Тайи солҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон раванди муттасили навсозӣ дар низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ ва умуман фарҳанг ҷараён мегирифт. Ҷомеаи анъанавии Тоҷикистон дучори таъсири бузургтарини модели шӯравии тамаддун дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар низоми ташкили ҳокимият (роҳандозии ҳукмронии ҳокимияти шӯравӣ таҳти назорати қатъии ҲКИШ), дар иқтисодиёт (ташкили саноати сабуку вазнин дар шаҳрҳо, колхозу совхозҳои деҳот), дар ҳаёти ҷамъиятӣ (муборизаи атеистии зидди исломи анъанавӣ, «хонаҳои мардон», низоми ҳуқуқии «Одат» ва ғайра), дар бахши фарҳанг (муборизаи ҳокимияти шӯравӣ зидди унсурҳои куҳнапарастии фарҳангию маънавии тоҷикон: амалияи маросимӣ, эҷодиёти халқӣ, эътиқоди тоисломии мардум, тасаввуроти соҳирона ва ғайра) мегардид. Дар ҷамъияти Тоҷикистон ба ҷойи шуури анъанавию қадимӣ дар заминаи ҷаҳонбинии илмӣ шуури шӯравӣ тадриҷан ташаккул меёфт. Ин раванд, ки ба муқобили расму анъанаҳои миллӣ равона гардида буд, аз солҳои аввали барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ оғоз ёфта, то давраи фурӯпошии он давом кард. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ин раванд қатъ гардид. Дар натиҷаи навсозии чандинсола (модели шӯравии таҷдиди анъанаҳои тоҷикӣ) дар ҷамъияти Тоҷикистон тағйироти басо калон рух дод. Дар давраи пасошӯравӣ вазъи этникию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Агар дар замони шӯравӣ дар таърихи ҷумҳурӣ раванди таназзул ҷараён дошта бошад, дар давраи пасошӯравӣ раванди эҳёи расму анъанаҳои миллӣ дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти ҷомеа оғоз ёфт.
Қобили зикр аст, ки ҷараёнгирии эҳёи расму анъанаҳои миллӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ислом алоқаманд буд, чунки солҳои пасошӯравӣ дар Тоҷикистон, чун дар ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ, раванди исломикунонии ҷомеа шурӯъ гардид. Суръати ин раванд дар Тоҷикистон нисбат ба ҷумҳуриҳои дигари ин минтақа аз ҳама зиёдтар буд. Давлати дунявии тоҷикон зери хатар монд, зеро татбиқи принсипи аз давлат ҷудо будани дин, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтааст, дар ҷомеаи мусулмонии тоҷикон имконнопазир гардид, яъне, агар давлат таҳти назорат гирифтани равандҳои диниро суст намояд, ҳатто ҷараёнҳои муътадили исломӣ, дер ё зуд, кӯшиш менамоянд, ки ҳокимиятро ба дасти худ гиранд.
Раванди исломисозӣ дар Осиёи Марказии пасошӯравӣ низ бо раванди сиёсигардонии худи ислом дар ин минтақа идома меёфт. Тайи солҳои 90-уми асри гузашта суръати сиёсигардонии ислом беш аз ҳама дар Тоҷикистон ба назар мерасид. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки мухолифини исломӣ дар он фаъолона иштирок доштанд, барои ташаннуҷ додани вазъияти сиёсии ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сабаби асосӣ гардид. Дар сурати муваффақияти сиёсию ҳарбӣ ба даст овардани исломгароёни Тоҷикистон метавонист дар саросари фазои Осиёи Марказӣ ихтилофоти шаҳрвандӣ сар занад. Бинобар ин, вокуниши шадиди ҳукуматдорони Ӯзбекистон ба ин ихтилофоти шаҳрвандӣ бамаврид буд. Раванди сиёсигардонии ислом дар Ӯзбекистону Қирғизистон давоми солҳои гуногун вусъат мегирифт, вале ин раванд дар Туркманистону Қазоқистон таҳти назорати қатъии режимҳои ҳукмрони онҳо қарор дошт. Сабабҳои сиёсигардонии ислом дар Осиёи Марказӣ кадомҳо буданд? Таърихи ҷаҳон нишон медиҳад, ки дину сиёсат ҳамеша байни худ иртибот доштанд, ин амр на фақат ба ислом, балки ба динҳои дигари ҷаҳон низ дахл дорад. Дину сиёсат чун низомҳои идеологӣ амал карда, ба ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ иддао менамоянд, ғайр аз ин, дин дар бахши сиёсат вазифаҳои муайянро ба ҷо меорад. Моҳияти сиёсигардонии ислом маънои фаъол намудани оммаи халқ (диндорон) ва ба равандҳои сиёсӣ дохил гардонидани онҳоро дорад. Ба назари мо, пошхӯрии низоми биоқутбӣ, бадномкунии идеологияи коммунистӣ ва ташаннуҷи иҷтимоию сиёсии дохилии ҷумҳуриҳои минтақа боиси сиёсигардонии ислом ва эҳёи таваҷҷуҳ ба он дар Осиёи Марказӣ гардиданд. Дар бораи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва навсозии ҷомеаҳое метавон гуфт, ки заминаи сиёсигардонии исломро на фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон низ фароҳам меоварданд. Сиёсигардонии ислом дар фаъолияти созмонҳои динию ҷаҳонии дорои мазмуни радикалӣ, ки суботу амнияти баъзе минтақаҳои ҷаҳонро зери шубҳа қарор додаанд, роҳи манфиро пайдо намуд. Ба ҳамин тариқ, раванди сиёсигардонии ислом раванди радикализатсияи ин дин дар саросари ҷаҳонро ба миён овард. Бинобар ин, ба назари мо, аксарияти созмону ҷунбишҳои радикалии исломии тамоми ҷаҳони мусулмонӣ худро ҳизбҳои сиёсӣ номбар карда, ба муборизаи сиёсӣ барои ба даст овардани ҳокимият шурӯъ намуданд.
