Саҳифаҳои бо мурури замон зардшудаи шумораи 8-уми марти соли 1958-и рӯзномаи «Ҳақиқати Ховалинг»-ро варақ зада, баробари дигар мавод чашмам ба мақолаи «Ҷамоатчии фаъол», ки оид ба яке аз занони фидоӣ -Нозукбӣ Гадоева нақл мекунад, афтид.
Мақоларо хонда, ба заҳматҳои шабонарӯзӣ, хидмат, қаҳрамонӣ ва саҳми арзандаи ин бонуи бонангу ори ватанпараст дар таълиму тарбияи фарзандону насли наврас ва занону духтарон шинос мешавам. Маълум мегардад, ки ин зани фаъоли фидоӣ соли 1919 дар деҳаи Куталхуштаки ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, муддате муаллима будааст. Ҷасорат, донишу малака ва фаъолияти ибратбахшашро ба назар гирифта, ӯро ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намуданд. Номбурда дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдиҷангӣ дар вазифаҳои котиби ташкилоти ҳизби коммунисти собиқ колхози ба номи Маленков, раиси ҳамин хоҷагӣ, мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия, ҷонишини раиси комиҷроияи ноҳияи Ховалинг фаъолият намуда, дар рушди тамоми соҳаҳо саҳми муассир гузоштааст. Соли 1955, то барҳамхӯрии ноҳияи Ховалинг (соли 1958) раисии Ҷамоати деҳоти Ховалингро ба уҳда дошт.
Соли 1958 Нозукбӣ Гадоеваро мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Восеъ таъин намуданд ва ӯ минбаъд бо аҳли оилааш ба ин ноҳия кӯчида, муқимӣ гашт ва то охири умраш дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Пахтакор»-и ин ноҳия кор кард ва соли 1988 аз олам гузашт.
Навиштаҳои боло фишурдаи роҳи тайкардаи ин зани фидоии миллат мебошад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонон, занон ва калонсолон саҳми беандоза бузург дошт. Шогирдони зиёдеро ба шоҳроҳи ҳаёт ҳидоят намуда, қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан бо сарбаландӣ иҷро намуд. Яке аз хидматҳои дигари арзандаи ин модари қаҳрамон ба камол расонидани 15 нафар фарзанд буд, ки аксари онҳо баҳри ободиву шукуфоии диёр хидмат карда, ҳидояти модарро амалӣ намуданд.
Яке аз фарзандони ин бонуи фидоӣ Саттор Табаров мебошад. Саттор Табаров 21 декабри соли 1938 дар деҳаи Куталхуштаки ҳамин ноҳия ба дунё омада, камол ёфт ва бо ҳидояти модар хонда, ба нафъи халқу Ватан хизмат намуд. Ӯ ҳавонавард, Аълочии авиатсияи граждании ИҶШС (соли 1972) буда, Мактаби олии авиатсияи шаҳрвандии Уляновск (соли 1964), Академияи авиатсияи шаҳрвандии Ленинград (соли 1972) ва факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (соли 1991) хатм кардааст. Агар фаъолияти меҳнатии ин марди фидокорро варақ занем, ӯ аз соли 1964 то ба нафақа рафтанаш, соли 2002 дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, бахусус собиқ вилояти Кӯлоб, хизмати арзишманд намуд. Хизматҳояш бо чор медал, се ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон, ҳафт ифтихорномаи минтақавии авиатсияи шаҳрвандии ҶШС Тоҷикистон ва бисёр мукофотҳои хотиравӣ ва моливу пулӣ қадр шудааст.
Номи қаҳрамонмодар Нозукбӣ Гадоева дар қалби ҳазорон нафар ҷой дорад ва ӯро ба некӣ ёд мекунанд.
Фаъолияти ибратбахши ӯ намунаи беҳтарини ахлоқу одоб ва таълиму тарбия аст.
Амир Сайиди Мункӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, ноҳияи Ховалинг