Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Сардори давлат фаъолият менамояд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1994 таҳти №93 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба муносибати 20-солагии ташкилёбии ин Марказ китоби «20 сол. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муҳаррири нашр Худойбердӣ Холиқназар, муҳаррири масъул Қиёмиддин Сатторӣ) аз чоп баромад. Китоби мазкур таърихи таъсис, фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таҳлилӣ, ташкилию байналмилалӣ ва дастовардҳои Марказро дар бар мегирад. Тавре дар қисми аввали китоб омадааст, дар рӯзҳои барои кишвар душвор, ки ҳанӯз бесуботии сиёсӣ ва иқтисодӣ идома дошт, таъсиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми муҳиме ҷиҳати бартараф намудани падидаҳои буҳронӣ, анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ва тарҳрезии дурусти дурнамои рушди кишвар дониста мешавад.
Марказ минбаъд чун як созмони бонуфузи дорои пояи устувори моддию техникӣ ва кадрӣ қавию устувор гардид.
Дар оғози фаъолияти Марказ кормандони илмӣ дар шуъбаҳои таҳлил ва ояндабинии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳлил ва ояндабинии сиёсӣ, таҳқиқи механизмҳои бозори озод, рушди устувори иқтисод, масъалаҳои агросаноатӣ, санҷиши ҳуқуқӣ, робита бо созмонҳои байналмилалӣ машғули пажӯҳиш буданд.
Марказ минбаъд такмил ёфт ва доираи фаъолияти илмию тадқиқотии он васеъ шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2003 таҳти №11090 Низомнома ва сохтори нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки мувофиқи он Марказ муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир дар ду самти афзалиятнок – Стратегияи рушди низоми сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ ва Консепсияи таълимии рушди иқтисодиёт дар Тоҷикистон тадқиқот анҷом медиҳад.
Дар ин китоб самти дигари фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- баргузории конференсияҳои илмию семинарҳо доир ба проблемаҳои муҳими сиёсати дохиливу хориҷӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳлил шудааст. Бахшида ба 20-солагии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Самтҳои стратегии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» конференсияи илмӣ- амалӣ доир гардид. Бо дарназардошти раисии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2014 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ конференсияи байналмилалиро бо иштироки аъзо, нозирон ва шарикони муколамаи Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор намуд, ки дар он намояндагони чордаҳ давлати дунё иштирок доштанд. Бахшида ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ китобҳои директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар «Тоҷикистон-СҲШ: субот ва шукуфоӣ», «Нақш ва фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таъсис ва рушди Созмони Ҳамкории Шанхай» нашр гардиданд.
Ҳарчанд вазифаи асосии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тадқиқотӣ ва таҳлилӣ мебошад, аммо самараи корҳои амалии он низ назаррасанд. Натиҷаи чунин корҳо дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, ташаккул ва рушди сиёсати дохилию берунӣ, таҳияи барномаҳои стратегии соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар китоб аз робитаҳои васеи байналмилалии Марказ низ ёдрас шудааст. Ҳоло бо зиёда аз 20 маркази илмию тадқиқотии кишварҳои гуногуни ҷаҳон робитаҳои илмӣ барқарор шудааст. Дар асоси созишномаҳои ҳамкории баимзорасида корҳои илмию барномаҳои муштарак амалӣ гардонида мешаванд. Марказ аз ҷумла бо намояндагони СММ, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии ҳамкории байналмилалӣ, Маркази дипломатияи пешгиранда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳои судманд дорад.
Қисми дуюми китоб пурра ба муаррифии роҳбарони собиқи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Доир ба фаъолияти илмӣ ва усулу тарзи корбарии собиқ директорони Марказ -Нуриддин Қаюмов, Искандар Асадуллоев, Сироҷиддин Комилов, Сӯҳроб Шарипов, Бобохон Маҳмадов ва директори феълӣ Худойбердӣ Холиқназар маълумот дода шудааст.
Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»