Тавре ки мебинем, раванди исломигардонии ҷомеа ва сиёсигардонии ислом дар Тоҷикистон на фақат дар ҳаёти сиёсӣ, балки дар тамоми ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ мушкилоти навро ба миён оварданд. Бояд зикр кард, ки солҳои охир ин раванд пайваста бо ташвиқу тарғиби ҳамаҷонибаи дини ислом дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҷониби фақеҳони маъруф, созмонҳои динӣ, муллоҳо ва ибодаткунандагони одӣ, чӣ дар шаҳрҳо ва чӣ дар деҳот (дар сатҳи маҳалла) идома меёфт. Акнун дар Тоҷикистон муллоҳо ба ҳамаи масъалаҳои моҳияти иҷтимоидошта посух мегӯянд ва дар масҷидҳо афкори ҷамъиятии аҳолиро ба вуҷуд меоранд. Масалан, мо шоҳиди манзарае мешавем, ки мулло дар мавриди камбизоатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон сухан карда, чунин мегӯяд : «Чаро аксарияти тоҷикон қашшоқанд ва чаро онҳо дар зиндагӣ душвориҳо доранд, чунки Аллоҳ аз онҳо рӯ гардонидааст, онҳо (тоҷикон) Аллоҳро фаромӯш кардаанд, бинобар ин қашшоқӣ ва мушкилоти дигар ҷазои онҳост барои бехудоияшон. Шумо хоҳиш кунед, ки Аллоҳ ба шумо ёрӣ кунад. Аммо шумо барои Аллоҳ чӣ корҳоро анҷом додаед, шумо меҳратонро нисбат ба вай чӣ тавр зоҳир намудаед ва шумо чӣ тавр исбот кардаед, ки сазовори меҳру муҳаббати ӯ ҳастед? Дуо кунед, меҳратонро нисбат ба Аллоҳ нишон диҳед ва исбот кунед. Ӯро дӯст доред ва он гоҳ вай шуморо дӯст медорад. Мусулмони асил шавед, он гоҳ Аллоҳ ба шумо ёрӣ мекунад ва ӯ шуморо танҳо намегузорад». Чунин суханрониҳо маънои баланд шудани нақши исломи сиёсӣ дар ҷомеаи имрӯзаро дорад, зеро мулло фаъолияти сиёсиро низ пеш мегирад. Ба ҳамин тариқ, рӯҳонии исломӣ дар симои фақеҳ — сиёсатмадор на фақат ба саволҳои динӣ, балки ба саволҳои дигаре низ ҷавоб медиҳад, ки ба мушкилоти муҳими ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон дахл мекунанд. Тавре ки мебинем, имрӯз масҷидҳо ҷойи клубҳои мардонаро гирифтаанд, ки дар замони шӯравӣ дар ташаккулёбии шуури ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, ба интихоби рафтори иҷтимоии аҳолӣ ва хусусан ҷавонони Тоҷикистон сахт таъсир мекарданд. Ҳокимияти Тоҷикистон бар хилофи рӯҳониёни исломӣ наметавонад, ки ба саволҳои зерин ҷавоб диҳад: чаро ҷавонон асосан бекоранд ва чаро ҷавонон имконияти худинкишофдиҳии иқтисодию сиёсиро надоранд, чаро аксарияти аҳолӣ камбағал аст ва чаро фасодӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ реша давонидааст ва ғайра.
Ҳоло раванди исломгароӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва синну соли ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дахл мекунад. Ин раванд, пеш аз ҳама, дар байни ҷавонону занони миёнасоли шаҳрҳо ва марказҳои ноҳиявии ҷумҳурӣ вусъат меёбад. Масалан, ба сар гирифтани ҳиҷоб, ки аз рӯймоли анъанавии тоҷикию ӯзбекӣ басо фарқ мекунад, барои духтарону занони бисёр шаҳрҳо падидаи рӯзмарра гардидааст. Духтарону занони деҳот, монанди калонсолону пиронсолони шаҳрҳо, чун пештара рӯймоли анъанавиро ба сар мекунанд. Ё мисоли дигари марбут ба истифодаи нӯшокиҳои спиртдор. Мағозаҳои хӯрокворӣ, ки ба фурӯши маҳсулоти спиртдор хотима бахшидаанд, маҳз дар шаҳрҳо пайдо шуданд, ҳол он ки дар деҳот чунин маҳдудиятҳо ба назар намерасанд. Солҳои охир аввалин маълумотҳои оморӣ пайдо гардиданд, ки густариши босуръати раванди исломгароии ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистонро тасдиқ менамоянд. Масалан, мувофиқи маълумоти таҳқиқи иҷтимоии «International Foundation for Election Systems», ки солҳои 1996 ва 2010 дар ҷумҳурӣ гузаронида шуд, натиҷаи зеринро метавон мушоҳида кард: агар соли 1996 – ум 27 фоизи пурсидашудагон намозҳои ҳаррӯзаро ба ҷо меоварда бошанд, соли 2010 теъдоди онҳо ба 63 фоиз расид. Зиёда аз ин, зимни пурсиши охирин 71 фоизи пурсидашудагон изҳор доштанд, ки ислом дар ҳаёти онҳо мақоми муҳим дорад.
Ба сар накардани ҳиҷоб ё манъи фурӯш ва истифодаи нӯшокиҳои спиртдор як қисмати ҳанӯз ночизи монеагузориҳое мебошанд, ки ҷонибдорони исломгароии ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Чунин монеагузориҳо дар ниҳояти кор ба ташаккулу ягонагии динии аҳолӣ мусоидат мекунад, ки хилофи талаботи ҷомеаи дунявист.
Рушди динпарастии аҳолӣ хусусияти идеологӣ дорад ва таҳти назорати ҳукуматдорон гирифтани он мушкил аст, ки ин ҳукуматро ба андозае нигарон месозад. Дар робита бо ин, солҳои охир ҳукуматдорони Тоҷикистон қонунҳое қабул карданд, ки вазъияти динии ҷумҳуриро назорат мекунанд. Мақсад аз ин қонунҳо таҳкими асосҳои дунявии ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон аст. Масалан, мувофиқи қонунҳои нав ба занон ва ноболиғон зиёрати масҷид манъ карда мешавад, рӯйхатҳои дорои мавзӯъҳои намози панҷвақтаро худи ҳукумат медиҳад, баъзе масҷидҳо баста мешаванд, фаъолияти мактабҳои суннатии мазҳаби ҳанафӣ маҳдуд мегардад, фаъолияти сиёсии роҳбарони мустақили мазҳабӣ маҳдуд мешавад ва ғайра. Соли 2010 мувофиқи қонуни нав садҳо нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои динии ал – Азҳар ва донишкадаҳои дигари Миср, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Эрон таҳсил мекарданд, маҷбуран ба Ватан баргардонида шуданд. Вале ин чорабиниҳо кифоят намекунанд, тадбирҳои дигару сахттар лозиманд, ки пеши равандҳои исломгароии ҷамъияти Тоҷикистон ва сиёсигардонии ислом дар он гирифта ё суст карда шавад.
Мо дар ин асар кӯшиш мекунем, ки мушкилоти сар даровардани ислом ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, хусусан ба бахши фарҳангу маънавии онро таҳлил намоем. Сухан дар бораи муносибатҳои ислом ва илми дунявӣ меравад, ки он унсури муҳими фарҳанг мебошад. Мо илмҳои академиро, ки тайи солҳои зиёди шӯравӣ ҷаҳонбинии бисёр наслҳои тоҷиконро идора мекарданд, ба миён меоварданд ва ташаккул медоданд, ҳамчун манбаи таҳқиқ интихоб кардем. Мо ҳамчунин кӯшиш менамоем, ки вазъи ин илмҳоро дар таърихи пасошӯравии ҷумҳурӣ омӯзем ва таҳлил намоем. Зиёда аз ин, мо мехоҳем фаҳмем, ки ин илмҳо ба ҳамлаи идеологияи ислом ва ҷаҳонбинии ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон муқовимат карда метавонанд ё не?
Мо дар баъзе асарҳои худ сабабҳои объективию субъективии исломгароии ҷомеаҳо ва сиёсигардонии ислом дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказиро омӯхтем. Вале мо ба мушкилоти муқовимати ислом ва илми дунявӣ дар ин ҷомеаҳо кам дахл мекардем. Дар солҳои пасошӯравӣ ин муқовимат дар ҷомеаҳои Осиёи Марказӣ, ки дар онҳо мавқеъҳои илми академии шӯравӣ ҳанӯз қавианд, равшан намоиш дода мешавад. Чунин вазъият дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида мегардад. Ниҳодҳои академии бахши гуманитарӣ хоҳу нохоҳ ба муборизаи зидди исломгароии ҷомеа шурӯъ намуданд. Як замоне (хусусан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ) дар Тоҷикистон илми академӣ нисбат ба ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ҳолати ногувор қарор дошт, аз ҳамлаҳои идеологӣ ва ҷаҳонбинии исломӣ камтар ҳифз мешуд. Дар натиҷаи ин, баъзе ниҳодҳо ба дастгирии ошкоро ё махфии ислом шурӯъ карда, дар фазои илмию фарҳангӣ ва иттилоотию идеологӣ ба рақобат бо он тоб наоварданд.
Дар ҷараёни ин мубориза вазъи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузновар гардид. Гарчӣ ин институт дар мубориза барои ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷумҳурӣ дар замони шӯравӣ саҳифаҳои пуршараф дорад. «Таърихи ташкилу фаъолияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нимаи дуюми асри гузашта оғоз меёбад. Соли 1951 бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶCШ Тоҷикистон (соли 1951 №116) Шуъбаи фалсафа таъсис ёфта, баъди тасдиқи сохтори АИ ҶСШ Тоҷикистон (1 апрели соли 1951) ба сохтори мазкур дохил карда шуд. Хеле дертар дар заминаи шуъбаи зикршуда Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1991) ва баъди даҳ соли дигар (соли 2010) Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфт. Солҳои 50 — уми асри гузашта олими намоёни тоҷик А.М. Баҳоваддинов роҳбари Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон буд. Кормандони илмии шуъба таҳти роҳбарии ӯ дар амри ташкили мактаби таъриху фалсафаи тоҷик кори бузургро анҷом доданд. Асарҳои муҳиму ҷолиб ба табъ расиданд, ки муаллифонашон қонуну категорияҳои материализми диалектикиро аз мавқеъҳои марксистӣ маънидод карда, мушкилоти фалсафаи асил ва космологияро таҳлил менамуданд. Кормандони Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон теъдоди зиёди асарҳояшонро ба мушкилоти тасвири раванди фаъолияти дарккунӣ ва таҳаввули тасаввуроти илмӣ дар бораи материя, ҳаракат, вақту фазо, кашфи шароити воқеӣ, сабабу оқибатҳои инқилобҳои илмӣ, таснифи хусусиятҳои тафаккури диалектикӣ дар табиатшиносӣ ва дигар мушкилоти мубрами назариявӣ бахшидаанд. Дар нимаи дуюми солҳои 50 ва 60-уми асри гузашта дар аспирантураи Шуъбаи фалсафа Ғ.Ашӯров, М.Раҷабов, М.Диноршоев, Н.Рустамов, Н.Одилов, Н.Арабзода, Х.Додихудоев, К.Олимов, А.Муҳаммадхоҷаев, М.Мирбобоев, У.Султонов, М.Ҳазратқулов ва М.Султонзода – олимону муҳаққиқоне таҳсил мекарданд, ки на фақат дар ҷумҳурӣ, балки берун аз ҳудуди он ҳам маълуманд. Солҳои 1965 – 1988 узви вобастаи АИ ҶСШ Тоҷикистон Ғ.Ашӯров роҳбари Шуъбаи фалсафа буд. Дар ин давра М.Мирбобоев, А.Қурбонмамадов, Ф.Сироҷев, Н.Раҳматуллоев, З.Вазиров, Т.Муродова, А.Шарипов, К.Аскардаев ва дигарон барои иҷрои кор ва таҳсил аз ҷумлаи ҷавонони боистеъдод ба Шуъбаи фалсафа қабул шуда, минбаъд мутахассисони хуби таърихи тафаккури фалсафавию ҷамъиятии халқи тоҷик гардиданд.
Соли 1957 дар Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон аввалин ду шоха – Шуъбаи фалсафаи иҷтимоӣ ва Бахши материализми таърихӣ ташкил ёфтанд. Соли 1960 дар Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон шохаи сеюм Бахши атеизми илмӣ пайдо гардид. Ташкили бахши мазкур аслан иқдоми аввалине дар таърихи Тоҷикистон ба манзури таҳқиқи илмии дин ва то сатҳи фанни илмӣ баровардани диншиносии тоҷик гардид. Дар давраи шӯравӣ доираи мушкилоти илмӣ ба мақсадҳои тарбия ва такомули ҷаҳонбинии илмию дунявӣ итоат дошт. Масъалаҳои асосии илмии Бахши атеизми илмӣ чунин буданд: зуҳуроти динӣ ва роҳҳои рафъи онҳо; роҳҳои тарбияи ҷаҳонбинии илмию атеистӣ; мушкилоти инсон, моҳият ва мақсадҳои ҳаётии ӯ; таҳқиқи расму оин ва анъанаҳои халқӣ (миллӣ) ва динӣ ва мақоми онҳо дар фарҳанги миллӣ; мақоми дин дар ҷомеаи сотсиалистӣ. Дар давраи шӯравӣ ( солҳои 1960 – 1990) Р.М.Маҷидов, Н.Ф.Одилов, С.Ю.Додобоева, Ш.Абдуллоев ва олимони дигари маъруф дар Бахши атеизми илмии Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон кор мекарданд.
Соли 1967 дар Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон шохаи чорум – Бахши тадқиқоти иҷтимоӣ пайдо гардид. Солҳои 1970 – 1990 масоили асосии илмии Бахши тадқиқоти иҷтимоӣ чунин буданд: таҳлили ҷиҳатҳои назариявию амалии меҳнат дар ҷамъияти сотсиалистӣ; омилҳои моддию маънавии фаъолияти меҳнатӣ дар истеҳсолоти саноат; мушкилоти иҷтимоию психологии ба шароити корхонаи саноатӣ одат кардани коргарон; омилҳои иҷтимоии ташаккули коллективи меҳнатӣ; худмуайянкунии касбию иҷтимоии ҷавонон; занон дар сохтори иҷтимоӣ; мақоми оила дар бозтакрории сохтори иҷтимоӣ. Натиҷаҳои таҳқиқи давраи мазкур дар асарҳои О.Ғуломов, В.В.Виборнова, В.Г.Газарян, Ш.Шоисматуллоев ва олимон – иҷтимоишиносони дигари намоён инъикос ёфтаанд. Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон то соли 1991 бо ҳамин тартиб кор мекард. Минбаъд сарнавишти ин муассисаи илмӣ тағйир ёфт, ки дар ин бора дар поён муфассалтар хоҳем гуфт.
Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон, чун илмҳои дигари академӣ, солҳои зиёде такягоҳи пешрафти илмӣ ва мактаби шӯравии навсозии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва фарҳанги ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Кормандони илмии ин муассисаи академӣ дар бисёр лоиҳаҳои илмию истеҳсолӣ, чӣ дар шаҳрҳо ва чӣ дар деҳот иштирок доштанд. Бисёрии онҳо дар ҳошияи Ҷамъияти умумииттифоқии «Дониш» ҳатто дар нуқтаҳои дурдасттарини аҳолинишини ҷумҳурӣ дар мавзӯъҳои мухталифи ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ лексия мехонданд. Ҳокимияти шӯравӣ бо ин васила зидди қафомонӣ, бесаводӣ ва унсурҳои архаика дар рӯзгори тоҷикони саросари ҷумҳурӣ, хусусан дар кӯҳсори он, мубориза мебурд.
Муносибати байни давлат ва дин дар давраи шӯравии таърих басо мураккаб буд: маъракаи зиддидинии шӯравӣ ҳанӯз дар солҳои 20 – уми асри ХХ ба кори худ шуруъ намуд. Бо дастури И.Сталин ислом шурӯъ аз соли 1927 ба феҳрасти «душмани синфии меҳнаткашон» дохил гардид. Дар натиҷа гирифтани таълимоти динӣ манъ, иншооти динӣ хароб, нашриёти динӣ ва ғайра баста шуданд, ки ин боиси пайдо шудани ҷараёнҳои фундаменталию ошкорои ислом гардид. Дар давраи ҷанг ва баъдиҷангӣ муборизаи зидди дин ба дараҷаи мухталифи фаъолнокӣ идома меёфт.
Институтҳои гуманитарии академӣ, хусусан Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон тайи солҳои зиёди шӯравӣ дар ҷумҳурӣ зидди дин фаъолона мубориза мебурданд. Ғайр аз лексияҳо, асарҳои академӣ, китобу китобчаҳо, шиору варақаҳои таблиғотӣ ва ғайра чоп мешуданд, ки хусусияти зиддидинӣ доштанд. Дар натиҷаи ин мубориза ислом дар тамоми минтақа ба пинҳонкорӣ мегузашт. Баъди нармии давраи Хрушёв давраи дигари тадриҷан аз пинҳонкорӣ баромадани ислом оғоз гардида, дар давраи бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ анҷом ёфт. Ин давраро ҳам метавон чун давраи эҳё, сиёсатгардонӣ ва радикализатсияи ислом қаламдод кард. Агар аввалин мактабҳои пинҳонкори «хуфия», яъне «пинҳонӣ» вазифаи асосӣ – таҷаддуди исломро иҷро мекарда бошанд, минбаъд аввалин созмонҳои пинҳонкори исломӣ ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳамроҳ шуданд, то барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсии ҷумҳурӣ мубориза баранд. Минбаъд дар солҳои пасошӯравӣ ҳамин ҳизбу созмонҳо аз ҳамаи марҳалаҳои радикализатсия гузаштанд. Ислом дар давраи бозсозӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа фаъолона шурӯъ кард. Ин раванд, хусусан дар Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба назар мерасид. Вусъати фаъолияти ислом боиси ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ гардида, минбаъд ислом (тавре ки таҷрибаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон нишон дод), мақоми омили ташаннуҷсозии вазъиятро иҷро кардан гирифт.
Сиёсати зиддидинии шӯравӣ дар ҳошияи лоиҳаи бузург - навсозии шӯравӣ, муваффақиятҳои беназир дошт. Дар ҷумҳурӣ ҳокимияти шӯравӣ вазъи динии кишварро пурра назорат мекард. Барои назорати сифатии ин вазъият кори бузурге анҷом дода шуд. Ин корро асосан ҳамаи муассисаҳои илмию таҳсилоти умумӣ аз мактаби миёна то институтҳои академӣ иҷро мекарданд. Азбаски худи ҳокимияти шӯравӣ моҳиятан ҳокимияти дунявӣ буд (принсипи аз ҳокимият дур будани дин қатъиян риоя мешуд), тамоми низоми таҳсилотӣ ҳам дунявӣ буд, гарчӣ дар он унсурони идеологияи марксистию ленинӣ арзи вуҷуд доштанд. Вале ин идеология хидмати пешрафти илмӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаро баҷо меовард. Табиист, ки дар ин идеологияю ҷаҳонбинӣ ҷой барои дин боқӣ намонд. Дар замони ҳокимияти шӯравӣ атеизми илмӣ дини нав нагардид, гарчи он чун алтернативаи дин дар ташаккули ҷаҳонбинии дунявию илмии бисёр наслҳои мардуми шӯравӣ мақоми басо муҳимро касб намуд. Хидмати Шуъбаи фалсафаи АИ ҶСШ Тоҷикистон низ дар ҳамин буд. Бисёр вазифаҳое, ки дар назди атеизми илмии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буданд, пурра ё қисман иҷро гардиданд. Муборизаи зидди дин, қафомонӣ, бесаводӣ, унсурони архаикаи рӯзгор, фаъолияти мактабҳои пинҳонкори исломӣ (дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ) ва ғайра муваффақонаю самарабахш сурат мегирифт. Дар натиҷаи ин, мо дар ибтидои солҳои 80–уми асри гузашта ҷомеаи комилан дунявию муосире доштем, ки дар он мақоми дин ва иншооти динӣ дар амри ташаккули шуури ҷамъиятӣ аслан аз байн бурда мешуд. Мо ин муборизаро аз нигоҳи арзишҳои либералии ҷомеаи имрӯза арзёбӣ намекунем, вале бояд мақоми ин мубориза дар ташкили ҷомеаи секулярии он давраи Тоҷикистонро эътироф намуд.
Ҳоло ки мо ҷамъияти муосири Тоҷикистонро меомӯзем, манзараи зеринро мушоҳида мекунем: дини ислом боз ба ҷамъияти Тоҷикистон баргаштаасту дар он худро нағз ҳис мекунад; унсурони архаика (расму оин) – и рӯзгори тоҷикон қисман ё пурра барқарор шудаанд; бисёр мактабу созмонҳои пинҳонкори исломӣ худро ошкор намуда, ба муборизаи сиёсӣ баҳри ҳокимият шурӯъ кардаанд (баъзеи онҳо ҳатто дар сохторҳои ҳокимияти ҳозира ваколатнома гирифтаанд); ҷанги шаҳрвандӣ рух дода, дар ҷараёни он барои ташкили давлати исломӣ кӯшиш шуд; на фақат дар шаҳрҳо, балки дар деҳот ҳам масҷидҳои бузург сохта шудаанд ва сохта мешаванд; ҳамаи клуб – чойхонаҳои дорои хусусияти дунявӣ ба масҷидҳо табдил ёфтанд; ҷавонон бештар таҳсилоти дин дар ҷумҳурӣ ё берун аз онро интихоб мекунанд; ҳиҷоб ба сар кардани занон дар ҳама ҷо маъмул шудааст; серзании табақаҳои осудаҳоли ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст; дар ҳар гӯша китобҳои динӣ фурӯхта мешаванд; дар нақлиёти ҷамъиятӣ азонро тавассути радио мешунавонанд; идҳои диниро расман таҷлил мекунанд; ҳатто дар ҷойи кори идораҳои давлатӣ намоз мехонанд ва рӯзаи Рамазонро риоя мекунанд; ваъзи мулло дар ҳар кӯчаю маҳалла садо медиҳад; беморонро тавассути оятҳои Қуръон табобат мекунанд; ақди никоҳро мулло роҳбарӣ менамояд; баъзе мардон риши бебурут (риши салафӣ) мондаанд; баъзе духтарон таҳсилро дар мактаби миёна бас кардаанд, дигаронашон ҳатто орзуи ба даст овардани таҳсилоти олиро надоранд; муллою фақеҳон ба сиёсат фаъолона машғул мешаванд; созмонҳои динӣ, аз қабили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мухолифи воқеии ҳокимияти ҳозираи ҳоло дунявӣ гардидаанд ва ғайра. Имрӯз бояд чунин ҷамъиятро омӯхт. Акнун суоле чанд ба вуҷуд меояд: вазъияти имрӯзаи ҷумҳуриро кӣ таҳлил менамояд? Раванди исломигардонии ҷамъияти имрӯзаро кӣ пешгирӣ менамояд ё ақаллан суст мегардонад? Фаъолияти созмонҳои исломиро, ки барои гирифтани ҳокимият зӯр мезананд, кӣ маҳдуд месозад ? Пеши раванди сиёсигардонии ислом дар ҷумҳуриро кӣ мегирад? Ба ину он саволҳои дигар бояд на фақат ҳукуматдорон, балки илмҳои академӣ ва ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷавоб диҳанд.
Амалияи ҷаҳонии паҳншавии ислом нишон медиҳад, ки ислом маҳз ба он ҷое меояд, ки дар он таҳсилот ва ҷаҳонбинии илмӣ арзи вуҷуд надорад. Толибон ва Давлати исломӣ мисоли равшантарини таърихи имрӯзаанд. Давлати исломӣ нисбат ба Толибон, ки солҳои зиёде дар ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон вуҷуд доранд, рамзи ҷолиби муборизаю диндории исломгароёни ҷавони ҷумҳурӣ мегардад. Имрӯз баъзеи онҳо сарбозони фаъоли гурӯҳи Хуросон дар Давлати исломӣ гардидаанд.
Тавре ки мебинем, имрӯз на фақат Толибон барои ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон даҳшатоваранд. Душмани аз ин ҳам даҳшатноку хавфноктар мавҷуд аст, ки он Давлати исломӣ мебошад. Имрӯз Давлати исломӣ чун модели Хилофати нав метавонад ба Тоҷикистон ҳам ояд. Исломгароёни тоҷик аксаран дар сомонаҳои иҷтимоии Интернет ва дар дигар воситаҳои ахбори омма инро зикр мекунанд.
Чуноне мушоҳида мешавад, равандҳои исломигардонии ҷомеа ва сиёсигардонии ислом пайваста бо раванди дар ҷамъияти Тоҷикистон ҷорӣ намудани шуури динӣ сурат мегирад. Шуури динӣ, ки дар заминаи арзишҳои дини ислом ташаккул меёбад, аз лиҳози шаклу мазмуни худ архаикӣ ва асримиёнагӣ мебошад. Ҷаҳонбинии фундаменталистӣ (ваҳобию салафӣ), ки онро бисёр исломгароёни радикалӣ тарафдорӣ мекунанд, бештар архаикӣ буда, ҳамаи хислатҳои тафаккури ғуломдориро дар бар мегиранд («асри тиллоии ислом» дар назар аст, ки дар давраи сохти ғуломдорӣ вуҷуд дошт). Худи ҳамон Толибон ва Давлати исломӣ, ки дар он ғуломфурӯшӣ рӯи кор оварда мешавад, мисоли равшани ҳаминанд. Шуури дунявӣ, ки дар заминаи ҷаҳонбинии илмӣ ташаккул меёбад, ба шууру ҷаҳонбинии динӣ муқовимат мекунад. Ҳокимияти шӯравӣ тавассути низоми умумии маърифатӣ ва илми академӣ дар амри ташаккулёбии шуури дунявӣ ва ҷаҳонбинии илмии шаҳрвандони ҷамъияти Тоҷикистон ба муваффақиятҳои бузург ноил гардид. Ин дастовардҳо дар таърихи навсозии шӯравии ҷумҳурӣ сабт шуданд. Вале, оё дар бораи дастовардҳои минбаъдаи маорифу илми таърихи пасошӯравии ҷумҳурӣ сухан кардан мумкин аст? Вазъи низоми таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар давраи пасошӯравӣ чӣ гуна аст? Муваффақиятҳои илми академӣ дар муборизаи зидди исломигардонии ҷомеа ва сиёсигардонии ислом дар таърихи пасошӯравии ҷумҳурӣ чӣ гунаанд? Мақоми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин равандҳо чӣ гуна аст?
Дин ва шуури динӣ дар ҷое ба вуҷуд меоянд, ки ҳолати илму маориф табоҳ шуда бошад. Айнан чунин ҳолат дар Тоҷикистон низ ба вуқуъ пайваст. Чӣ омилҳое сабаб гардиданд, ки дар кишвар замони пасошӯравӣ бадшавии вазъи маориф ба миён омад? Ба андешаи мо якчанд сабабҳо вуҷуд доштанд. Тоҷикистон солҳои душвори ҷанги шаҳрванди (солҳои 1992-1997)-ро аз сар гузаронид. Солиёни зиёде ба барқарорсозии иқтисодиёт (баъзе соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ) ва дигар инфрасохтори муҳим (масалан, шабакаи роҳ) сарф гардида, унсурҳои асосии иқтисоди бозорӣ ва ғайраҳо таъсис ёфтанд. Тадриҷан илми академӣ ва низоми таҳсилоти умумии кишвар низ барқарор карда шуд. Вале ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷомеа мероси сангине ба ҷой гузошт: дар натиҷаи мусолиҳаи миллии соли 1997 дар тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ (на камтар аз 30 фоиз) намояндагони ИНОТ (Иттиҳодияи неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон) ворид гардиданд, ки солҳои минбаъда, оҳиста-оҳиста идеологияи исломиро дар ҷомеаи тоҷик ҷорӣ намуданд. Ҳарчанд ҳукумати кунунӣ ба оҳистагӣ онҳоро аз сохтори худ берун карда бошад ҳам, вале нишонаҳои ин идеология барои чандин сол ба ҷой гузошта шуд. Касб намудани мақоми расмӣ ва мандатҳои ҲНИТ (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) на танҳо дар парлумон, балки дар ҳокимияти иҷроия мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад. ҲНИТ шабакаи фарохи худро на танҳо дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн намудааст, балки барои ҳокимияти ҳозира дар ҳамаи сатҳҳо мухолифи воқеӣ гардидааст. Имрӯз Тоҷикистон дар фазои пасошӯравӣ ягона ҷумҳуриест, ки дар он оппозитсияи динӣ дар симои ҲНИТ ва дигар ташкилотҳои исломӣ (қонунӣ ва ғайриқонунӣ мавҷудбуда) вуҷуд дошта, барои ҳокимият мубориза мебарад. Ин мубориза на танҳо сиёсист, балки идеологӣ — ҷаҳонбинӣ мебошад. Он ҳамарӯза дар ҳолати афзоиш қарор дошта, фазои ҷаҳонбинии аҳолиро на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки аз он берун (муҳоҷирони меҳнатӣ) фаро гирифтааст.
