Дар шаҳри Истаравшан ҳавзаи интихоботии Истаравшан №23 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки ҳайати он аз 13 нафар иборат мебошад.
Бино ба гуфтаи раиси комиссияи ҳавзавӣ Диловар Азимов дар иртибот ба ин масъала 53 участкаи интихоботии якмандата дар шаҳри Истаравшан ва 16 участка дар Шаҳристон ҷой гирифтааст. Ҳайати ҳар як комиссия аз ҳафт нафар иборат аст.
Ҳамчунин дар шаҳри Истаравшан шаш комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ташкил шудааст. Ба ҳайати ҳар як комиссияи ҳавзавӣ 11 нафар шомиланд.
Шумораи умумии интихобкунандагони шаҳр 136 ҳазору 783 нафарро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ҳудуди шаҳри Истаравшан 40 ҳавза номгузорӣ ва рақамгузорӣ, 78 участкаи интихоботӣ ташкил, ҳудуд, маркази ҷойгиршавӣ ва шумораи интихобкунандагон дар ҳамаи участкаҳо муайян ва ҳайати комиссияҳои ҳавзавии интихобот, комиссияи участкавии интихобот аз ҷониби комиссияи шаҳрӣ тасдиқ шудааст. Дар ҳавзаҳои якмандата маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар конфронсҳои дахлдор аз ҳавзаҳои якмандатаи Истаравшан №23 ва Ғончӣ №24 сарвари ҶСК «Сафеда» Аслиддин Қутбиддинов ва раиси ноҳияи Ғончӣ Исмоилзода Зуфари Муртазохонро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»