд. Пешниҳодҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид карда шуданд. Дар натиҷа, қисмҳои 2, 9, 10, 11, 24 ва 35 лоиҳаи қонуни конститутсионӣ такмил дода, аз лиҳози техникаи қонунгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шуданд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳишмандам, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар  ҳусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Искандар дода мешавад.

Искандар СОЛЕҲЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо  10 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Аҳамияти қабули Созишномаи мазкур, пеш аз ҳама, дар пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳо, ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дар муборизаи зидди терроризм дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроти он, аз ҷумла маблағгузории терроризм, ҷиноятҳои муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, силоҳи оташфишон, одамрабоӣ ва хариду фурӯши одамон, коррупсия ва дигар ҷиноятҳо зоҳир мегардад.

Созишнома аз муқаддима ва 15 модда иборат буда, дар муқаддима мақсад ва мароми ба имзо расидани Созишнома баён шудааст.

Дар моддаи 1-уми Созишнома ҳамкории Тарафҳо шарҳ дода шудааст. Моддаҳои 2 ва 3 ҳамкориҳои дар Созишномаи мазкур пешбинигардидаро тавассути робитаҳои мустақим ва шартномаҳо байни мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо ва шаклҳои ҳамкории онҳо муайян менамоянд.

Дар моддаҳои 4, 5 ва 6 мусоидат ва пешниҳоди иттилоот дар доираи Созишномаи мазкур бо ташаббуси яке аз Тарафҳо ё дар асоси дархости мақоми салоҳиятдори яке аз Тарафҳо, пурра ё қисман иҷро гардидани дархост  ва муҳлати иҷрои он зикр карда шудааст.

Моддаҳои 7, 8, 9 ва 10-уми Созишнома риояи шартҳоро бо мақсади ҳифзи маълумоти шахсие, ки мақоми салоҳиятдори як Тараф дар доираи ҳамкориҳои бо Созишномаи зикргардида пешбинишуда ва тибқи қонунгузории миллӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ба мақоми салоҳиятдори дигар Тараф ирсол намудааст, аз ҷумла таъмини махфияти иттилоот  ва маълумот, ҳамчунин мазмуни ҳуҷҷатҳо ва маводеро, ки аз Тарафи дигар гирифта мешаванд, бо забони русӣ тартиб  додани дархост ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ва дар доираи қонунгузории миллӣ андешидани чораҳое, ки дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани усули таҳвили назоратшавандаро бо мақсади ошкоркунии шахсони дар содир намудани ҷиноят иштирокнамуда пешбинӣ менамоянд, муқаррар намудааст.

Бо розигии тарафайн анҷом додани машваратҳо, мубодилаи пешниҳодот, ташкил намудани гурӯҳҳои кории муштарак, гузаронидани вохӯрии коршиносон ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии иҷрои муқаррароти Созишномаи мазкур байни худ ба имзо расонидани созишнома, инчунин ҳалли масъалаҳои баҳсталабе, ки байни Тарафҳо ҳангоми тафсир ё татбиқи Созишномаи зикршуда  ва хароҷоти дар раванди иҷрои  он ба вуҷуд меоянд, дар моддаҳои 11-13 пешбинӣ гардидааст.

Моддаҳои 14 ва 15-уми Созишномаи мазкур дахолат накардани ҳуқуқ ва уҳдадории Тарафҳоро, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалии давлатҳои Тарафҳо бармеоянд, муқаррар карда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома ва муҳлати эътибор пайдо намудани онро муайян намуда, муҳлат ва тартиби қатъи амали Созишномаи мазкурро ифода намудааст.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона  ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо  ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала  сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Баракатулло Атохоҷа дода мешавад.

Баракатулло АТОХОҶА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи зикршуда 10 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 таҳти №2700 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулоса онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 12 декабри соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Созишномаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» сухан ба муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматҷон Раҳматов дода мешавад.

Неъматҷон РАҲМАТОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», ки бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шудааст, пешниҳод карда мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо мақсади татбиқи «Барномаи ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 тасдиқ гардидааст, таҳия карда шудааст.

Ҳадафи асосии лоиҳаи баррасишаванда, такмили низоми амалкунандаи ҳуҷҷатгузории электронӣ ҷиҳати ташаккули системаи муосир ва самараноки мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо ба шумор меравад.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳо 20 моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ»-ро дар бар мегирад. Мувофиқи ин лоиҳа ба моддаи 1-уми қонуни мазкур, ки «Мафҳумҳои  асосӣ» ном дорад, мафҳуми «ҳуҷҷатгузории электронӣ» ва дигар мафҳумҳои маъмул ва умумии эътирофшудаи соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ворид карда шудааст.

Бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои истифодаи шаклҳои дигари ҳаммонандсозии имзои электронӣ мафҳуми «дигар воситаҳои ҳаммонандсозӣ» илова карда шудааст, ки он дар баробари имзои электронӣ истифодаи шаклҳои дигари ҳаммонандсозии мураттиби ҳуҷҷати электрониро пешбинӣ менамояд.

Моддаи 11-уми лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав пешниҳод карда шудааст, ки тибқи он, ҳуҷҷати электронӣ  баимзорасида эътироф карда мешавад, агар ҳангоми ба имзо расидани он имзои электронӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандсозии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, истифода шуда бошанд.

Инчунин ҷиҳати аз байн бурдани гуногунфаҳмиҳо ҳангоми истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути системаҳои иттилоотӣ моддаи 181 илова карда шудааст, ки он замон, макони ирсол ва қабули ҳуҷҷати электрониро муқаррар менамояд.  Моддаи 161 меъёрҳои марбут ба омода намудан, барасмиятдарорӣ, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электрониро, ки дорои аҳамияти муҳим мебошанд, ба танзим медарорад.

Ҳамзамон ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ ва такроршавии меъёрҳо мутобиқ намудани қонуни мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, масъалаҳои вобаста ба истифодаи имзои электронӣ хориҷ карда шудаанд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ҷавобгӯй буда, шароити боз ҳам мусоидро барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар кишварамон муҳайё менамояд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб наменамояд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Суҳроб Шарипов дода мешавад.

Суҳроб ШАРИПОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» пешниҳод мегардад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014  барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

19 ноябри соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз тарафи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 29 таклиф пешниҳод гардид, ки аз он 24 –тоаш қабул 2-тоаш қисман қабул ва 3- тоаш қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум». Суратгир А.ИСОЕВ