Ҷузъи муҳим ва таркибии ин мубориза дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ва дигар воситаҳои ахбори омма ба амал меояд, ки дар он намояндагони ҲНИТ ва дигар исломгароён ба таври фаъол ҳукумати кишварро танқид намуда, ҳамчун алтернатива худ ва дигар гурӯҳҳои шабеҳи исломиро пешниҳод менамоянд. Аз ҷониби онҳо саҳифаҳои сахт ва хунин дар бораи ҷанги шаҳрвандии чанде пеш дар ин кишвар бавуқӯъомада, ки дар он исломгароён чеҳраи ҳақиқии худро ба тамоми ҷаҳониён нишон доданд, қасдан хат задаву аз нав навишта мешавад. Намояндагони ҲНИТ-ро, ки даъвои пешбурди арзишҳои либералӣ ва демократияро дар кишвар доранд, дар созмонҳои гуногуни байналмилалӣ қабул ва гӯш мекунанд. Ин нуфузи ҲНИТ-ро боло бурда, имиҷи пешрафтаи ин ташкилоти ҷангандаи исломиро, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ усули ягонаи ба сари қудрат омаданро дар муборизаи мусаллаҳона медид, месозад. Мақсади ин мубориза сохтани давлати исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон буд. Имрӯз ин ҷанги идеологии ҷаҳонбиниро дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет ва дигар ВАО ҲНИТ ва ин қабил ташкилотҳои исломӣ бурда истодаанд, вале ҳанӯз ҳам дер нашудааст. Ҳанӯз шанси таърихӣ вуҷуд дорад, имконияти ислоҳи ин вазъият фароҳам аст. Ҳамон усули қадимӣ ва солҳо озмудашуда ба мо кумак мекунад: бояд ба таври ҷиддӣ ва дуру дароз ба илму маориф машғул шуд. Бояд дар саросари кишвар сатҳи таҳсилоти умумиро баланд бардошт. Сатҳи қаблии (шӯравӣ) илмҳои таълимиро бояд барқарор сохт. Барои ин чӣ бояд кард? Дар ин ҷо ба таври муфассал ба таҳлили вазъияти имрӯза ва машварат додани ҳукуматҳо намепардозем. Ҳамаи инро мумкин аст дар таърихи шӯравии ҷумҳурӣ мутолиа намуд, механизмҳои иҷрои ин вазифаҳо маълум аст, танҳо зикр кардан зарур аст, ки маҳз маориф ва илм қодир аст тафаккури дунявӣ ва ҷаҳонбинии илмиро ташаккул диҳад ва бояд дар мубориза бар зидди исломишавии ҷомеа ва сиёсишавии ислом афзалият дошта бошад.
Акнун ба он чизе, ки оғоз карда будем, бармегардем, яъне фаъолияти баъзе институтҳои таҳсилотии риштаи гуманитарии Тоҷикистонро баррасӣ мекунем. Ҳамчун мисол, тавре ки зикр гардида буд, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамоем. Барои пуррагии тасвир баъзе корҳои илмӣ, аз ҷумла рисолаҳои илмӣ ва муаллифони онҳоро, ки солҳои охир ҳимоя кардаанд, номбар мекунем. Дар ин ҷо ба таври муфассал онҳоро таҳлилу баррасӣ намекунем, зеро худи номи рисолаҳои мазкур гӯёи мазмуну муҳтавои самти илмии онҳост.
1. Нодир Одилов- корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори асосии ӯ ба тасаввуфи замонавӣ бахшида шуда, «Фазои идеологии Гюлен» ном дорад, ки дар соли 2010 ба чоп расидааст. Фатҳулло Гюлен – адиб ва мутафаккири динии турк дар рисолаи мазкур то ҳадди таблиғгари асосии тасаввуфи замонавӣ васф шудааст. Ҳол он ки худи Гюлен худро ҳеҷ гоҳ пайрави тасаввуф ном набурдааст. Ҳамчунин Одилов дар ин мавзӯъ кори дигареро низ таҳти унвони «На ғарбиям, на шарқиям» анҷом додааст, ки дар охирин китоби маҷмӯаи корҳои илмии файласуфҳои ҷумҳурӣ бо номи «Ҳикмати таҳаммул» нашр шудааст.
2. Маҳмадҷонова Муҳиба – корманди институт рисолаи докториро дар мавзӯи «Таълимоти динӣ-фалсафии Ҷалолиддини Румӣ» ҳимоя намудааст. Ҳамчунин таҳқиқи эҷодиёти ҳамон Гюлен низ ба ӯ тааллуқ дорад, ки дар он муаллиф Гюленро бо файласуфи даниягӣ — Серен Кйеркегор муқоиса намудааст (кори мазкур низ дар маҷмӯаи дар боло зикргардида нашр шудааст).
3. Олимов Кароматулло – академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди институт рисолаи доктории ӯ ба андешаҳои динӣ-фалсафии намояндаи машҳури тасаввуф — Саноӣ бахшида шудааст. Ин академик ҳамчунин дар мавзӯи Гюлен мақолае таҳия намудааст, ки дар маҷмӯаи мазкур интишор шудааст. Он «Фатҳулло Гюлен – роҷеъ ба моҳият ва вазифаи инсон» ном дорад.
4. Сайфуллоев Неъматулло — омӯзгори маъруфи мантиқ, корманди институт дар ҳамон маҷмӯа рисолаи худро бо номи «Инсон аз нигоҳи Фатҳулло Гюлен» ба чоп расонидааст.
5. Содиқова Насиба Нуруллоевна- доктори илмҳои фалсафа, муовини директори институт рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Фалсафаи Мирзо Абдулқодири Бедил» ҳимоя кардааст. Ҳамчунин яке аз пайравони намоёни тасаввуф ба шумор меравад. Ӯ низ дар маҷмӯаи «Ҳикмати таҳаммул» мақолаеро таҳти унвони «Фатҳулло Гюлен ва мақоми инсон дар замони муосир» чоп кардааст.
6. Шамолов Абдувоҳид Абдуллоевич – директори институт рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Назарияи фалсафӣ-теологии Ғаззолӣ»ҳимоя кардааст. Ғаззолӣ низ намояндаи машҳури тасаввуф ба шумор меравад. Дар ҳамон маҷмӯа мақолаеро таҳти унвони «Гюлен ва одоби хушунатпарҳезӣ» таҳия намудааст.
7. Назаров Рустам – декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа: рисолаи доктории худро ба даврони «Маърифат» бахшида, мақолаеро бо номи «Фалсафаи маорифи Фатҳуллоҳ Гюлен» дар маҷмӯаи мазкур интишор намудааст. Ин гуфтаҳоро минбаъд аз рӯи номгӯй идома додан мумкин аст.
Рисолаҳои илмии кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба мавзӯъҳои динӣ, аниқтараш ба як мавзӯи динӣ, яъне тасаввуф бахшида шудааст. Ҳамчунин интишороти илмии бештари кормандони институт, мутобиқи охирин маҷмӯаи ба чопрасида ба як мавзӯъ — мавзӯи Гюлен бахшида шудааст. Рисолаҳое, ки дар мавзӯи тасаввуф, яъне ислом навишта шудаанд, корҳои илмие мебошанд, ки ба ходими динии турк бахшида шудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки институт маркази тадқиқоти исломӣ буда, дар он ҷо олимон ба тадқиқу баррасии Гюлен ва тасаввуф машғуланд. Ё институт ба номи Гюлен гузошта шавад? Пас илм куҷо мешавад? Дар ин ҷо илми фалсафии дунявиро чӣ гуна пайдо кунем? Атеизми илмӣ куҷо шуд? Мактабҳои фалсафии аврупоӣ ва амрикоӣ куҷо гум шуданд? Мактаби ҷомеашиносӣ куҷо шуд? Файласуфони дунявӣ куҷо шуданд? Имрӯз шуури дунявӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик чӣ гуна ташаккул меёбад? Дар куҷо, чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ ҷаҳонбинии илмӣ ташаккул меёбад? Кӣ имрӯз дар мавзӯъҳои дунявӣ корҳои илмии фалсафӣ анҷом медиҳад? Кӣ мактабҳои фалсафиро таҳқиқу баррасӣ хоҳад кард? Кӣ ба муқобили исломгароӣ шудани ҷомеаи тоҷик мубориза хоҳад бурд? Кӣ пеши роҳи баландшавии суръати раванди сиёсишавии исломро мегирад? Пас, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чӣ кор машғул аст? Оё мансабдорони ин муассиса аз асли воқеа хабар доранд? Оё онҳо корҳои илмии олимони мазкурро хондаанд? Чӣ касе ба иттилоъ додани ҳолатҳои динӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳокимияти олӣ (президентӣ), иҷроия, қонунгузор ва судии ҷумҳурӣ машғул аст? Кӣ вазъи низоми таҳсилоти умумӣ ва улуми академикиро дар кишвар назорат мекунад? Дар дигар институтҳои академикии ҷумҳурӣ вазъ чӣ гуна аст? Оё воридшавии тасаввуф ва ислом дар он ҷойҳо низ ҷой дорад?
Тавре ки аз навиштаҳои шоирони имрӯза бармеояд, тасаввуф ва ислом дар ҳама ҷо нуфуз пайдо кардааст. Вақте ки шоири муосири тоҷик шеърашро бо мазмуни тасаввуфӣ навишта, ин «эҷодаш»-ро дар сомонаҳое, чун «Фейсбук», «Одноклассники», «В контакте» ва ғайраҳо ҷой медиҳад, ҳазорон ҳазор ҷавобҳои мусбат («лайк»)-и тарафдоронашро мегирад. Баъди қироати ин қабил ашъор муаллиф ба хулосае омадааст, ки мақолаи навбатии худро дар ҳамин мавзӯъ таҳти унвони «Эҳёи тасаввуф дар адабиёти тоҷик дар солҳои собиқ шӯравӣ» таҳия намояд. Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ба чӣ кор машғул аст? Оё ин даргоҳ дорои чанд тан аз шоирон-сӯфиён бошад? Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ вазъе қарор дорад? Чаро онҳо бар зидди ҳамлаи тасаввуф ба адабиёт мубориза намебаранд? Чаро файласуфони муосири тоҷик ба ислом «хидмати хирсона» мекунанд? Тавре ки ба назар мерасад, чунин файласуфони академикӣ метавонанд ҳамчун ходими динии маълумотнок дар дилхоҳ масҷиди ҷумҳурӣ фаъолият намоянд. Шояд ҳамаи онҳоро ба масҷидҳо фиристода, ба ҷояшон ҷавонони маълумотноки навро интихоб кунанд? Саволҳои бешуморе ба миён меоянд, ки бештари онон беҷавобанд. Дар ин ёддошти ноумедӣ мо мехостем корро ба сомон расонем, вале дар ҳамин шабу рӯз аз мавҷудияти маркази нави илмие иттилоъ ёфтем, ки ба баъзе мушкилоти дар боло зикргардида машғул будааст. Ин иқдом, албатта, боиси хушнудист. Инак, маълумоти мухтасар дар бораи маркази мазкур, ки шояд дар рӯзҳои наздик баъзе самтҳои фаъолияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқро тағйир диҳад.
Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2014 дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Он дар асоси мактаби фалсафии Комил Бекзода, ки ҳанӯз соли 1993 дар доираи ҳамон Институти фалсафа асос ёфта буд, таъсис ёфтааст. Маркази мазкур дар тафовут бо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ бештар ба масъалаҳои фалсафаи дунявӣ машғул буда, самтҳои гуногуни ин илмро дар тамоми ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор додааст. Вазифаи асосии Марказ ин мубориза баҳри ташаккули шуури дунявӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик мебошад. Барои иҷрои муваффақонаи ин вазифаи асосӣ кормандони Марказ ба мубориза бар зидди исломишавии ҷомеаи муосири тоҷик бархостаанд. Онҳо ҳамчунин раванди сиёсишавии ислом дар ҷумҳуриро низ мавриди омӯзиш қарор додаанд. Дар рафти ин мубориза онҳо шояд бо мухолифоне, ки қавитар аз исломгароёнанд, низ рӯ ба рӯ шаванд. Инҳо олимоне мебошанд, ки ошкоро ё ба таври ниҳонӣ аз ислом пуштибонӣ мекунанд, баъзеи онҳо дар сафи онҳо, дар ҳамон академия кору фаъолият мекунанд. Бинобар ин, хатари дар ҷойи кор ба зарбаи ниҳонӣ рӯ ба рӯ шудан низ вуҷуд дорад. Хуб, танҳо ҳамин боқӣ мемонад, ки ба онҳо дар ин кори сахту хатарнок орзуи муваффақият намуда, бо ин ёддошти некбинона кори худро ба анҷом расонем. Вале тадқиқоти ин ва дигар мавзӯъҳои марбут ба мушкилоти ҷомеаи муосири Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
Р.С.Бобохонов, ходими калони илмии Маркази тадқиқоти тамаддун ва минтақавии Институти Африқои Академияи илмҳои Федератсияи Россия