Фарҳанги экологӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми нав нест. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» (29 декабри соли 2010 таҳти №673) дар моддаи якуми худ ин мафҳумро таври зайл ифода намудааст: «фарҳанги экологӣ –қисми таркибии фарҳанги умумибашарӣ ва миллиест, ки маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъиятро бо муҳити зист дар бар мегирад ва меросан барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии одамон дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти наслҳо, ки ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, бехатарии экологии кишвар ва ҳар фарди алоҳида мусоидат менамояд».
Дар принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, аз ҷумла ҳатмӣ будани омӯзиши фанҳои маърифати экологӣ дар ҳамаи зинаҳои системаи таълимӣ ва ворид намудани масъалаҳои маърифати экологӣ дар барномаҳои давлатии мақсаднок ва соҳавӣ муайян шудаанд. Моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» низ баробари дигар принсипҳо ташкил ва рушди системаи маърифати экологӣ, тарбия ва ташаккули фарҳанги экологиро ифода намудааст. Ин муносибатҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» муфассал танзим шудаанд. Дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иштироки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон, ҳамоҳангсозии фаъолияти байниидоравӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» низ паҳлуҳои гуногуни ин муносибатҳоро ба танзим медароранд. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва фарҳанги экологӣ бо меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси намунавии (моделии) экологии ИДМ пурра мутобиқ буда, ин раванд дар қиёс ба дигар давлатҳои пасошӯравӣ хеле пеш рафтааст.
Нигора Каримова, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон